Ба кор андозии протсессори матни (Microsoft Word)

Программаи матнии Word яке аз программаҳои мукамалтарин ва маъмултарин дар байни протсессорҳои матнӣ ҳисоб меёбад. Бо ёрии он бо тезӣ ва бо сифати ҳар гуна ҳуҷҷатҳоро тайёр ва чоп кардан мумкин аст. Протсессори Word имконият медиҳад, ки дар ҳуҷҷат матнҳо, ҷадвалҳо, расмҳое, ки дар дигар программаҳои Windows тайёр карда шудаанд, гузошта шавад. Ин чунин Word дар нашри китобҳо ба таври васеъ кор фармуда мешавад.қайд мекунем, ки китоби дар даст доштаатон бо ёрии протсессори Word ба чоп омада шудааст.

Протсессори Word бо командаи зерин ба кор омада мешавад.

Пуск Программы MicrosoftWord

Оинаи кории Word чунин тасвир карда мешавад.

1.Сарлавҳаи оина.

2.Сатри меню.

3.Панели асбобҳо.

4.Хаткашаки идорашаванда.

5.Майдони корӣ.

6.Тасмаҳои ҳаракаткунанда.

Дар сарлавҳаи оина илова ба номи программа, номи файли таҳриршаванда қайд мешавад. Дар поёни тасмаи меню ду панели асбобҳо – Стандартная ва Форматирование мавҷуд аст. ҳар яке аз ин асбобҳо (кнопкаҳо) барои бо тезӣ иҷрокунии командаҳо нисбати интихоб аз меню, пешбинӣ шуда аст. Дар поёни панели асбобҳои Форматирование ва дар самти чап хаткашакҳои горизонтали ва вертикалӣ мавҷуданд, ки онҳо барои фаҳмидани андозаи аслии сарҳади матн дар қогаз хизмат мекунанд. Бидуни зикр рақамҳо дар хаткашакҳо сантиметрҳоро ифада мекунад. Хаткашакҳоро бо ёрии командаи Вид ►Линейка пинҳон ё нишон додан мумкин аст. Дар сатри аз ҳама поёни рақами саҳифа, сутун, сатр ва дигар маълумотҳои хизматӣ, инчунин кнопкаҳои реҷаи муоинаи ҳуҷҷат мавҷуд аст. Барои муоинаи матн тасмаҳои ҳаракаткунандаи горизонталӣ ва вертикалӣ мавҷуд аст.

1.15K
Нет комментариев. Ваш будет первым!