СИСТЕМАИ АМАЛИЁТИИ MICROSOFT WINDOWS

Пас аз нимаи дуюми солҳои 90-уми асри гузашта ҷойи СА MS DOS ва қабатҳои барномавии графикии Windows 3.1 ва Windows 3.11-ро муттасилан силсилаи системаҳои амалиётии худмухтори MS Windows – Windows-95, Windows-98, Windows-NT, Windows-2000, Windows-Mu, Windows-XP, Windows-7 ва Windows-8 гирифтаанд. Калимаи «windows» (виндовз) тарҷумаи «тирезаҳо» ё «равзанаҳо»-ро дорад.

Изображение

Барои чӣ ба ин система виндовз ном гузоштаанд? Барои он ки бо ёрии он ҳар як барнома дар экран дар дохили равзанаи худ тасвир карда мешавад. Бо ёрии ҷузъҳои равзанаҳо бошад, барномаҳо идора ва иҷро карда мешаванд.

Дар MS Windows барои нигаҳдории парвандаву ҷузвдонҳо системаи парвандаии NTFS (New Technology File System – Технологияи нави системаи парвандаӣ) истифода бурда мешавад. Номи парвандаву ҷузвдонҳо то 256 аломат дошта метавонад. Ҳарфҳои хурду калони ном мутлақо аломатҳои гуногун ба ҳисоб мераванд.

Ҳангоми корбурди равзанаву замимаҳои СА Windows аз манипулятори муш ба таври васеъ истифода мебаранд. Тугмаи чапи мушро дар ҷудокунии қисмҳои матну объектҳои графикӣ, фаъолу лағвгардонии интихобҳои амрӣ, интихоби ҷузъи тасмаҳои афзору фармонҳои меню (рӯйхат, номгӯй), ҷойгузини санадҳову объектҳои алоҳидаи онҳо дар равзана, корбарӣ бо ҷузъҳои идории равзанаҳои робитавӣ ва ғайра мавриди истифода қарор медиҳанд. Тугмаи рости мушро бештар дар кушодани менюи зерматнӣ (контекстӣ) истифода мебаранд.

Объектҳои Windows (барнома, санад, ҷузвдон ва ғайра) дар экран дар шакли ягон нишона инъикос карда мешаванд. Барои фаъол гардонидани объект кифоя аст, ки ба нишонаи он бо ёрии тугмаи чапи муш таъсир расонем. Тамғаҳои (ярликҳои) Windows барои аз қисмҳои гуногуни диск бе нусхабардорӣ кардани муҳтавои парвандаҳо ва дастрас намудани барномаву санадҳо хизмат мерасонанд. Дар мизи корӣ (равзанаи асосии виндовз) на танҳо нишонаву (пиктограмма) тамғаҳои замимаҳо ва санадҳои алоҳида, балки ҷузвдонҳо низ ҷойгир карда мешаванд.

Изображение

Лавҳаи масъалаҳои (Панель задач – Taskbar) мизи кории Windows механизми амалигардони чандмасъалаӣ буда, раванди аз як замима ба замимаи дигар гузаштанро метезонад. Дар тарафи чапи лавҳаи масъалаҳо тугмаи Оғоз (Пуск – Start), дар тарафи рост – соати системавӣ ва дар мобайн – нишонаи замимаҳо ва санадҳои фаъол ҷойгир мешаванд. Мизи корӣ тавре сохта шудааст, ки барои навомӯз бисёр созгор аст. Корбари пуртаҷриба бошад, метавонад онро мувофиқи табъи худ ба танзим орад.

Windows имрӯз назар ба гунаҳои пешинаи худ хеле такмил ёфта, тамоми имкониятҳои гунаҳои қаблиро дар худ нигоҳ доштааст. Вай барои замимаҳои худ ончунон муҳите сохтааст, ки дар он тамоми амалҳои якхела бо тарзи ягона иҷро карда мешаванд. Дар ин система якбора бо якчанд барнома низ кор кардан мумкин аст. Илова бар ин, иттилооти як барномаро дигар барномаҳо ба осонӣ истифода бурда метавонанд. Корбарони КФ ҳоло асосан бо Windows-7, Windows-8, Windows-8.1 ва ё Windows-10, кор мекунанд.

Ҳамин тариқ, системаи амалиётии Windows:

  • байни компютер ва корбар интерфейси графикӣ таъмин менамояд;
  • нармафзори пойгоҳӣ ба ҳисоб меравад. Дар муҳити он виросторони матнӣ (масалан, MS Word), ҷадвалҳои электронӣ (масалан, MS Excel), пойгоҳи додаҳо (масалан, MS Access) ва дигар барномаҳои татбиқӣ кор карда метавонанд;
  • ҳангоми амалиёти дохилкуниву хориҷкунии иттилоот, идоракунии хотираи компютерро ба уҳдаи худ мегирад;
  • барномаҳои махсуси хидматиро дар бар мегирад, ки онҳо доимо дурустии система, замимаҳои он, парвандаву ҷузвдонҳо ва дискҳоро месанҷанд.
1.34K
Нет комментариев. Ваш будет первым!