РОҒУН — ҲАЁТУ МАМОТИ ТОҶИКИСТОН
Ҷумҳурии Тоҷикистон диёри зебоманзару кӯҳсор ва дорои захираҳои ғании энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Ин имконоти бузурги энергетики метавонад ояндаи Тоҷикистонро нурафшон созад. Таъкид бояд кард, ки ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар мамлакатҳои ҳамсоя соҳиби 55% дар сади захираҳои обӣ аст, ки аз ин неъмати Худованд бояд оқилонаю сарфакорона истифода кард. Чунин як лоиҳои бузурги энергетикй дар Тоҷикистон ҳанӯз охири солҳои 70 — уми асри гузашта шурӯъ шуда буд, вале бо сабабҳои гуногун нотамом монд. Аслан, Роғун ном гирифтани ин нерӯгоҳ аз номи деҳае сарчашма мегирад. Рогун нангу номус ва ифтихори миллати тоҷик аст. Рогун моро муттаҳид месозад:
Роғун бинои ваҳдату ҳамбастагии мост,
Рафъи ҳазор мушкилу ҳам хастагии мост.
Бунёди Рогун яке аз бузургтарин иншооти аср маҳсуб меёбад. Ин нерӯгоҳ аз чанд ҷиҳат аҳамияти бузург дорад. Аз нигоҳи иқтисодӣ дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатй ба кор даромада, иқтисодиётамон пеш меравад. Аз диду назари сиёсй бошад, давлатамон дар байни давлатҳои мутараққй мавқеи худро пайдо мекунад. Албатта, бо бунёди ин нерӯгоҳ Тоҷикистон истиқлолияти энергетикиро ба даст меорад. Ин ҳама мақсади сарвари давлат ва кулли тоҷикони ҷаҳон буд, ки ба кор андохтани ин нерӯгоҳ роҳи ягонаи истиқлолияти энергетикй ба шумор мерафт. Бунёди ин иншоот барои ҳама гуна соҳаҳо фоидаовар мебошад. Зеро, бидуни нерӯи барқ ягон соҳа пеш намеравад:
Чун арсаи садоқату номуси миллат аст,
Роғун, ки рамзи қудрату пайвастагии мост.
Роғун пуриқтидортарин нерӯгоҳ дар Осиёи марказй маҳсуб дониста мешавад. Иқтидори тавлидотии нерӯи барқи Рогун 13,5 млрд квт — ро ташкил медиҳад, ки ин барои таъмини истиқлолияти энергетикй аҳамияти калон дорад.
Сарвари давлат Эмомалй Раҳмон иброз намуда буданд, ки нерӯгоҳи Рогун «макони созандагию меҳнат» аст. Аз рӯйи ҳисоби мутахассисон, барои сохтмони пурраи нерӯгоҳи Рогун ду — се млрд доллар зарур аст, ки ин маблағи хеле бузург мебошад. Бинобар ин, Президента кишвар оид ба ин масъалаи муҳим ба халқ муроҷиат кард.
Инак рӯзи нангу номус, рӯзи саховатмандиву ҷавонмардй ва саҳмгузорй дар рушду инкишофи ободии Ватан фаро расидааст. Месазад, ки ҳама аз як гиребон cap бароварда, дар нангу ному си ватандории сарвари давлат ҳамроҳ гашта, ба хотири таъминоти мунтазами барқ, ободии Ватан саҳмгузор бошем. Зеро, сохтмонй нерӯгоҳи Роғун талаби давру замон аст ва ҳар фарди солимфикру худогоҳ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар онро бояд хуб дарк намояд.
Имрӯз вақти он расидааст, ки тамоми мардум якдилона ин иқдоми пешгирифтаи сарварамонро дастгирй намоем. Итминони комил дорем, ки миллати соҳибмаърифати тоҷик ба ин кор қодир аст ва дар ин роҳ мо, ҳатман, пирӯз хоҳем шуд.
Қудрату шаҳомати нерӯгоҳи Роғун, аллакай, дар хоиаи дилҳо эҳсос мешавад ва хушбахтиву комёрии миллатамонро дар ояндаи наздик тасаввур менамоем, Ҳамаи инро хулоса карда, гуфтан мумкин аст, ки Рогун бунёд мешавад.
Бинобар вуҷуд надоштани захираҳои нафту газ, инчунин имкон надоштани интиқоли қувваи барқ аз дигар кишварҳо, бунёди иншооти гидроэнергетикии Рогун, ки қисми зиёди он ҳанӯз дар даврони шӯравй сохта шудааст, интихоби ягона ва роҳи ҳалли мушкилиҳо мебошад.
Ope, Рогунро бояд созем. Дар канор будани ҳар яки мо аз рӯйи виҷдону имон нест. Ватандорй аз имон аст ва имрӯз рӯзи ватандории мо фаро расидааст:
Бо зури бозувон Ватан аз нав бино кунем,
Худро зи қайди панҷаи зулмат раҳо кунем.
Ба ҳар муроди худ ба Худо мерасем агар,
Меҳри Ватан чу дар дилу дар дида ҷо кунем.