Чустучӯи файлхо

Агар ҷои файли нигоҳдошташавандаро фаромуш карда бошед, онгоҳ дар системаи оператсионии Windowsвоситае мавҷуд аст, ки вай аз рӯи ном мавқеи онро муайян мекунад. Бо ду тарз файлҳоро ҷустуҷӯ кардан мумкин аст.

1). Пуск Поиск Файлы и папки.

2). Сервис Найти Проводник Файлы и папки.

Пас аз иҷрои яке аз командаҳо оинаи мукаламавӣ пайдо мешавад.

Замимаи Имя и место положение барои ҷустуҷӯи файле, ки ном ё номи нопуррааш маълум аст, кор фармуда мешавад. Ягон папкаро бо ёрии кнопкаи Обзор… интихоб карда, кнопкаи Найти – ро қарсос карда, ҷустуҷӯро оғоз кардан лозим аст. Дар қисми поёни оина файлҳои зоҳиршуда бо номҳояш пайдо мешавад. Файлҳои заҳиршударо дар ҳамин ҷо кушодан, аз нав номгузорӣ, нусхагирӣ, хориҷ кардан мумкин аст.

Замимаи Дата (санаи тағйирёбӣ) барои ҷустуҷӯи файлҳои дар порчаи муайяни вақт ташкил ёфта истифода мешавад. Замимаи Дополнительно (иловагӣ) барои ҷустуҷӯи файлҳо аз рӯи намуд, андоза ва аз рӯи порчаи матн, ки дар файл мавҷуд аст, кор фармуда мешавад.

Барои ҷудокунии объектҳо, онро бо мушак як маротиба қарсос кардан лозим аст. Барои ҷудокунии гуруҳи объектҳокнопкаи чапро дар ҷои холӣ пахш карда мушакро кашола медиҳем. Дар ин маврид чорчубаи пунктирӣ пайдо мешавад. ҳамаи объектҳое, ки ба ин чорчуба меафтад, ҷудо мешавад. Барои ҷудокунии гуруҳи объектҳои паси ҳам ҷойгиршуда чунин рафтор кардан лозим аст, аввал дар объекти авали гуруҳ мушакро қарсос карда тугмачаи Shift– ро пахш карда истода дар объекти охирини гуруҳи мушакро аз нав қарсос кардан лозим аст.Барои ҷудокунии объектҳои паси ҳам нахобонда мушакро дар вақти пахши тугмачаи Ctrlқарсос мекунанд.

Дар менюи Правкаи Проводник командаи Выделить все мавҷуд аст, ки вай объектҳои дар оинаи папка бударо ҷудо мекунад. Чунин амалро бо ёрии пахши Ctrl + LД ҳам иҷро кардан мумкин аст. Барои бекор кардани ҷудокунии объекти алоҳида дар вақти пахши тугмачаи Ctrl мушакро қарсос кардан лозим аст. Барои бекорнамудани ҷудокунии гуруҳи объектҳо мушакро дар нишонаи берун аз гуруҳи ном бурда ё дар ҷои холӣ қарсос кардан лозим аст.

326
Нет комментариев. Ваш будет первым!