Редактори графики Paint ва Блокнот

Системаи оператсионии Windows – 98 дорои редактори графики Paint ( аз калимаи англисӣ тарҷумааш «бо ранг кашидан ») аст, ки барои кашидан, ташкилу таҳрири расмҳо ва схемаҳо имконятҳои васеъро соҳиб аст.

Редактори графики Paint бо командаи зерин ба кор андохта мешавад.

Пуск Программы Стандартные Paint

Пас аз кор андохтани он линаи кори барномаи Paint кушода мешавад.

Оинаи барномаи Paint чунин тасвир мешавад.

1). Сарлавҳа.

2). Сатри менюҳо.

3). Панели асбобҳо.

4). Майдони корӣ.

5). Палитраи рангҳо.

қисми асосии оинаро майдони корӣ ташкил мекунад.Агар ранги зарурӣ дар ин маҷмӯъ набошад, онро бо ёрии рангҳои ин маҷмӯъ ҳосил кардан мумкин аст.

Дар таркиби системаи оператсионии Windows редактори матнии соддатари Блокнот ( дафтари хотира ) мавҷуд аст. Редактори Блокнот аз Главное меню бо командаи зерин ба кор андохта мешавад.

ПускПрограммы Стандартные Блокнот.

Оинаи Блокнот чунин тасвир ёфтааст.

1). Сарлавҳаи оина.

2). Сатри менюҳо — файл, правка, вид…,

3). Майдони корӣ.

Матнро аз клавиатура аз рӯи сатр дохил мекунанд.

ҳар як тугмачаи ҳарфӣ – рақамии клавиатура имконяти дохилкунии ду рамзи гуногунро дорад.Лекин дар редактори Блокнот имконяти автоматии гузориш ба сатри навбатӣ дар мавриди ба сарҳади оина наздик шудан мавҷуд аст. Барои ин банди Перенос по словам – и менюи Правка – ро иҷро кардан лозим аст.

Барномаи Блокнот – ро барои бурдани рӯзномаи шахсӣ истифода бурдан мумкин аст. Файли рӯзномаро дар мизӣ корӣ – Рабочий стол ташкил додан мумкин аст. Барои ин тугмачаи рости мушакро қарсос карда дар менюи контекстии ҳосилшуда командаи Создать текстовый документ – ро интихоб кардан лозим аст.Дар мавриди ташкилёбии ҳуҷҷат онро аз нав номгузорӣ мекунанд.

3.12K
Нет комментариев. Ваш будет первым!