Ифтихори миллӣ
Тоҷикистон, Тоҷикистон,
Мекунам шукри каму бисёри ту.
Мекунам шукрона аз озарму озори ту,
Аз ту ман сарват намехоҳам.
Ватан ҳастӣ, бас аст,
Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст.
Эй кишвари умеди орзуҳоям, Тоҷикистон! Эй сарзамини дилситонам! Бе туву бе ёди ту нахоҳам зист, зеро ту бароям баҳори бехазонӣ, бароям баҳори шукуфонӣ, бароям нури чашму қувваи танӣ. Ту ифтихори миллии манӣ. Чашмаи ноби илҳоми манӣ, муттаҳидкунандаи тамоми тоҷикони ҷаҳонӣ. Магар мо ҳақ надорем аз ту ифтихор дошта бошем? Магар мо ҳақ надорем аз ту паноҳ дошта бошем? Магар ту нестӣ мо ифтихор аз миллат дорем, ифтихор аз ҳувият дорем, ифтихор аз ваҳдат дорем, ифтихор аз давлату давлтдорӣ дорем.
Тоҷикистон! Ҳар пораи сангат, ки порае аз туст, бароям азиз аст. Рӯди равонат ба ман рози дил мегӯяду мурғони хушилҳонат бароям таронаи зиндагӣ мехонад. Ҳар қатраи обат барои ман оби ҳаёт аст ва ниҳоят ҳар зарраи хокат бароям азизу муқаддас аст. Соати танҳоӣ ба сӯйи кӯҳсорат мераваму ҳар сангатро ба даст мегирам, сангеро, ки бистару болини нармро ба ёд меорад. Бо сангҳоят гуфтугӯ мекунам, имдод металабам. Санг ба забон омада мегӯяд. «Эй фарзанд, ғам махӯр. Ватани ту манам роздон ва чун модар ғамхори ту». Ба ваҷд омада сангро гирифта ба чашм мемолам. Шамолаке ба димоғам расид! Бӯйи Ватан, бӯйи Тоҷикистон. Ба шамол муроҷиат карда мегӯям: «Эй шамол! Ин бӯйи хушро ба чаҳор сӯй бубар, то ҳама ин шамолро фаҳманд, балки фарзандоне, ки дур аз Ватананд атрогин шаванд аз бӯйи Ватан бӯйи Тоҷикистон». Санг боз ба забони ҳол омада мегӯяд: «Эй фарзанд, шамиме, ки ту шамиди бӯйи Ватан аст, бӯйи Ватан». Сангро боз ба оғӯш гирифтам ба такрор мегуфтам, ту барои ман Ватанӣ, Ватан, Ватан. Магар ин ифтихори миллӣ нест?…
Тоҷикистони азизам ганҷҳои бисёри қиматбаҳо ва беқиёсе дорад. Ман ҳоло дар бораи ганҷҳо сухан карданиям – ганҷи маънавию маърифат, илму маънӣ ганҷе, ки болотару волотар аз ҳамаи он ганҷҳост. Ватанамон марзи шеърхезу фазлхез аст. Марзест, ки Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Синову Хаём, Камолу Носири Хисравро ба дунё овардааст. Агар дар бораи табибонаш гап занем, мардони ҳалим шогирдони Бӯалӣ, ки дарди ҳазорон ҳазор одамонро шифо бахшидаанд, пеши назар меояд. Магар ин ифтихор аз миллат нест?…
Чун абармандонро ба ёд меорем, пеши назарамон симое ҷилвагар мешавад симои Исмоили Сомонӣ, ки давлате буньёд кард, ки дар он замон шӯҳравари офоқ шуд. Ё ки бузургмардони санаи бисту сӣ тоҷикро гӯем, кӣ нахондааст «Ёддоштҳо»-ву «Дохунда»-и Айниро, китоби безаволи «Тоҷикон»- и Б. Ғафуровро, кӣ нахондааст шеърҳои ҷаҳонгири Турсунзодаву Лоиқро. Магар ин ифтихор аз миллат нест?…
Тоҷикистон! Шукр мекунам, ки дар оғӯшат ҳастам, оғӯше, ки аз он бӯйи сулҳу ваҳдат, садоқат меояд, осудаҳолона зиндагӣ дорам. Гарди хокат бароям волотару болотар аз симу зар аст, порае аз сангат қимматар аз ҳама қимматбаҳост. Дар ҷаҳон бароям ҳама чиз ишқ, меҳру муҳаббат, дӯстдориву шафқат, бароям кишварӣ, кишвари азизу мӯътабар, муқаддас ва маҳбуб. Магар ин ифтихор аз миллат нест?…
Дар оғӯши Ватани худ, дар кӯчаву паскӯчаҳои он қадам мезанам, хиёбонҳои онро тамошо менамоям, аз бӯйи он қафаси сина пур мекунам, бо худ меболам, меболам аз оне ки дар паҳлӯи Ватан ҳастам, дар паҳлӯи Ватане, ки маро ба оғӯши худ гирифтааст, Ватане, ки маро қуввату илҳоми нав ба нав мебахшад.
Аз Ватани худ ифтихор менамоям. Ифтихор аз он дорам, ки Ватани манро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таклифоту пешниҳодоти сулҳовараш мешиносад. Ифтихор аз он дорам, ки Ватани ман Тоҷикистон ном дорад, Тоҷикистоне, ки мардуми он тоҷ ба сар буда, таърихи бузург дорад, мисли онро таърих ёд надорад. Ифтихор аз он дорам, ки тоҷикаму аз Тоҷикистони азиз ҳастам.