​Адресатсия дар Интернет

ҳар гунна компютере, ки бо Интернет пайваст аст, дорои адреси нодир мебошад, ки вай дар вақти ирсоли ахбор кор фармуда мешавад. Адрес ҳамчун пайдарпаии рақамҳо ва номи домени муайян карда мешавад, ки аз рӯи қоидаҳо муайян карда сохта шудаанд. Компютерҳо вақти ирсоли ахбор адреси рақамнокро мавриди истифода қарор медиҳанд, истифодабарандагон бошанд, асосан номро истифода мекунанд.

Гарчанде дар Интернет маркази идоракунӣ вуҷуд надорад, вале ташкилоте мавҷуд аст, ки вай ба назорат ва додани адресҳо машғул аст.

Адреси рақамӣ аз чор адад иборат аст, ки ҳар яке аз адади 256 калон нест. Ададҳо аз ҳамдигар бо нуқта ҷудо карда мешавад. Масалан, 157 25 210 11. Чунин тарзи навишти адрези IP адрес номида мешавад. Ин тарзи навиш барои компютерҳо қулай мебошад. Барои интифодабаранда: он тарзи дигар қулай аст, ки он системаи номҳои доменӣ номида мешавад. Масалан:

www .Microsoft.com

  • 1.Номи домении сервер, ки дар вақти қайдкунӣ гирифта шудааст.
  • 2.Номи компютер, кию о домени додашуда мансуб аст.
  • 3.Суфексе, ки мансубияти доменро муайян мекунад.

Дар системаи адресҳои Интернет доменҳои ноҳияҳои графикиро ифодакунанда қаубул шуда аст. Онҳо аз номе иборатанд, ки дорои ду ҳарфаанд:

Мисолҳо: Русия – ru, Франсия – fr, Канада – ca, ИМА – us, Британияи Кабир – uk.

Системаи домении ташкилёбии адресҳо кафолати компютери дигари бо ин адрес мавҷуд набударо дар тамоми Интернет медиҳад. Дар ном миқдори ихтиёри доменҳо мавҷуд буданаш мумкин аст.

288
Нет комментариев. Ваш будет первым!