Хотираи доими

Одатан ин хотира дар дискҳои магнитӣ таҷассум мешавад. Ду намуди дискҳои магнитӣ мавҷуданд. Якумаш дискҳои қаиш ё дискет номидашаванда. Дискетаҳоро д ар қисми барои сабт ва хондани информатсияҳо зарур – дисковод аст, мегузоранд. Дар онҳо ҳаҷми на он қадар калони информатсияҳои заруриро сабт ва нигоҳ доштан мумкин аст.

Дуюм намуди дискҳои магнитӣ – ин дискҳои сахт аст. Ин дискҳо аз он сабаб сахт номида мешаванд, кӣ аз як тараф, ҳақиқатан ҳам аз дискеткаҳо сахтаранд; аз тарафи дигар, онҳо аз дисковод гирифта намешаванд. Дар онҳо миқдори хеле зиёди информатсияҳоро навиштан мумкин аст. Дар як диски сахт информатсияи чандин дискеткаҳоро ҷойгир кардан мумкин аст.

Диск ин пластинаи қаишест, кӣ бо қабати магнитӣ пӯшонида шуда, дар ҷилди пласти-

кӣ гирифта мешавад. Диск монанди грампластинка барои нигоҳдорииинформатсияҳо«пайраҳаҳо» – ро соҳиб аст. Пайроҳаҳо ин даврҳои қайдшуда дар сатҳи диск мебошанд ва онро касс пай намебарад. ҳаҷи информатсияи дар диски нигоҳдошташавандабо килобайт ифода меёбад.

Чор намуди дискета кор фармуда мешавад:

  • 1.дискетаи диаметраш 5,25 дюйм( 133мм) ғунҷоишаш:

— 360 Кбайт

— 1,2 Мбайт

  • 2.дискетаи диаметраш 3,5 дюйм ( 89мм) ва ғунҷоишаш:

— 720 Кбайт

  • — 1,44 Мбайт

Муайян карданаамон лозим аст, кӣ ҳаҷми додашуда чӣ хел барои ҳалли масъалаи мазкур кифоягӣ мекунад? Барои ин чунин рафтор кардан лозим аст: Як саифаи дар машинка чопшуда 1800 рамз аз ҳисоби 30 сатр ва як сатр аз 60 рамз иборат аст. Барои нигоҳдории як рамз дар диск 1 байт ва аз ин чо барои як саифа 1800 байт = 1,8 Кбайт, барои 100 саифа 180 Кбайт зарур аст. Ин рақамҳоро бо ғунҷоиши диск муқоиса мекунем.

Принсипи сабт ба дискета ба принсипи сабт ба магнитафон айнан якхела аст, лекин дискета ба монанди лентаи магнитофон ибтидои интиҳо надорад. Аз ин ҷо савол ба миён меояд, кӣ чӣ тавр дар он информатсияи сабтшударо дарёфт кардан мумкин аст. Ягона тарз –

дискро нишонагузорӣ кардан лозим аст, яъне онро ба соҳаҳои алохида ҷудо кардан даркор аст. Яке аз роҳҳои соддаи нишонагузории диск дар вақти тайёркунии пластикаҳои нраммофони истифода шуда буд. Диск ба пайроҳаҳо ҷудо карда мешавад, кӣ ба спирал монанданд. Агар сӯзани сарак ба он афтад, вай ҳатман ҳамаи информатсияи дар пайроҳа бударо хонда ба интиҳо мерасонад. Лекин ин тарз ноқулай аст, чунки он ҳамаи дарозии пайроҳаро аз он ҷое, кӣ информатсияи ба мо зарур ҷойгир аст, тай карданаш лозим аст.

ҳаракат мекунем, ки ин камбудӣ бартараф шавад. Дар диск на як пайроҳаи спиралшакл,

балки бисёр давраҳои консентрикиро мегузаронем. ҳамин тавр мекунем, ки сараки дисководро аз рӯи радиуси дискета боҷаҳиш ҳаракат карда тавонад. Дарозии ин ҷахиш ба бари пайроҳа баробар аст. Агар мо дар вақти сабт дар ягон пайроҳа информатсияи навишташударо нигоҳ дорем, он гоҳ дар вақти хондани информатсияи дар дигар пайроҳаҳо мавҷуда онро нахонда, саракро якбора дар ҷои зарурӣ монданамон мумкин аст.

Дискҳои сахт барои дуру дароз нигоҳдории информатсияҳо, ки доимо дар вақти кор бо компютер истифода карда мешавад: праграммаҳои системаҳои оператсионӣ, пакети программаҳои тез-тез истифодашаванда, редагторҳои ҳуҷҷатҳо, транселяторҳои забонҳои программасозӣ ва ғайра. Дискҳои сахтро винчестер ҳам меноманд. Винчестер дар дохили блоки системавӣ ҷойгир карда мешавад.

ғунҷоиши винчестерҳои моделҳои охирини компютерҳои шахсии фирмаи IBM аз якчанд сад мегабайт то якчанд гигабайт мерасад.

1.38K
Нет комментариев. Ваш будет первым!