​Равандҳо ва технологияи компютерӣ. Мафҳуми раванди иттилоотӣ ва хусусиятҳои он

Технология хусусияти ҷорӣ намудани бо низом ива тартиби пай дарпай гузаронидани амалҳоро дар протсес дорад, бинобар ин вай муқобили ҳар гуна протсесҳои бенизом (хаотикӣ) мебошад. Аз ин нуқтаи назар технологияи информатсионӣ ин технологияи истифодабарии программавии аппаратии техникаи ҳисоббарор дар ягон соҳаи предметӣ (масалан иқтисодиёт) мебошад.

Барнома – ин пайдарпаии ботартиби фармонҳое мебошад, ки воситаҳои таҷҳизотиро идора менамоянд. Таъминоти таҷҳизотӣ ва барномавӣ байни ҳамдигар дар алоқаи бефосила амал менамоянд.

1)архитектураи техникаи ҳисоббарор – тарз ва намудҳои сохти системаҳои коркарди автоматикии маълумотҳо;

2)интерфейси истифодабаранда — тарз ва намудҳои идоракунии таъминоти таҷҳизотӣ ва барномавӣ;

3)барноманависӣ – тарз, намуд ва воситаҳои тартибдиҳии барномаҳо;

4)табдилдиҳии маълумотҳо;

5)бехатарии информатсия;

6)автоматикунонӣ – амалиёти таҷҳизоту барномаҳо бе иштироки одам;

7)стандартикунонӣ – муайян намудани қоидаҳо ва талаботҳои умумӣ, ки ҳамҷоягии байни таҷҳизотҳо, барномаҳо ва маълумотҳои ба намудҳои гуногуни техникаи ҳисоббарор муносибат доштаро таъмин менамояд.

Ҳангоми баҳодиҳӣ ба таҷҳизотҳо ва барномаҳо мафҳуми самаранокӣ истифода мешавад.

Самаранокии таҷҳизот – ин муносибати ҳосилнокии он нисбат ба нархи он бо назардошти истифодабарӣ ва хизматрасонӣ мебошад.

Самаранокии барнома – ин ҳосилнокии кори истифодабарандагоне мебошад, ки бо барнома кор мекунанд.

Хусусиятҳои асосии системаи информатсионӣ чунинанд:

Ø Предмети (объекти) коркард маълумотҳо мебошад;

Ø Мақсади гузаронидани протсесси коркард ба даст овардани ахборот мебошад;

Ø Воситаҳои гузаронидани протсесс ин комплекҳои ҳисобарорӣ программавӣ, аппаратӣ программавӣ – аппаратӣ мебошанд;

Ø Протсесси коркард аз оператсияҳо (амалиётҳо) вобаста аз соҳаи предметӣ иборат аст;

Ø Қарори қабули қарорҳои таъсиррасонӣ ба протсесс аз ҷониби он шахсон ба амал бароварда мешавад, ки онҳо ҳуқуқи баровардани ин қарорро доранд;

Ø Критерияи ба амал баровардани протсесс ин сари вақт бурда расонидани ахборот ба истифодабаранда ва аз он ҷумла эътимоднокӣ, ҳақиқатӣ ва пуррагии он мебошад.

435
Нет комментариев. Ваш будет первым!