​Рӯйхати рақамнок ва маркирнок

Рӯйхати рақамнок ва маркирнок.

Дар Word ду намуди рӯйхат – рақамнок ва маркирнок мавҷуд аст. Барои табдилдиҳии матни мавҷуда ба рӯйхати рақамдор ё маркирдор аввал онро ҷудо карда, пас мувофиқи тугмачаи ÅÅ Маркиры ё 1.2: Нумерация – ро дар панели асбобҳо қарсос кардан лозим аст. Барои ба таври автоматӣрақамгузории абсатс, дар авали он рақам ва пас аз он нуқта гузоштан лозим аст. Пас фосила партофта матни абзатсро дохил карда, тугмачаи Enter – ро пахш намудан лозим аст. Агар дар авали абсатс рамзи * (ситорача) гузошта шавад, он гоҳ абзатс автомати ба рӯйхати маркирнок табдил меёбад.

Барои бекоркунии рӯйхат тугмачаи Enter– ро ду маротиба пахш кардан лозим аст. Барои тағйирдиҳии шакли рӯйхат командаи Формат uСписок – ро иҷро кардан лозим аст ё дар менюи контекстӣ банди Список – ро интихоб мекунанд. Дар ин маврид оинаи мукаламавии зерин пайдо мешавад.

Замимаи Маркированный ва Нумерованный имконят медиҳад, ки намуди маркир ё тарзи рақамгузории рӯйхат интихоб карда шавад. Ороиши рӯйхатро бо кнопкаи Изменить… тағйир додан мумкин аст. Замимаи Многоурованный рӯйхати махсусест, ки то нӯҳ дараҷаи бандҳоро соҳиб аст, дар он рақам ё маркирро дар алоҳидагӣ гузоштан мумкин аст. Барои ба дараҷаи баландтар (пастар) гузоштан тугмачаи Уменшить отступ (Увлечить отступ) – ро дар панели асбобҳои Форматирование қарсос кардан лозим аст.

286
Нет комментариев. Ваш будет первым!