​Равандҳо ва технологияи компютерӣ. Мафҳуми раванди иттилоотӣ ва технологя

Мафҳуми технология (аз калимаи юнонии techne – санъат, малака, маҳорат) маҷмӯи тарзҳои коркард, тартибдиҳӣ, тағйирёбии ҳолат, намуди ашё ва материалҳоро, ки дар ҷараёни маҳсулоти интиҳоӣ амалӣ мешаванд мефаҳмонад.

Дар технология компютерӣ бошад ба сифати ашё, борномаҳо, ҳуҷҷатҳо, файлҳо ва ғайраҳо дохил мешавад.

Аз ин сабаб технологияи компютерӣ — ин тарзи сохтаини борномаҳо, ҳуҷҷатҳо, файлҳо бо ёрии истифодаи компютерҳои фардӣ мебошад.

Компютер бошад – ин воситаи техники информатсионнии унверсалӣ мебошад, ки равандҳои информасионниро бо тарзи автомати иҷро менамояд.

Равандҳои информасионӣ ин – амалҳои қабул, нигоҳдорӣ, коркард, ғункунӣ, барориш ва интиқоли информасия мебошад.

Масалан: лексияи донишҷӯён ин барои донишҷӯён маълумот мебошад ва вақти, ки догнишҷӯ маълуморо хонда ба мо гуфта диҳанд дар он вақт информасия мебошад.

Технологияҳоиинформатсионӣ – ин маҷмӯи тарзҳои ғункунӣ, ирсол, нигоҳдорӣ ва коркарди информатсия дар ҳамаи намудҳои имконпазири зуҳуроти он (матнӣ, графикӣ, аёнӣ, овозӣ ва ғ.) мебошад. Тарзҳои мазкур ҳоло, асосан дар системаҳои компютерӣ ва шабакаҳо амалӣ мегарданд. Бинобар он, мафҳуми «технологияҳои информатсия»-ро бо мафҳуми «технологияҳои компютерӣ» баробар менамоянд. Технологияҳои компютерӣ бо мафҳуми томаш – ин технологияҳои тартибдиҳӣ, ташкилёбӣ ва амалигардии системаҳои муосири компютерӣ ва шабакаҳо мебошад. Мақсади ниҳоии системаҳои компютерӣ ва шабакаҳо – саривақт ғункунӣ, ирсол, нигоҳдорӣ ва коркарди иттилоот мебошад. Истифодабарандаи муқаррарӣ дар амалия бо соҳаи барои технологияҳои иттилоотӣ ва компютерӣ умумӣ дучор мегардад. Бинобар он, фарқияти ин ду мафҳум аён намебошад.

Умуман, дар информатикаи амалӣ чунин масъалаҳо дида баромада мешаванд:

1)таъминоти таҷҳизотии воситаҳои технологияҳои ҳисоббарор;

2)таъминоти барномавии воситаҳои технологияҳои ҳисоббарор;

3)воситаҳои алоқаи таҷҳизотҳо ва барномаҳо;

4)воситаҳои алоқаи одам бо техникаи ҳисоббарор – истифодабаранда бо таҷҳизотҳо, барномаҳо.

Алоқа ва таъсироти мутақобиларо интерфейс меноманд:

§интерфейси таҷҳизот – алоқа ва таъсироти мутақобилаи байни таҷҳизотҳо;

§интерфейси барномавӣ — алоқа ва таъсироти мутақобилаи байни барномаҳо;

§интерфейси таҷҳизотӣ — барномавӣ — алоқа ва таъсироти мутақобилаи байни таҷҳизотҳо ва барномаҳо;

§интерфейси истифодабаранда — алоқа ва таъсироти мутақобилаи истифодабаранда бо таҷҳизотҳо ва барномаҳо.

440
Нет комментариев. Ваш будет первым!