Файл гуфта, ягон соҳаи номдори дискро меноманд, ки дар он ягон миқдори информатсия сабт ёфтааст. Файлҳо бо ягон нишонаи умумиашон ба папкаҳо (ҷузъдонҳо) нигоҳ дошта мешаванд. Дар хотираи компютер папка низ файле мебошад, ки дар он ном ва суроғаи файлҳо ва зерпапкаҳо нигоҳ дошта мешавад. Ҳангоми Ба папкаҳои системавӣ ҳамаи папкаҳои файлҳои системаҳои оператсионӣ дохил мешаванд. Масалан, папкаи MS Windows ҳамаи файлҳои системаи оператсионии MS Windows-po дар бар гирифтааст.
Папкаҳо бошанд, барои ба танзим овардани файлҳо истифода бурда мешаванд. Папкаҳо низ ба мисли файлҳо номгузорӣ карда мешаванд, вале онҳо дар номашон қисми иловагӣ надоранд. Папкаҳои MS Windows, дар навбати худ, метавонанд боз зерпапкаҳоро дар бар гиранд.
Нишонаҳо ва ярликҳо:
Нишона гуфта, тасвири графикии объекти MS Windows-po меноманд. Объектҳои асосии MS Windows-po барномаҳо, файлҳо ва папкаҳо ташкил медиҳанд. Ҳар он амалиёте, ки гӯё бо нишонаи объект гузаронида мешавад, дар асл бо худи объект иҷро карда мешавад.
Ярлик низ як навъ нишона аст, яъне он низ гӯё тасвири графикии ягон объекти MS Windows аст. Вале фарқи ярлик аз нишона дар он аст, ки агар нишона худи объектро тасвир кунад, он гоҳ ярлик танҳо сояи объект ё худ суроғаи онро тасвир мекунад.