Зан – модар (иншо)
Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,
Ҳарчӣ доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.
Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,
Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.
Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳомӣ аз андалебро қатра – қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.
Зан-модар шахси муқаддас аст. Вақте ки симои ӯ пеши назар меояд, аз чашмони ӯ, аз тамоми ҳастии вай нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад. Зан-модар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистоне мекунад. Ширинтарину гуворотарин ва азизтарин сухан ин Модар мебошад.
Модар! Зимни ин панҷ ҳарф чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву муҷассамаи хоксорӣ ниҳон аст. Дар олам муқаддастар аз модар мавҷудоте нест. Оре, тамоми ҳастии вуҷуди мо аз модар аст, маҳз бо туфайли ҷонкоҳонии модар мо ба дунё омада, одам ном гирифтем. Аз ин ҷост, ки мо ӯро муқаддас мешуморему дар лахзаҳои душвортарин номашро ба забон мегирему мегӯем: Модар! Модарҷон! Меҳру муҳаббати самимии модар ва шабзиндадориҳои модар – ин ҳамаро бо ҳеҷ чиз баробар натавон кард. Модар ҳаст, ки мо ҳастем. Кист он касе, ки суруди «алла»-и модарро нашунида бошад, аз шири сафеди ӯ баҳра наёфта бошад. Модар! Ту чашмаи ҳаёти инсон ҳастӣ ва ҳаёти инсон ба ту вобаста аст. Калимаи МОДАР калимае мебошад, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон як хел оҳанги навозишкорона дорад. Синни инсон чанде ки набошад, хоҳ 5, хоҳ 50, барои ӯ модар – навозишу нигоҳи вай зарур аст. Ва ҳар қадаре, ки муҳаббати кас ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фарахбахшу дурахшон аст. Модар! Бе ту ҳеҷ баҳоре зебо ва ҳеҷ тирамоҳе пурфайз нахоҳад буд. Файзи зиндагонии мо аз туст. Ту ситораи дурахшоне ҳастӣ, ки роҳи фарзандатро равшан месозӣ.
Модарам ту ягона вуҷудаму рафиқам, эҳсону дастгирам дар парешонҳолию шарикам дар ғаму андӯҳ, лаззатам дар ҳаёту роҳатам дар мамот, ту табассуми ҳаётбахши сари гаҳвораю суруди ҷаҳонгири саҳаргоҳам. Ту худ ҷон ба каф гирифта, маро ба дунё овардӣ, ҳаммаслаки ситораҳо гардида, дар сари гаҳвораам бо хоби ширин даст ба гиребон шудӣ, бо чашмони хастаат бониям кардию бо дили афсурдаат ҳимояам.
Модар-зан аст. Зан бошад, олиҳаи ҳусну малоҳат. Адибону олимон ва бузургони дунё дар васфи зан-модар бисёр суханҳои меҳрбор гуфтаанд.
Ҳамаи ашёи олам зебост, аммо модар аз тамоми мавҷудоти олам зеботару волотар аст. Хушбахтона имрӯз соҳае нест, ки дар онҳо занҳо кор накунанд ва дар ҷамъияти имрӯза занҳо дар баробари мардҳо истода кору меҳнат мекунанду мамлакат аз дасти онҳо гул мекунад.
Ҳамаи касбҳо хубанд, лекин аз ҳамааш ҳам касби омӯзгориро меписандам, зеро дар оилаи омӯзгор ба дунё омадаам.
Омӯзгор! Барои тасвири симои ботинӣ ва зоҳирии соҳиби ин касб қалами ҳеҷ суханвар ва ҳеҷ рассом қудрат надорад, зеро дар чеҳраи омӯзгор хатҳои ноаёне мавҷуданд, ки муҳаббати ӯ нисбат ба касбу хонанда ва Ватан акс ёфтаанд. Омӯзгорро чунин сифат мекунанд: Устод, ошиқи касби хеш буда, маънии ҳаёташ хизмат ба мардум аст. Ӯ шахсест, дилсӯзу меҳрубон ва ҳақиқатгӯву заҳматкаш мебошад.