Нигохдории хуччатхо ва чудокуни матнхо(Microsoft Word)
Дар редактори Wordимконияти нигоҳдории ҳуҷҷатҳо мавҷуд аст. Барои ин кнопкаи < -ро дар панели асбобҳоиСтандартная қарсос кардан лозим аст, ки он боиси дар экран пайдо шудани оинаи мукаламавӣ мегардад. Пеш аз ҳама, дар рӯйхати Папка диски заруриро интихоб карда, бо мушак қарсос кардан лозим аст. Дар майдони Имя файла номи навро дохил мекунем. Пас кнопкаи Сахранить қарсос карда мешавад.
ҳуҷҷатҳоро бо дигар ном ҳам нигоҳ доштан мумкин аст. Барои ин ҳуҷҷатеро, ки нусхаашро ташкил кардани ҳастем, кушодан лозим аст. Банди Сахранить как… — ро дар менюи Файл интихоб мекунем. Дар майдони Имя файла номи навро дохил карда, кнопкаиСахранить – ро қарсос мекунем.
Барои форматкунӣ пештар вақт зарур мешавад, ки қисмҳои гуногуни матн ҷудо карда мешавад. қисми ҷудокардашудаи матн дар фони сиёҳ бо ҳарфҳои сафед тасвир меёбад. Дар редактори Word як рамз, қисми он ва тамоми матнро чудо кардан мумкин аст. Барои ҷудокуни ҳам мушак ва ҳам клавиатураро кор фармудан мумкин аст.
Мо дар аввал ҷудокуниро бо ёрии мушак дида мебароем. Барои ҷудокунии як рамз ё як қисми матн нишондиҳандаи мушакро пеш аз рамз меорем, ки аз он ҷудокуни Сар мешавад ва тугмачаи чапи мушакро пахш карда истода, онро то ҷои зарурӣ кашола мекунем. Дар вақти сар додани тугмачаи мушак ин қисми матн ҷудо мешавад.Барои ҷудокунии сатр (сартҳо) нишондиҳандаи мушакро ба канори чап гирифтан лозим, то ки вай намуди ö -ро гирад.Пас тугмачаи чапи мушакро пахш карда ба поён ё ба ьоло ҳаракат намуда, онро сар додан лозим аст. Дар мавриди дар канори чап ду маротиба қарсос кардани мушак тамоми абзатс ҷудо карда мешавад. Барои ҷудокунии калима нишондиҳандаи мушакро дар мобайни он оварда, кифоя аст, ки он ду аротиба қарсос карда шавад, он гоҳ дар тамоми матн ҷудо мегардад.
қайд мекунем, ки тамоми матнро бо ёрии банди Выделить всё – и менюи Правка ҳам ҷудо кардан мумкин аст. Акнун ҷудокуниро бо ёрии клавиатура дида мебароем. Тугмачаи идоракунии курсор ва Shift — ро истифода бурда қисми ихтиёрии матни додашударо ҷудо кардан мумкин аст. Барои ҷудо кардани танҳо як рамз нишондиҳандаи курсорро ба болои он оварда тугмачаи Shift – ро пахш карда истода, тугмачаи — ро қасос кардан кифоя аст. Барои ҷудокунии тамоми абзатс нишондиҳандаи курсорро ба авали абзатс оварда, дар вақти пахши тугмачаҳои Ctrl ва Shift тугмачаи — ро пахш кардан лозим аст.
Хориҷкунӣ, нусхагирӣ ва ҷойивазкунии қисми ҷудокардашудаи матн.
Дар редактори Word қисмҳои ҷудокардашудаи матнро бо тарзҳои гуногун хориҷ, нусхагирӣ карда, ҷои онҳоро иваз кардан мумкин аст. Яке аз саддаи ин амалҳоро бо истифодаи буфери ивазкунӣ дида мебароем. Буфери ивазкуни – ҷои махсусемавҷуд аст, ки дар он муваққатан матн нигоҳ дошта, минбаъд аз он ҷо гирифта мешавад. Барои нусхагирии қисми ҷудокардашудаи матн бо мақсади ба дигар ҷой гузоштани вай кнопкаи Копировать ё банди Копировать – и менюи Правка – ро истифода бурдан лозим аст.
Барои хориҷкунии қисми ҷудокардашудаи матн тугмачаи Delete – ро аз клавиатура пахш кардан лозим аст.
Барои хориҷкунии қисми ҷудокардашудаи матн бо мақсади ба дигар ҷои ҳуҷҷат гузоштантугмачаи » ё банди Вырезать – и менюи Правка – ро истифода бурдан мумкин аст.
Барои гузоштани қисми дар хотира нигоҳдоштаи матн курсорро ба ҷои зарурии ҳуҷҷат оварда, тугмаи Вставить – менюи Правка – ро иҷро бояд бурд.