ШАБАКАИ КОМПЮТЕРӢ. СИСТЕМАҲОИ ҶУСТУҶӯӢ ДАР ИНТЕРНЕТ ВА ТАТБИҚИ ОН

Шабакаи компютерӣ.

Шабакаи компютерӣ инпайвастшавии ду ё якчанд компютерҳо бо мақсади самаранок истифода бурдани имкониятҳо ва захираҳояшон мебошад. Шабакаи компютерӣ имкон медиҳад, ки чунин воситаҳои иловагӣ ба монанди принтер, сканер, плоттер, стример ва дигарон коллективона истифода шаванд. Инчунин таъминоти информатсионӣ ё барномавии умумӣ имкон медиҳанд, ки хотираи компютерҳо сарфа карда шаванд. Шабакаи компютерӣ — воситаи пуриқтидори мубодилаи информатсияи байни компютерҳо мебошад. Дар амалия вобаста аз ҳаҷми информатсияи барои ҳалли масъалаҳо зарурӣ аз шабакаҳои компютерии локалӣ, корпоративӣ (минтақавӣ) ва глобалӣ истифода мебаранд. Шабакаҳои локалӣ одатан барои ташкил намудани алоқаи байни компютерҳои як ҳуҷра, бино, ё якчанд бинои корхона хизмат менамоянд. Агар компютерҳои якчанд корхонаҳои ягон маҳал бо ҳамдигар алоқаманд шаванд, он гоҳ мегӯянд, ки онҳо дар шабакаи корпоративӣ пайвастанд. Шабакаи глобалӣ алоқаи компютерҳои тамоми кураи Замин мебошад. Ба он Интернет, Интранет, Фидонет ва дигар шабакаҳо дохил мешаванд. Дар байни онҳо шабакаи глобалии аввалин ва паҳншудатарин Интернет мебошад, ки он бо истифодаи бепул бо тезӣ паҳн шудааст. Телекоммуникатсия аз калимаҳои теле – масофа ва коммуникатсия – мубодилаи информатсия гирифта шуда, мубодилаи информатсиониро дар масофаҳои гуногун бо воситаҳои ноқилӣ ва беноқил таъмин менамояд.
Системаҳои ҷустуҷӯи Интернет.
www.rambler.ru) оғоз намуда, ки яке аз аввалин ҷӯяндаҳои Рунет мебошад. Масалан, мутахассисони Россия тасдиқ менамоянд, ки то 90% истифодабарандагони русзабон моҳе ақаллан як маротиба аз имкониятҳои Рунет истифода мебаранд.
Равзанаи асосии системаи ҷустуҷӯии Rambler

Қайд менамоем, ки Rambler ғайр аз ҷустуҷӯи оддии маълумотҳои дархостшуда инчунин, дорои воситаи ҷустуҷӯии васеъ мебошад (Расширенный поиск — www.rambler.ru/doc/advanced.shtml).

www.yandex.ru) мебошад. Афзалияти асосии он дар забони табиии тартиб додани дархостҳо мебошад. Албатта, дар ин ҳолат набояд фаромӯш намуд, ки амалиётҳои ҷустуҷӯиро мошин иҷро менамояд ва хатогиҳои мантиқӣ имконпазир мебошанд.

Равзанаи асосии системаи ҷустуҷӯии Яndex

ғайр аз имкониятҳои муқаррарии ҷустуҷӯӣ, Яndex имконияти ҷустуҷӯии васеи маълумотҳоро (http://www.yandex.ru/advanced.html) дастгирӣ менамояд. Реҷими мазкур имконияти ба таври аниқ муайян намудани хусусиятҳои дархостро таъмин намуда, умуман ба ҷустуҷӯи васеи системаи Rambler монанд аст. Имконияти дар ҳудуди як саҳифа дарёфт намудани калимаи лозимӣ илова шудааст. Инчунин, имконияти аз фазои ҷустуҷӯӣ хориҷ намудани саҳифаи алоҳида низ мавҷуд аст.

Системаи ҷустуҷӯи Апорт.

Системаи ҷустуҷӯии Апорт aport.ru/ боз як ҷӯяндаи машҳури русзабон мебошад. Хусусияти Апорт – имконияти истифодабарии on-line тарҷумаи англисӣ-русӣ ва русӣ-англисии дархостҳо мебошад. Истифодабарандагон метавонанд забони манбаи маълумоти дархостшавандаро надониста, онро ҷустуҷӯ намоянд. Бо баробари он, қайд менамоем, ки воситаҳои тарҷуманамоӣ ҳоло на он қадар мукаммал мебошанд ва ҳангоми ҳосил намудани натиҷаҳои ҷустуҷӯ саҳеҳии онҳоро санҷидан лозим аст. Одатан, барои дархостҳои содда натиҷаҳои саҳеҳ дарёфт карда мешаванд.

Почтаи электронӣ.
Почтаи электронӣ – яке аз имкониятҳои қадимаи Интернет мебошад. Дар ибтидо, аксарияти шабакаҳо, танҳо чунин имкониятро пешниҳод менамуданд. Тавассути почтаи электронӣ қариб тамоми намуди маълумотҳоро ирсол намудан мумкин аст. Ба матни навишташуда файли андозааш кифоя калонро низ ҳамроҳ намудан мумкин аст. Масалан, агар шумо ба рафиқатон мактуб навиштанӣ бошед, ба он расми худ ё иттилооти овозиро ҳамроҳ намуда метавонед.

Истифодабарандагони ботаҷриба одатан, якчанд суроғаҳои почта доранд – яке барои кор, дуюмин барои мактубҳои шахсӣ ва ғ. Қуттиҳои бемаблағи почта инчунин, барои нигоҳ доштани сирри истифодабаранда низ истифода шуда метавонанд ва масалан, аз рӯи суроғаи почта муайян намудани шахсияти истифодабаранда номумкин мешавад.

Як қатор чунин саҳифаҳоро номбар намудан мумкин аст, ки имконияти бе маблағ кушодани қуттии почтаро медиҳанд:

  • Mail.ru
  • 14um.net
  • Newmail.ru
  • Rambler. ru
  • Yandex. ru ва ғ.
546
Нет комментариев. Ваш будет первым!