Симои занон дар эҷодиёти Абулқосим Лоҳутӣ

Нақша:

Муқаддима

1.Маълумоти мухтасар дар бораи шоир

2.Симои зан дар ашъори шоир

Хулоса

Абулқосим Лоҳутӣ баробари устод Айнӣ дар таърихи адабиёти давраи нави тоҷик мақому мартабаи босазо ва арзишманде дорад. Лохутӣ бо асарҳои гуногунғояи хеш ба назму насри нави тоҷик рӯҳу илҳоми тоза бахшидааст. Тавре устод Мирзо Турсунзода дар ҳаққи Лоҳутӣ гуфтаанд: «Лоҳутӣ шоири муборизи роҳи озодӣ буд ва то нафаси охирин чун мубориз зиндагӣ кард».

Мероси адабии шоир гуногунранг буда, тамоми мавзӯъҳои ҳаётиро фаро гирифтааст. Яке аз мавзӯъҳое, ки дар эҷодиёти шоир мақоми хоса дорад, ин ашъори ба занҳо бахшидаи шоир мебошад. Қайд кардан зарур аст, ки масъалаи зан ва озодии он дар адабиёти ибтидои асри ХХ-и Эрон вобаста ба ҳаракати миллии озодихоҳӣ ба вуҷуд омадааст, ки дар он нақши таърихии зан эҳсос карда мешавад. Ба мавзӯи зан, Лоҳутӣ танҳо баъди солҳои 1909-1910 дахл намудааст. Симои занону модарони фидокору мазлумаро шоир то ин дам тасвир менамуд. Вале дар ибтидои соли 1917 Лоҳутӣ дар шеърҳои худ занонро ба тарки чодар даъват менамояд:

Бо ин ки дар шароити хубон ҳиҷоб нест,

Ёри маро барои чӣ шарм аз ниқоб нест?

Лоҳути дар эҷодиёти худ мақому мартаба, вазифаи дар ҷамъият доштаи онҳоро возеҳу равшан муайян намудааст. Дар шеъре, ки «Ба духтари Эрон» бахшидааст, масъалаи зан ва озодии он хеле хуб таҳлил шудааст. Бемаърифатии занони машриқзаминро, ки ҷамъияти феодалӣ ба сари онҳо оварда буд, танқид намуда, онҳоро ба омӯхтани илмҳои дунявӣ даъват менамояд:

Андар ин даври тамаддун, санамо, лоиқ нест,

Дилбаре чун ту зи ороиши дониш ба канор.

Абулқосим Лоҳутӣ чунин фикру андешаҳои маорифпарваронаи худро на танҳо ба занони Эрон, балки ба занони тоҷик низ тарғибу ташвиқ намуда, онҳоро ба ин роҳ ҳидоят мекунад:

Тоҷикистон шуд мунаввар, то ту гаштӣ бе ниқоб,

Оламе равшан шавад, чун маҳ барояд аз саҳоб.

Орзуву умеди шоир доир ба ин масъала, яъне озодии занон дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷомаи амал пӯшида буд. Зеро дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи замони шӯравӣ чунин масъала дар ҳаёт татбиқ шуда, ҳаллу фасли худро ёфта буд. Ба қавли шоир зан бояд аз ҳама ҳуқуқҳои инсонӣ бархӯрдор бошад. Шоир ба онҳо дар баробари ҳуқуқҳои сиёсию иҷтимоӣ, озодии сухан, виҷдон, ҳамчунин ҳуқуқи озодии меҳнат ва ҳуқуқи аз худ намудани илму маърифати дунёиро низ тарғиб намудааст:

Офарин бар фирқае, к-аз парда озодат намуд,

Ҳайф буд, к-ин ҳусни оламгир монад дар ҳиҷоб.

Лоҳутӣ озодии занони тоҷикро нисбат ба занони Эрон муқоиса намуда, аҳамияти ибратбахш доштани озодии занони тоҷикро дар эҷодиёти худ инъикос намудааст. Шоир то замони инқилоб нодонии занони машриқзаминро нисбат ба занони ботамаддуни Ғарб дар муқоиса нишон дода бошад, баъд аз ин дар ашъори худ озодии занони Шарқи Шӯравиро бо занони маҳкумшудаи Шарқи хориҷӣ, яъне бо занони Эрон тасвир намудааст. Аз сабаби он ки занону духтарон дар ҷамъияти қафомондаи феодалӣ аз илму маърифат ва омӯзиши он маҳрум будаанд, масъалаи саводноккунии занҳоро дар ашъори худ талқин мекунад:

Мо гавҳари несли порсиро конем,

Мо коргари тарбияти инсонем.

Ғафлат манамоед зи омӯзиши мо,

Мо модари ояндаи тоҷиконем,

Қисми дигари мавзӯи озодии занон ба ҳаёту фаъолияти озодонаи занони Шарқи шӯравӣ бахшида шудааст. Шоир баробарҳуқуқии онҳоро дар меҳнат, дар корҳои идоракунии ҳукуматӣ таъкид менамояд. Лоҳутӣ озодии занҳоро дар ҷамъияти мо маҳсули муборизаи шадиди инқилобчиён медонад:

Озодии занҳо, ки дар Тоҷикистон аст,

Маҳсули муборизаи болшевикон аст.

Дар ҳақиқат, имрӯз бояд озодии занон ҳам аз нигоҳи қонунгузориҳои давлатӣ ва ҳам аз нигоҳи шариати исломӣ эътироф карда шавад.

458
Нет комментариев. Ваш будет первым!