​Шабакаи чахонии World Wide Web (WWW) ва дигар хизматрасонии Шабака

Гипертекст як навъ разметкаҳои ба он гузошташудае мебошад, ки ягон ҷойи матни мазкур ба ҳуҷҷатҳои дигар, расмҳо, файлҳо алоқаманд мебошад ҳангоми аз назар гузарондани гипертекст бар барномаи броузер, ки матнҳои поварақро коркард менамояд ва амалҳои мутобиқ анҷом медиҳад, дар матн калимаҳои бо ягон ранг ишорашударо ҷудо менамояд.

Агар ба болои он курсорро гузоред ва ба тугмаи ҳуҷҷати дигар пахш кунед матни дохили поварақ равшан мешавад.

Ба воситаи WWW оид ба поварақҳо ба матни ҳуҷҷати дигар ворид шудан мумкин аст. Шумо ба воситаи ин барнома ҳатто метавонед ба матни дар компютери дигар мавҷудбуда ишора намоед. Вақте шумо ҳамон ишораатонро пахш кардед матни бароятон зарури компютери бегонаро дар компютери худ мебинед, агар барномаи мултимедиа дошта бошед, пас садоҳо, мусиқӣ, суханрониро ҳам мешунавед.

Аз рӯи имкониятҳояш WWW ба Gopher монанд аст, аммо ин барномаи комилан дигар аст. Gopher дорои сохтори махсус мебошад. ҳангоми WWW ҳуҷҷат метавонад дорои гиперматни дараҷаи мураккабиаш гуногун бошад. Истифодабаранда худаш метавонад сохтори менюро дар гиперматн созад.

Агар дар ихтиёри шумо гиперматни забони HTML дошта бошед метавонед сохтори дилхоҳи гурӯҳи кориро, аз ҷумла ҳуҷҷатҳо, файлҳо, маълумот, суратҳо, барномаҳо созед. Сохтани муҳаррирон бо интерфейсҳои дӯст яке ах проблемаҳои асосии WWW мебошад.

Дар сахифахои рузномаю мачаллахо, телевизион ва гайра зуд-зуд навиштхои зайл

https://www.tojikon.net

https://www.14um.net

https://www.amriddin.com

ва гайраро вохурдан мумкин аст, ки онхо сурогахои электронии ширкату ташкилотхо е шахсони алохида буда, веб- сахифахо ном доранд. Абревиатураи WWWаз харфхои авали калимахои англисии тарчумаи «Тури чахонии анкабуд»-ро дорад, ки онро Web низ мегуянд. То пайдошавии WWWкор дар Интернет бисер захматталаб буд. Тамоми амалиетхо ба воситаи системаи оператсионии MSDOS ичро карда мешуданд, ки барои ин азед донистани номхои хеле зиеди фармону директорияхо, файлхо ва гайрахо лозим меомад. Махз пас аз пайдо шудани технологияи WWWин мушкилихо бартараф гардиданд, ва Интернет ба як шабакаи пуриктидор табдил ефт. Вазифаи асосии WWWаз он иборат аст, ки тамоми информатсияи ба воситаи Интернет дастрасшавандаро, новобаста аз намудашон (информатсияи матни, графики ва хоказо), хамчун як объекти умуми тасвир намояд.

Яке аз хосиятхои асосии WWWин истифодаи гиперматнхо ба хисоб меравад. Гиперматн (фавкматн)-нишонест, ки ба воситаи он аз дохили як хуччат якбора ба як е якчанд хуччати дигар (файлхои матни е информатсияи дигари намудхои гуногундошта) алока баркарор карда мешавад. Гиперматнро аз матни одди ба осони фарк кардан мумкин аст, чунки хангоми ба болои он овардани нишондихандаи муш, вай шакли махсусро (панчаи даст)-ро мегирад. Пас аз пахши тугмаи чапи муш, идоракуни ба кисми дигари хамин хуччат е ба хуччати дигари компютери мазкур ва е хатто ба хуччатхои компютерхои дигари ба шабакаи Интернет пайвастбуда, ки ба ин матн ягон алокамандие доранд, ба амал меояд.

446
Нет комментариев. Ваш будет первым!