Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
(Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ)
Ҷаҳони муосир ниёз ба пешрафти илму техника дорад. Аҳолӣ дар курраи замин то рафт меафзояд, талаботи истеъмолӣ зиёд мегардад. Таъминоти аҳолӣ бо хӯрока ба яке аз масъалаҳои муҳими рӯз табдил ёфта истодааст. Ба замин хатарҳои азим, ба монанди офатҳои табиӣ (тӯфон, обхезӣ, заминларза), гармшавии иқлим, афтиши ҷирмҳои осмонӣ таҳдид менамоянд. Пешрафти илмиву техникӣ дар ин ҷода то андозае моро барои раҳоӣ ёфтан кӯмак мерасонанд.
Машриқзаминро дар гузашта «гаҳвораи илм» мехонданд. Онҳоро ба ҷаҳониён Ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва дигар донишмандон муаррифӣ намудаанд. Кашфиёти ин олимони беҳамтои ҷаҳонӣ ҳазорсолаҳо арзиши худро аз даст намедиҳад.
Дар гузаштаи дур идеяи сохтани ҳавопаймову чархбол ва телевизион дар афсонаҳои мардумии мо акси худро дар шакли «гилеми паррон» ва «оинаи ҷаҳоннамо» ёфта буданд. Ғарбиён бар он ақидаанд, ки идеяи созандагӣ дар мо суръати барқро дорад, вале амали мо чун сангпушт ҳаракат менамояд. Барои ҷомаи амал пӯшидани ин идеяҳо моро лозим меояд, ки илм омӯзем ва ба ҷаҳони муосири техникӣ бипайвандем.
Замоне парвоз намудан, аз ҷойе ба ҷойи дигар садоро интиқол додан дастнорас менамуд. Одамон аз бемориҳои сабук ҷон медоданд. Роҳи яксоатаро моҳҳо тай менамуданд. Дар истеҳсолот қувваи зиёди корӣ истифода мегардид. Ҳоло ин мушкилот ҳама паси сар гаштаанд. Аз ин ҷой бо Амрико мустақиман гуфтугӯ менамоем, бозии футболро тамошо мекунем, тибби муосир дили одамро иваз менамояд, тайёраҳои навтарин дар яксоат то 800 километр роҳ мепаймоянд, кори садҳо нафарро дастгоҳе ба сомон мерасонад. Ҳамаи ин маҳсули омӯзиши илм мебошад. Дастовардҳои илмӣ имкон медиҳанд, ки аз вазъи табии ситораву сайёраҳои системаи офтобӣ огоҳӣ пайдо намоем. Инсоният ба моҳ роҳ ёфт. Сафари кайҳонӣ барои ҳамагон ба нақша гирифта шудааст. Аз ин ҷо дониш, маърифат, илм, фарҳанг, ақл, хирад чароғи равшани олами фонист. Инсон ба василаи он ҳар гуна мушкилотро ҳал менамояд ва ба рӯйи худ дари бахту саодатро мекушояд. Дарки оламу одам, ҳаводиси мухталифи табиат, бадию некӣ, асрори фалак ба андозаи ақли инсон марбут аст. Ҳар қадар кас ба умқи ҳодисот бирасад, ҳамон қадар асрори дигаре зуҳур меёбад. Яъне дар ин олами бекарон ҳазорон асрор нуҳуфтааст, ки ҳар якеро бо заҳмати зиёд кашф мекунанд. Бешубҳа, шахси донишманд бо зӯри хирад дили кӯҳро мешикофад, дар як соат роҳи дарозеро тай мекунад, дар фазо парвоз мекунад. Магар тайёра бофтаи хаёл нест?
Бале, бо мурури замон оинаи ҷаҳоннамо, мӯъҷизаҳои парвозӣ аз олами хаёлот ба воқеият табдил ёфтаанд. Албатта, яку – якбора не, бо гузашти айём, дар натиҷаи донишандӯзӣ ва амал. Инсони донишманд дар гуфтору рафтор низ намуна аст. Ба ин маънӣ Фирдавсии Тӯсӣ гуфта:
Касе, к-ӯ ба дониш тавонгар бувад,
Зи гуфтору кирдор беҳтар бувад.
Пешрафти тамоми ҷабҳаҳои рӯзгор ба дониш вобаста аст. Ақли инсонӣ пайваста бозёфтҳои навро рӯи кор оварда, заҳмати мардумро ба маротиб осон мекунад. Омӯхтан бо амал судманд аст. Яъне дониши назарӣ ҳамон вақт комил аст, агар ба амал созгор гардад:
Илм ба кор судманд бувад,
Илми бекор пойбанд бувад.
Хулоса, нақши илму дониш дар инкишофу рушди саноат, кишоварзӣ, дар кушодани сирру асрори табиату коинот ва ҳал намудани муаммоҳои зиёд ниҳоят бузург аст. Ҷавонони мо бояд ҳамеша дониш андӯзанд, то осудагии ҷомеаро таъмин намоянд. Аз ин рӯ, ҳар сокини Тоҷикистон сарфи назар аз ихтисосу синну сол вазифадор аст, ки барои фурӯзон намудани чароғи ақл пайваста омӯзад. Тақозои ҷаҳони мутамаддин моро водор менамояд, ки сатҳи илму донишамонро боз ҳам тақвият бахшем. Байти пурмаънии Низоми Гаҷавӣ раҳнамои фардои дурахшони мост:
Дониш талабу бузургӣ омӯз,
То беҳ нигаранд, рӯзат аз рӯз.