Илмат ба амал чу ёр гардад (иншои озод)

Илмат ба амл чу ёр гардад,

Қадри ту яке ҳазор гардад.

(Низоми Ганҷавӣ)

Дар «Қуръон»-и маҷид аввалин сухане, ки ба инсоният аз ҷониби Худованди бузург гуфта шуд, ин калимаи «бихон» мебошад. Ин ҷой ҳикмате нуҳуфта аст, ки арзишашро бо моли ҷаҳон наметавон бар кашид. Маҳз тавассути хондану омӯхтан пешрафт ба амал меояд. Илму дониш моро ба қуллаҳои баланди мурод мерасонад. Чашми шахси хирадманд ҳақбин мебошад, дӯстро аз душман фарқ мекунад, дар зиндагӣ ба қадри хубиҳо мерасад.

Пайғамбари ислом © фармудаанд: «Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй». Имом Ҳасани Муҷтабо ҳифзи донишро авло шумурдааст: «Донишро фаро гиред ва агар тавони ҳифз карданашро надоред, онро бинависед ва дар хонаҳоятон бигзоред».

Обрӯи мардумон дар илм бошад ва шахси беилм мартабае надорад. Абулқосими Фирдавсӣ ин нуктаро хуб ба қалам медиҳад:

Ба дониш бувад мардро обрӯй,

Ба бедонишӣ то тавонӣ, мапӯй.

Аз нигоҳи шоир шахси донишманду донишомӯз аз дигарон бо рафтору гуфтор фарқ мекунад:

Касе, к-ӯ ба дониш тавонгар бувад,

Зи кирдору гуфтор беҳтар бувад.

Донишро бояд биомӯзем ва шарти асосии он ҳифз кардани он мебошад. Фаромӯшӣ офати илм мебошад:

Ҳар он кас, ки дониш фаромӯш кунад,

Забонро зи гуфтор хомӯш кунад.

(Абулқосими Фирдавсӣ)

Илм бояд дар амал татбиқ гардад, барои пешрафти ҷомеа хизмат кунад, вагарна аҳамияти он аз байн меравад.

Инсоният ҳамеша ба омӯзиш ниёз дорад. Дари дониш бо ҷидду ҷаҳд ва талошҳои пайваста ба рӯйи мо боз мегардад. Абӯшакури Балхӣ беинтиҳо будани роҳи донишро ба дар мисраҳои зер ифода менамояд:

То бад-он ҷо расид дониши ман,

Ки бидонам ҳаме, ки надонам.

Арзиши илм ва ҳурмати соҳибилм ҳеҷ гоҳ паст намегардад:

Аз шукӯҳи подшоҳӣ ҳурмати илм аст беш,

Он ки мири корвон бошад, мутеи раҳбар аст.

(Карими Кошонӣ)


357
Нет комментариев. Ваш будет первым!