Катакчахо ва гурӯхи катакчахо

Барои ҷудокунии як катакча нишондиҳандаи мушакро ба он оварда қарсос кардан лозим аст ё бо ёрии тугмаҳои идоракунии курсорро рамкаи сиёҳро ба ин катакча овардвн даркор аст.

Барои ҷудокунии диапазони катакчаҳо аввал ячейкаи якумро ҷудо карда, тугмачаи Shift – ро пахш карда тугмаҳои идоракунии курсосро чанд маротиба пахш намуда, баъдан катакча ҷудо карда мешавад.

Барои ҷудокунии гурӯҳи катакчаҳо дар кунҷи чапи болоии гурӯҳ тугмачаи чапи мушакро пахш карда, нишондиҳандаи онро ба кунҷи поёнии рост оварда, тугмачаро сар медиҳем.

Барои ҷудокунии тамоми сатр (сутун) сарлавҳаи онро қарсос кардан лозим аст.

Барои чудокунии гурӯҳи сатрҳо (сутунҳо) – и ҳамсоя нишондиҳандаи мушакро аз рӯи сарлавҳа кашола кардан лозим аст.

Барои ҷудокунии сатрҳо (сутунҳо) – и ғайришафат дар вақти пахш кардани тугмачаи Ctrl дар сарлавҳаи он қарсос кардан лозим аст.

Дар катакчаҳо се намуди маълумотҳо ҷойгир шуданаш мумкин аст.

1). Матнӣ. Дар ин гуна катакчаҳо ҳисобкунӣ мавриди истифода мешавад.

2) Ададӣ. Ин адади алоҳидаест, ки ба ячейка дохил карда шуда аст. ҳамчунин ба сифати маълумоти ададӣ сана ва суммаҳои пулиро дида баромадан мумкин аст. Ин гуна катакчаҳоро дар вақти ҳисобкунӣ истифода бурдан мумкин аст.

3). Формула, яъне катакча ҳисобшаванда аст.Вай аз рамзи « = » сар мешавад. ҳамаи формулаҳо натиҷаи ададиро соҳибанд.

Худи формулаҳо дар катакчаҳои ҷадвал тасвир намешаванд. Дар он ҷо натиҷаи ҳисобкуниҳо пайдо мешавад. Барои дидани формулаи катакчаи ҳисобшаванда, онро ҷудо карда, ба сатри формулаҳо нигоҳ кардан лозим аст. Формула дар ин сатр таҳрир кардан лозим аст.

Барои дохилкунии матн нишондиҳандаи мушакро ба катакчаи зарури оварда карсос кардан лозим аст. Пас матнро аз клавиатура чида тугмачаи Enter -ро карсос мекунем. Матн дар катакча ва сатри формулахо пайдо мешавад. Агар дар матн хато мавчуд бошад, тугмаи #-қарсос кардан лозим аст, то ки катакчаи пешина чори бошад(ё тугмаи -ро карсос мекунем). Акнун матнро тахрир кардан мумкин аст. Бидуни зикр матн аз тарафи чап баробар карда мешавад.

Боз як тарзи дохилкуни ва тахриркунии матнро баён мекунад. Барои сар кардани дохилкунии матн дар ячейка тугмаи F2 қарсос карда мешавад. Барои ба итмом расонидани таҳриркуни нишондиҳандаи мушакро берун аз катакчаи тахриршаванда карсос мекунем.

Дар вақти дохилкунии мантҳо тугмаҳои Delete, Bs -ро мувофиқан дар вақти курсор пеш аз хатои будан кор фармудан мумкин аст.

293
Нет комментариев. Ваш будет первым!