Ҷавобгарии маъмурӣ
Ҷавобгари маъмурӣ дар баробари ҷавобгарии ҷиноятӣ, гражданӣ ва интизомӣ яке аз намуди ҷавобгариҳои ҳуқуқӣ мебошад. Мувофиқи моддаи 22 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷавобгарии маъмурӣ як намуди ҷавобгарии ҳуқуқи буда, барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳаққи шахси воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ аз ҷониби судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) татбиқ карда мешавад.
Ҷавобгари маъмуриро бо чунин хусусиятҳояш аз дигар намуди ҷавобгариҳо фарқ кардан мумкин аст:
1) Ҷавобгари маъмурӣ бо меъёрҳои маъмурӣ муқаррар карда мешавад, ки аз қонунҳо ва санадҳои зерқонуни иборатанд.
2) Асоси ҷавобгарии маъмуриро ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ташкил медиҳад.
3) Субъекти ҷавобгари маъмурӣ шахсони воқеӣ, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ мебошанд.
4) Барои ҳуқуқвайронкунии маъмури, ҷавобгарии маъмурӣ дар шакли ҷазои маъмурӣ татбиқ карда мешавад.
5) Ҷавобгарии маъмуриро доираи васеъи мақомотҳои ваколатдор ва шахсони мансабдори онҳо, мақомоти иҷроияи маҳалли ва судҳои шаҳри ва ноҳиявӣ татбиқ месозанд.
6) Татбиқи ҷавобгарии муъмурӣ боиси доғи судӣ ва озоднамои аз кор намешавад.
7) Чораҳои ҷавобгарии маъмурӣ дар асоси қонунгузорӣ дар доираи мурофиаи маъмурӣ татбиқ карда мешаванд.
Агар ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ камаҳамият бошад, судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ менамоянд, метавонанд шахси содирнамудаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро аз ҷавобгарии маъмурӣ озод намуда, бо таъйини огоҳии шифоҳӣ маҳдуд гарданд. Ҳамон ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ камаҳамият дониста мешавад, ки дар натиҷаи он ба шахси воқеӣ ба андозаи то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба шахси ҳуқуқӣ ба андозаи то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо зарари моддӣ расонида шуда бошад.
Шахс ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад, ба шарте ки аз рӯзи содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ се моҳ гузашта бошад. Дар сурати давомнок будани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳисоби мӯҳлати дар боло зикршуда аз рӯзи ошкор шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз мегардад. Ҳангоми рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ, агар дар ҳаракатҳои шахс аломатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавҷуд бошад, дар ин ҳолат ҳисоби мӯҳлати дар боло зикршуда аз рӯзи қабули қарор дар бораи рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ оғоз меёбад. Дар сурати қонеъ гардонидани хоҳишномаи шахсе, ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳаққи ӯ баррасӣ мешавад, дар хусуси баррасии парванда дар ҷойи зисти ӯ мӯҳлати давом ёфтани ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани шахс аз лаҳзаи қонеъ намудани хоҳишнома то лаҳзаи воридшавии маводи парванда ба судя, мақомоти давлатӣ ва ё шахси мансабдоре, ки барои баррасии парванда дар ҷойи зисти он шахс ваколатдор мебошанд, боздошта мешавад.
Ҷазои маъмурӣ. Ҷазои маъмурӣ чораи маҷбуркунии давлатӣ буда, аз ҷониби судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) нисбат ба шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ карда мешавад.
Ҷазои маъмурӣ бо мақсади дар рӯҳияи риояи бечунучарои қонунҳо тарбия кардани шахси содиркунандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунии нави маъмурӣ ҳам аз ҷониби худи ҳуқуқвайронкунанда ва ҳам аз тарафи шахсони дигар татбиқ карда мешавад. Ҷазои маъмурӣ наметавонад ба мақсади таҳқири шаъну эътибори шахси содиркунандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, расонидани ранҷу озори ҷисмонӣ ё рӯҳӣ, тарсонидан, ҳама гуна табъиз ё таҳқири шаъну эътибори инсонии шахси воқеӣ ва ё расонидани зарар ба шӯҳрату эътибори кории шахси ҳуқуқии содирнамудаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ истифода гардад. Дар моддаи 36 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин намудҳои ҷазои маъмурӣ пешбини шудаанд: огоҳӣ; ҷаримаи маъмурӣ; боздошти маъмурии амали иҷозатнома барои машғул шудан ба намудҳои муайяни фаъолият; маҳрум кардан аз иҷозатнома барои машғул шудан ба намудҳои муайяни фаъолият; маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус; боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият; бо подош ситонидани ашёе, ки олоти содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад; мусодираи ашёе, ки олоти содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад; бо роҳи маъмурӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд; ҳабси маъмурӣ.
Ҷазои маъмурӣ на дертар аз се моҳи содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дар ҳолатҳои давомнок будани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз рӯзи ошкор шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ карда мешавад. Ҷазои маъмурӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар доираи муқаррароти Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмури таъйин карда мешавад. Ҳангоми таъйин намудани ҷазои маъмурӣ ба шахси воқеӣ хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамудаи ӯ, шахсияти гунаҳгор, вазъи молумулкиаш, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмурӣ ба инобат гирифта мешаванд. Ҳангоми таъйин намудани ҷазои маъмурӣ ба шахси мансабдор хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамудаи ӯ, шахсияти гунаҳгор, вазъи молумулкӣ ва мавқеи хизматӣ, ҳолатҳои сабуккунанда, вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмурӣ ба инобат гирифта мешаванд. Ҳангоми таъйин намудани ҷазои маъмурӣ ба шахси ҳуқуқӣ хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамудаи ӯ, вазъи молумулкӣ ва молиявии шахси ҳуқуқӣ, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмурӣ ба инобат гирифта мешаванд.
Таъмини реҷаи қонуният дар идоракунии давлатӣ. Мувофиқи банди 2 моддаи 10 Конститутсия давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд, ва дар асоси банди 1 ҳамин модда Қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд эътибори ҳуқуқи надоранд. Риояи Конститутсия ва қонунҳо инчунин дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ, ки дар асоси қонунгузори қабулшудаанд мазмнун ва моҳияти қонуниятро ифода мекунад. Қонуният дар идоракуни давлати чунин хусусиятҳо дорад.
1) Умуми ва ҳатмигии қонун барои шаҳрвандон, корхона, муассиса, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор новобаста аз вазъи ҳуқуқиашон, волояти қонун, қувваи олии ҳуқуқии онро ифода мекунад.
2) Ягонагии қонун, ки якхелфаҳми ва иҷроиши якхелеро дар тамоми ҳудуд ифода мекунад.
3) Иҷозат надодан ба муқобилгузори қонун бо санадҳои дигари меъёри ки бо ягон мақсади муайян қабул шудаанд.
4) Иҷроиши қонун дар идоракунии давлатӣ ва амлисозии ҳокимияти иҷроия бояд ба ҳақиқат наздик бошад.
5) Қонуният дар идоракунии давлати ҳама вақт риоя мешавад, ки вайрон кардани қонун боиси ҷавобгарӣ ё дигар чораҳои аз ҷониби давлат татбиқшаванда гардад.
Қонуният дар идоракунии давлатӣ бо ду тарз, контрол ва назорат таъмин карда мешавад.
Моҳияти контрол аз болои фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроия дар он ифода меёбад, ки мақомотҳои ба он ваколатдор ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз тамоми воситаҳои ташкилию ҳуқуқи истифода карда муайян мекунанд, ки дар фаъолияти мақомотҳои зерконтролии ҳокимияти иҷроия ва шахсони мансабдори онҳо ба ягон вайронкунии қонун роҳ дода нашавад ва агар чунин вайронкунии ҷойдошта бошад, сари вақт он бартараф карда шавад, ва шахсони гунаҳкор ба ҷавобгари кашида шаванд. Контрол ҳамчун тарзи таъмини қонуният нишонаҳои зерин дорад.
1) Байни мақомот шахси мансабдори контролкунанда ва объекти контролшаванда дар бисёр ҳолатҳо муносибатҳои ба ҳам тобеияти дида мешаванд.
2) Объекти контролро қонуният ва мақсаднокии фаъолияти контролшаванда ташкил медиҳад, ки контролкунанда метавонад ба фаъолияти вай таъсир расонад.
3) Контролкунанда дар ҳолатҳои зарури чораҳои ҷавобгариро нисбати контролшаванда татбиқ менамояд.
4) Контрол дар шаклҳои гуногун амали карда мешавад (шунидани ҳисобот, тафтиши ҳуҷатҳо, гузаронидани экспертиза ва ғайра).
Назорат ҳамчун тарзи таъмини қонуният дар фаъолияти маққомотҳои ҳокимияти иҷроия аз контрол фарқ мекунад. Назорат дар доими ва бо низоми фаъолияти мақомотҳои махсуси давлатӣ аз болои фаъолияти мақомот ва шахсони мансабдоре ифода меёбад, ки ба тобеияти ташкили ҳуқуқи онҳо дохил намешаванд ва ба мақсади муайянкунии вайронкунии қонун гузаронида мешавад. Ҳангоми назорат ба фаъолияти ташкили ва маъмурию-хоҷагии назоратшаванда дахолат кардан иҷозат дода намешавад. Назорат ба ду намуд тақсим мешавад: назорати прокурорӣ ва назорати маъмурӣ.