Кор бо компютери фардӣ. Қоидаҳои кор бо компютери фардӣ

Кор бо компютери фардӣ

Қоидаҳои кор бо компютери фардӣ

Ҳангоми кор бо компютери фардӣ техникаи бехатариро риоя намудан лозим аст. Дар таҷҳизоти вайрона кор накунед. Ба тугмаҳои клавиатура ҳ муш бесабаб бо ангушт назанед: зеро бо ҳамин восита таҷҳизотро метавонед вайрон кунед. Компютерро бесабаб ба кор наандозед ё хомӯш накунед: компютерро вақте ба кор медароред онро танҳо баъди анҷоми кор хомӯш кунед (танҳо мониторро ба режими муҳофизатӣ гузоштан зарур аст).

Фаромӯш накунед: ки шумо бо таҷҳизоти барқӣ кор мекунед: аз ин рӯ техникаи бехатариро ҳангоми кор бо он фаромӯш накунед. Симҳои компютерро бемақсад накашед ва даст нарасонед. Бо дасти чиркин ба клавиатура нарасед. Дар назди компютер ҳаргиз хӯрок нахӯред: зеро майдарезеҳои хӯрок метавонад ба ҷойҳои сӯрохи компютер рехта онро аз кор барорад.

Сӯрохҳои шамолгузарии таҷҳизотро напӯшонед. Гоҳ-гоҳ таҷҳизотро бо латтаи намнок пок кунед ва эҳтиьт шавед: ки об ба дохили компютер нарезад. Ҳангоми пок кардани компютер онро аз барқ ҷудо кунед. Ба экрани монитор даст нарасонед. Дар дохили дискдон диск нагузоред.

Албатта пешакӣ муайян кунед: ки компютератонро болои миз чӣ тавр бояд гузоред

Блоки системавӣ бояд дар ҷойи боэътимод гузошта шавад. Онро агар барои кор бо дискета мувофиқ бошад. Коре кардан лозим аст: ки компютер наларзад ва наҷунбад: ба он нарасанд. Компютерро дар болои миз паҳлӯи принтери матрисавӣ ь мошинкаи механикии чопӣ нагузоред. Махсусан ба ҷой гузоштани дисплей аҳамият диҳед. Ҷойеро интихоб кунед: ки ба чашматон нури равшанӣ нарасад.

Пеш аз пайваст кардани компютер бо барқ донистан лозим аст: ки қувваи барқ чӣ гуна аст. Қувваи барқ бояд ба компютер мувофиқ бошад. Барои пешгирӣ кардани зарари пасту баландшавии барк компютерро бо таҷҳизоти таъминкунандаи баркӣ (Unintemiptable Power Supply: UPS) пайваст намудан лозим аст.

4. Алгоритм ва хосиятҳои он

Мафҳуми алгоритм пеш аз пайдоиши МЭҲ ба қатори мафҳумҳои асосии математикӣ ҳамроҳ шуда: яке аз қисмҳои асосии информатикаро ташкил медиҳад.

Мафхуми алгоритм аз калимаи лотинии algorithmноми математики бузарги асри IX Ал Хоразмӣ пайдо шудааст. Ал Хоразмӣ қоидаи иҷрои чор амали арифметикиро бо рақамҳои калон кашф намудааст.

Зина ба зина иҷрошавии масъалаҳои гузошташударо алгоритм меноманд.
Хусусиятҳои алгоритм.

Алгоритмро аз р.и хусусият ва тарзи истифодашавиаш ба чунин гур.ҳҳо ҷудо кардан мумкин аст№

1. Дискретӣ. Алгоритм ба намуди қадамҳои охирнок оварда шудааст: яъне иҷро шудани қадами оянда фақат аз иҷроиши қадами пешистода вобаста аст;

2. Охирнок. Иҷроиши алгоритм баъди як миқдор қадамҳо ба итмом мерасад;

3. Фаҳмо ва равон. Барои он: ки алгоритм истифода шавад вай бояд ба истифодабаранда фаҳмо бошад;

4. Аниқӣ. Ҳар як қадами алгоритм бояд буро навишта шавад: яъне ҳангоми кор иҷрокунанда дар иҷрои ягон қадам набояд шудҳа кунад;

5. Дохилкунӣ. Алгоритм метавонад дорои як миқдор тащирьбандаҳое бошад6 ки ба онҳо қимат бахшем;

6. Барориш. Мақсади асосии истифодаи алгоритм ин гирифтани натиҷаи дилхоҳест: Ки аз ахбороти аввала вобаста аст;

7. Самаранокӣ. Талаботи асосии алгоритм ин дар вақти кам ва бехато иҷро шудани хар як қадам аст.

Намудҳои алгоритм.

Барои ҳал ва натиҷагирии дилхоҳи ҳар як масъалаи алоҳида бояд усули ҳалли махсус истифода бурд: Ки онро намуди алгорит меноманд. Алгоритм аз р.и намуд аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Намудҳои алгоритм инҳоянд№

1. Хаттӣ – алгоритме: ки дар он ҳалли масъала аз р.и нақша паси ҳам ба таври зина ба зина иҷро мегардад.

2. Шоханок – алгоритме: ки дар он иҷрои ягон амал (қадам) аз иҷро шудан ь иҷро нашудани ягон шарт вобаста мебошад.

3. Даврӣ – алгоритме: ки ҳангоми он як амал пайдарҳам чанд маротиба такрор мешавад.

Усулҳои навиштани алгоритм.

1. Тасвири калимагию формулавӣ (бо забони муқаррарӣ бо истифода аз формулаҳои математикӣ).

2. Тасвири графикӣ дар шакли блок-схемаҳо (маҷмӯъи ба ҳам алоқаманди фигураҳои геометрӣ).

  1. Тавсиф бо ягон забони барномасозӣ (оператор).

Зинаҳои асосии ҳалли вазифа дар МЭҲ

1. Масъалагузории математикӣ – муқаррар кардани вазифагузорӣ ҳамчун вазифаи ягон бахши математика;

2. Сохтани модели математическӣ;
Модел. Бо дигар объект иваз кардани объекти ом.хташаванда: ки ҷиҳатҳои муҳими объекти додашударо ифода мекунад: модел номида мешавад.

3. Интихоби усули ҳалли бузургӣ;

4. Сохтани алгоритм.

5. Навиштани алгоритм бо ягон забони барномасозӣ;

6. Гузоштани барнома ба МЭҲ.
Мисол. Барномаи ҳисоб кардани музди маоши коргар мутобиқи қоидаи зерин№

Агар стажи кори коргар аз 5 сол кам бошад: пас маоши ӯ 130 сомонӣ: ҳангоми аз 5 то 15 сол стажи корӣ доштан маош 180 сомонӣ: аз 15 сол боло – барои ҳар сол 10 сомонӣ илова мегардад.

432
Нет комментариев. Ваш будет первым!