Романи «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро»-и Ҷалол Икромӣ

Нақша:

Ҳаёти мухтасари шоир

  1. Мазмуни асосии роман
  2. Образи занҳо дар роман

Хулоса

Ҷалол Икромӣ аз зумраи он нависандагоне будааст, ки ҳангоми таҳсил дар Дорулмуаллимин ба таҳлилу омӯзиши асарҳои тарҷумашудаи суханварони барҷастаи адабиёти рус ва Аврупо пардохтааст. Аз ин рӯ, ҷаҳонбинии ӯ аз шогирдони дигар дида васеътар будааст. Аз рӯи нақли худи ӯ, нависанда аз овони хурдсолӣ ба хонишу дониш меҳру муҳаббати беандозае зоҳир намудааст. Ӯ пас аз таҳсил дар мактабҳои кӯҳна, дар назди муллоҳои кӯрсавод, ба мактаби усули нави ибтидоӣ медарояд. Нависандаи бузург аз овони кӯдакӣ бо маслиҳату машварати устод С. Айнӣ пешаи насрнависиро касб менамояд. Ӯ баъдан дар достоннависӣ қувваозмоӣ намудааст.

Яке аз асарҳои бузурги ӯ «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» ба шумор меравад. Мазмун ва мундариҷаи асар давоми воқеаҳои китоби аввалӣ буда, ҳодисаву воқеаҳои солҳои 1920-1922-ро фаро гирифтааст. Ин давра солҳои аввали баъди инқилоби халқии Бухоро буда, замони ниҳоят вазнини таърихӣ будааст. Ҳама табақаҳои ҷамъият инқилобро ба таври ба худ хос дарк мекарданд. Муносибати шахсони пешқадами ҷамъият аз қабили Асою Фирӯза, Аббосу Каримҷон ба тағйиротҳои гуногуни замона мусбат буданд.

Қувваҳое низ буданд, ки дастовардҳои инқилобро намеписандиданд. Дар асар қаҳрамонони зиёде кору фаъолият намуда, ба иҷрои вазифаҳои инқилоби халқии Бухоро саъю талош варзидаанд. Симоҳои беҳтарин фарзандони содиқи халқу Ватан ба мисли Ҳайдарқул, Файзулло Хоҷаев, Ҳакимов, Абӯсаидов, Орифов, Азимҷон махсус дар баробари роҳбарони ҳизб В. В. Куйбишев ҳамчун муборизони содиқи роҳи инқилоб ба қалам дода шудаанд.

Образи занон дар ҳамаи асарҳои шоир зикр ёфтааст. Дар романи мазкур низ симои занон мавқеи муҳим дорад. Нависанда дар симои Фирӯза далерӣ, кордонӣ ва фидокории занони тоҷикро барои хушбахтии занони берӯзии замони худ тасвир намудааст. Симои Анбари Ашк бошад дар роман ҳамчун давомдиҳандаи кору фаъолияти образи Дилоромканиз ифода ёфтааст. Анбари Ашк ҳамчун симои занони маърифатдӯст бо далерию сухандониаш ва бо санъату ҳунарнамоиҳояш дар тӯю тамошоҳо эҳтибор пайдо кардааст. Ӯ барои хушбахтиву озодии дигар занҳо ҷидду ҷаҳд менамояд. Хулоса, Анбари Ашк аз зумраи он занҳое будааст, ки инқилобро бо камоли хурсандӣ пазироӣ намуд ва ин чунин маъно дорад, ки агар худи Дилоромканиз ба ин рӯзи фирӯзи пирӯзии инқилоб нарасида бошад ҳам, наслҳои оянда ба ин мурод расидаанд, ки ин як муваффақияти кори занони озодфикри табақаҳои поёнии ҷамъияти замони амирӣ маҳсуб дониста мешавад. Нависанда дар симои занон на танҳо далерию ҷасурӣ, балки фазилатмандиву маърифатнокии онҳоро низ таҷассум намудааст.


348
Нет комментариев. Ваш будет первым!