СИСТЕМАИ ОПЕРАТ­СИОНИИ MS WINDOWS

ПАНЕЛИ МАСЪАЛАҲО.

Панели масъалаҳо (Панел задач — Taskbar) яке элементи асосии идоракунии системаи оператсионии MSWindowsба шумор меравад. Ин панел дар қисми поёнии Мизи корӣ ҷойгир буда, дар он элементҳои зиёди идоракунӣ ё информатсионӣ ҷорӣ дода шудаанд. Яке аз элементҳои хеле муҳими Панели масъалаҳо тугмаи Пуск (Oғоз- Start) ба ҳисоб меравад, ки бо ёрии он Менюи асосии система кушода мешавад.

нишондиандаи мушро ба сатри тирчадор гузошта, лаҳзае интизор мешавем. Пас аз гузаштани муддати ками вақт рӯйхати зербандҳои банди меню ба экран бароварда мешавад, ки онро зерменюи ин банди меню Менюи асосии системавӣ мегӯянд.

  1. Завершение работы (Анҷоми кор). Имконияти ин сатри меню аз он иборат аст, ки ба воситаи он кори системаи Windows ба охир расонида шуда, компютер хомӯш карда мешавад.
  2. Выполнить (Иҷрокунӣ). Ин сатри меню имконият медиҳад, ки ба воситаи он барномаи лозимӣ якбора ба иҷрошавӣ равона карда шавад.
  3. Справка (Маълумотнома). Бо ёрии ин сатри менюи асосӣ истифодабарандаи КФ оиди паҳлӯҳои гуногуни системаи Windows маълумотҳои ёрирасонро дастрас менамояд.
  4. Найти (Кофтуков). Азбаски дар дискҳои магнитӣ миқдори хеле зиёди информатсияи табиати гуногундошта сабт карда мешаванд, бинобар ҳамин ҳам ин сатри меню барои ба осонӣ ва зуд кофта ёфтани папка, ҳуҷҷат ё барномаҳо пешбинӣ карда шудааст.
  5. Настройка (Танзимкунӣ). Пас аз интихоби ин сатр дар экран зерменюи зерин пайдо мешавад, ки ба воситаи он истифодабарандаи КФ имкониятҳои мавҷудаи компютерро бо талаботҳо ва завқи худ мувофиқ менамояд.
  6. Документы (ҳуҷҷатҳо). Дар мавриди интихоб намудани ин сатр, аз маҷмӯи ҳуҷҷатҳои дар хотираи компютер мавҷуд буда, экран танҳо рӯйхати 15 ҳуҷҷате пешниҳод карда мешавад, ки истифодабарандагони компютер дар сеансҳои охирин маҳз онҳо кор кардаанд.
  7. Избранное (Интихобшуда). Ҳангоми интихоби ин сатр зерменюи силсиладоре кушода мешавад, ки дар он истифодабарандагони компютер ҳуҷҷатҳои заруртарини худро ҷойгир карда метавонанд.
  8. Программы (Барномаҳо). Ҳангоми интихоб намудани ин сатр дар экран рӯйхати барномаҳое пайдо мешавад, ки онҳо дар системаи Windows ба қайд гирифта шудаанд. Барои ба кор даровардани ягон барнома кифоя аст, ки номи он аз рӯйхат интихоб карда шуда, тугмаи чапи муш пахш карда шавад.

Ба кор андохтани Роҳбалад (Проводник). Намуди зоҳирии Провод­ник. Панелҳои Проводник.
Роҳбалад (Проводник Explorer) яке аз барномаҳои асосии хидматии системаи MSWindowsба шумор рафта, барои навигатсияи сохтори файлии компютер ва хизматрасонии он пешбинӣ карда шудааст. Ба воситаи Рохбалад папкаҳо, ҳуҷҷатҳо ва барномаҳо бо роҳи хеле осон кофта ёфта мешаванд.

1.05K
Нет комментариев. Ваш будет первым!