Равандҳо ва технологияҳои иттилотӣ. Мафҳуми рафтори технологӣ дар табдилдиҳии маълумот

Технологияҳои компютерӣ бо мафҳуми томаш – ин технологияҳои тартибдиҳӣ, ташкилёбӣ ва амалигардии системаҳои муосири компютерӣ ва шабакаҳо мебошад. Мақсади ниҳоии системаҳои компютерӣ ва шабакаҳо – саривақт ғункунӣ, ирсол, нигоҳдорӣ ва коркарди иттилоот мебошад. Истифодабарандаи муқаррарӣ дар амалия бо соҳаи барои технологияҳои иттилоотӣ ва компютерӣ умумӣ дучор мегардад.

Равандҳои информасионӣ дар технология информасионӣ ба хусусятҳои инсон монанд карда шудааст. Масалан: қабули информасия дар мо бо воситаи чашм, гӯш, ва дигар узвҳои ҳисиёт иҷро карда мешавад. Дар технологияи компютерӣ бошад информасияро бо воситаҳои гуногун дохил карда мешавад.

Масалан: информасияи матнӣ бо воситаи клавиатура ё сканер ворид карда мешавад. Ҳамин тавр информасияро дохил кардан мумкин аст.

Коркардаи информасия вобаста аз намуди информасия ҳар хела мешавад. Масалан: информасияи матнӣ бошад таҳрир (редоктирование) карда мешавад. Информасияҳои ададӣ бошад бо амалҳои арфметикӣ ҳисоб карда мешавад. Информасияи графикӣ бошад бо воситаи барномаҳоии махсус дигаргун карада мешавад. Масалан: барномаҳои MSPaint, ва барномаҳои монтажкунии SonyVegas, Pinacle.

Ҳамаи ин амалҳоро ба се марҳила мутаҳид мекунад:

1) Ҳуҷҷатгузорӣ амалёти хоҷагӣ;

2) Ба танзимдарорӣ ва умумӣ кардани маълумоти бақаӣдгиранда;

3) Истифода бурдани информасия.

Ҳар яке аз ин марҳилаҳо як катор номгуи корҳоро дарбар мегирад.

1)Гирифтани маълумот

2)Ғункунӣ ва бакаӣдгирӣ

3)Фристонидан (интиқол кардан)

4)Нигоҳдорӣ

5)Коркард

6)Гирифтан ва назорати натиҷаҳо

7)Истифодабарии натиҷаҳои коркард.

Ин номгӯи корҳо тартиби нишондодашударо риоя накарданаш мумкин аст. Масалан: маълумоти воридшуда бенигоҳдории ва бақайдгирии якбора ба коркард шуданаш мумкин аст.

Усулҳои коркарди маълумот се хел мешавад:

— дастӣ

— механикӣ

— автоматӣ

Дар коркарди дастӣ – воситаҳои техники информасиони қариб истифода намешавад. Масалан: чӯт, ҳадвалҳои логарифимӣ.

Дар коркарди механики – маълумоти воситаҳои гуногуни технологияи информасиони истифода бурда мешавад. Масалан: арифмометр, воситаҳои механики, қабул ва бақайдгирии маълумоти ададӣ, какулятор, воситаҳои электромеханикӣ қабул ва коркарди информасия – тарозуҳои электромеханикӣ, ҳисобкунакҳои электромеханикӣ ва ғаӣра.

Усули коркарди автоматӣ маълумот истифодаи кори дастиро аз байн мебардорад. Тамоми ҳафт номгуи амалёти дида шуда ба тавре автомати иҷро мегардад. Масалан: воситаҳои бақайдгирии маҳсулоти истеҳсолшуда, фӯрухташуда, қабулшуда ва ғаӣра.

345
Нет комментариев. Ваш будет первым!