Инсон бародари инсон аст!

Инсон ба талаби табиати хеш пайваста дар кӯшиш ва ташо аст ва усулан башари бефаъолият аз қатори инсонҳо хориҷ аст.

Аз қадимтарин замонҳо инсон барои таъмини зиндагии хеш ва таҳияи мӯҳоҷоти худ кор мекардааст. Бо ин тафовут, ки кори ӯ комилан ҷанбаи фардӣ дошт, зеро иҷтимооти қадим пайвастагӣ ва ба ҳамбастагии имрӯзро надошт ва ҳар як аз афроди инсонӣ сирфан барои намурдан талош меварзид.

Аз пӯсти ҳайвонот барои хеш либос таҳия мекард ва аз гӯшти онҳо садди гуруснагӣ менамуд. Қарнҳо аз он сол мегузарад ва инсон дар роҳи такомули хеш гом гирифт, кор кард ва андешаҳояшро масруфи дониш ва камол кард, то билохира ба остонаи тараққиёт ва шигифтиҳои имрӯзии хеш авҷ гирифт. Маҳз бародарии инсон бо инсон буд, ки ӯро аз марг наҷот дод, аз ҳалокатҳо наҷот дод. Бародарии инсон буд, ки он ба қуллаҳои баланди фатҳу зафарҳо ноил гардид.

Аммо ногузир аз тавзеҳи ин нуқта ҳастам, ки бояд маънии бародарии инсонро бо инсон дарк кунем. Шояд иддае бародарии инсонро бо инсон фақат дар кӯмак карданҳо бидонанд. Ҳол он ки мафҳуми бародарии инсон бо инсон бамаротиб васеътар аз кӯмак кардан ба ҳамдигар аст. Бародарии инсон бо инсон дар мафҳуми васеи худ шомили ҳар талош ва ҷунбаиш аст, ки инсон ба манзури беҳтар зистан ва дарки рамузи табиат анҷом медиҳад, хоҳ кӯшиши баданӣ ва ҷисмонӣ бошад, ё фаъолияти рӯҳӣ ва фикрӣ. Аз ин рӯ, инсон, агар фаъолият ва ҷунбиш надошта бошад ва барои беҳтар зистан накӯшад, чун обе аст, ки ба зудӣ хоҳад вайрон гардид. Ин қабил аз инсонро бояд мурдаҳои мӯҳтарик донист. Ингуна инсонҳо инсонҳоянд, ки моҳияти инсонии худро гум кардаанд. Онҳо зоҳиран ба инсон шабоҳат доранду халос. Амалан онҳо даррандае мебошанд, ки инсониро тӯъмаи худ кардаанд. Кӣ намедонад воқеаи Беслану Маркази ҷаҳонии савдоро, кӣ намедонад таркишҳоро дар Москваю Испания, кӣ намедонад амалиётҳои ҷангиро дар Авғонистону Ироқ, кӣ намедонад одамрабоиҳоро дар Африқову ҷаҳони муосир. Магар ин ҳама аз камоли инсонист? Магар ин ҳама ҳиссиёти бародарии инсон бо инсон аст?

Инсон бе пайкор чӣ фарқе бо ҳайвонот дорад? Ҳеҷ ва балки ҳайвонотро бар чунин башаре мазият аст. Инҳо хӯраи ҷомеаанд ва мазоҳими саодати мардум, чӣ дар бархӯрд бо дигарон ҳамеша дам аз яъс ва ноумедӣ мезананд, аз шикастҳояшон мегӯянд ва ҳасрати зиндагии дигаронро мехӯранд. Ба инҳо бояд гуфт, ки:

Бирав, шерри дарранда бош, эй дағал,

Маяндоз худро чу рӯбоҳи шал.

Як нигоҳи маърифатомез бо зоҳири табиат беҳтарин муаллим ва мураббии ҷавонони пуршӯр ва фардоталаб аст. Ҳеҷ чизе, ҳеҷ мавҷуде дар дунё орому бефаъолият нест, бераҳму шафқат нест. Ҳатто ҳайвонот, ҳар кадом ба таносуби ҷуссаи хеш, дар талошу кӯшиш барои беҳтар зистан ҳастанд. Дарахтҳо низ, ҳаргиз дар ҳолати сукути мутлақ ба сар набурда, дар ҷунбишу ҳаракатанд. Ва билохира ба ин натиҷа мерасем, ки зиндагӣ ба ҳаракат ва ҷунбиш, пуштикор ва раҳму шафқат табдил меёбад. Бинобар ин бояд, ки дар талош бошем ва аз кӯчактарин лаҳзаи зиндагӣ барои фардои тиллоӣ ва орзуи худ пояҳо бино кунем, то қасри хушбахтиамон маҳкам ва устувор пайрезӣ шавад. Эътиқод дошта бошем, ки зиндагӣ мисли як тоблуни наққошӣ аст ва ҳар ки бештар талош кунад, нақши зеботар ангезад, яъне хушбахттар зияд. Мӯъмин бошем, ки ин дастҳои тавоно ва андешаи бузурги мо аст, ки созандаи калиди дари хушбахтӣ аст.


1.19K
Нет комментариев. Ваш будет первым!