​Почтаи электрони (E-mail)

Почтаи электронӣ (Email)

Почтаи электронӣ (E-mail)- ин яке аз сервисёои паҳншудаи Интернет мебошад.

Почтаи электронӣ яке аз дастоварҳои бузурги технологияҳои компютерӣ мебошад. Имрӯз аллакай миллионҳо одамон дар тамоми ҷаҳон аз ин воситаи муосири алоқа васеъ истифода мебаранд. Бо вуҷуди ин почтаи электронӣ ҳамагӣ 5 фоизи шабакаро банд мекунад.

E-mail шакли электронии почтаи муқаррарӣ мебошад. Ба воситаи почтаи электронӣ корҳои зеринро анҷом додан мумкин аст:

информатсия фиристодан;

информатсия гирифтан;

ба муштариён ба таври автоматӣ посух гуфтан;

нусхаи мактубҳоро ба якчанд суроғаи дигар фиристодан;

бо якчанд адресҳо мубоҳиса намудан.

Серверҳои зиёде мавҷуд аст, ки чунин хизматрасониро иҷро мекунанд. Ба суроғаи чунин хизматрасони E-mail фиристода мешавад, ки дар он фармонҳои ҳамон хизматрасони мавҷуд аст, дар посух ба воситаи E-mail файли зарурӣ мерасад.

Дар чунин режим истифодабарии почта танҳо ба воситаи гирифтани фармонҳои хизматрасонии ftr имконпазир мегардад.

E-mail имконият фароҳам меорад, ки телеконференсияҳо ва мубоҳисаҳо ташкил намоем. Барои ин барномаи махсуси рефлектори почта лозим аст, ки дар баъзе мошинҳои узел насб карда шудааст. Рефлектори почта баъди қабул кардани мактубҳо нусхаҳои онҳоро ба дигар обуначиён мефиристад.

Узелҳои алоқаи машғули хизматрасонии хабарӣ онро ба ҳамсояҳо мефиристад ва хабарҳо дар шабака зуд паҳн мешаванд.

Баъди насб кардани барномаи муштарӣ хизматрасонии Usenet дар компютери истифодабаранда рӯихати гурӯҳҳо сохта мешавад, ки ӯ дар онҳо хоҳиши иштирок намудан дорад ва бюллетени хабарии ӯро мудом дастрас мекунад.

Ин намуди хизматрасони пайваста аз ftp-серверҳои беном дар бораи файлҳои мавҷуда ахбор мегирад. ҳамин барнома имконият медиҳад, ки аз рӯи ном ҷустуҷӯи файлҳо ва директорияҳо ва файлҳои номдор аз рӯи калимаҳои сарлавҳаҳояшон анҷом дода шавад

2.69K
Нет комментариев. Ваш будет первым!