Почтаи электронӣ (E-mail) 2

Почтаи электронӣ E-mail( и – майл хонда мешавад) яке аз намудҳои бештари истифодашавандаи хизматгузориҳои Интернет мебошад. Вай воситаи қулай ва боэътимоди муолимот буда, тавассути он мактуб фавран дар зарфи якчанд дақиқа ба нуқтаи дилхоҳи замин рафта мерасад.

Фиристодани E-mail нисбати фиристодани мактуби муқаррари ё занги тилфонҳои байнанхалқӣ хеле арзонтар аст.

Принсипи кор ба почтаи электринӣ ба кори мукотиботи муқаррарӣ хеле монанд аст. Бо ёрии программаи махсус мактуб тайёр карда, онро дар папкаи номаҳои фиристодашаванда гузошта мешавад. Сипас бо шӯъбаи алоқа, ки он дар компутери таъминкунанда хидмати Интернет ҷойгир аст, паваст шуда бо почта мубодила карда мешавад: мактубҳои тайёршударо фиристода ё ба адресатон номаҳои ирсолшударо гирифта, ба папкаи номаи ирсолшуда, ки дар компутератон мавҷуд аст, мегузорад. Пас аз шабака ҷудо шуда, ба номаи ирсолшуда машғул мешавад.

Агар ба ягон мактуб мактуб ҷавоб дорданӣ бошед, он гоҳ ҷавобро тайёр карда, ба папкаҳои мактубҳои фиристодашаванда мегузоред.

Ирсоли мактубҳо дар Интернетбе иштироки шумоба вуҷуд меояд. Барои он ки адресат мактубатонро гирад, зарур аст, ки вай ба шӯъбаи алоқаи худ дар тамос бошад.

Адресҳои почтаи электронӣ аз ду қисм иборат аст, ки бо рамзи «@» аз ҳамдигар ҷудо карда мешавад. Аз тарафи рости ин рамз адреси компютере, ки дар шӯъбаи алоқаи абонент ҷойгир аст, меистад. Адреси мазкур ба монанди номи доменӣ ташкил меёбад. Аз тарафи чапи рамз номи абонент ҷойгир мешавад. Формати адреси почтаи электронӣ чуни наст.

Номи истифодабаранда @ адреси компютер

Барои кор бо почтаи электронӣ миқдори зиёди программаҳо мураттаб шудаанд. Онҳоро бо номи умумии Mail Масалан, барои истифодабарандагони MS DOS –программаи bml, барои системаи оператсионии Windows кор бо почтаи электрониро программаи Microsoft Exchange таъмин мекунад.

Яке аз программаҳои қулай ва на он қадар мураккаб барои кор бо почтаи электронӣ программаи Eudora барои Microsoft Windows мебошад. Бисёр командаҳои ин программа мазмуни саҳеҳ дошта, мантиқан байни ҳам алоқаманданд. Масалан, менюи Mailbos (қуттии почтавӣ) имконияти командаҳои In (почтаи воридшаванда), Out(почтаи фиристодашаванда (хориҷшаванда)), Trach(сабад), New(почтаи нав) ва рӯйхати қуттии почтавиро дорад.

Программаи Eudora- ро тарзе ҷӯр кардан мумкин аст, ҳар як истифодабаранда имконияти дастрас шуданро бо пароли шахсии худ бошад.

293
Нет комментариев. Ваш будет первым!