Конститутсияи Тоҷикистон кай қабул шудааст; он аз чанд боб ва чанд модда иборат аст?

Конститутсияи ҳозирамалкунандаи Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 қабул шуда, аз 10 боб, 100 модда иборат аст. Боби I Асосҳои сохтори Конститутсионӣ. Боби II Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд. Боби III Маҷлиси Олӣ. Боби IV Президент Боби V Ҳукумат. Боби VI Ҳокимияти маҳаллӣ. Боби VII Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон. Боби VIII Суд. Боби IX Прокуратура. Боби X Тартиби тағйири Конститутсия.
Ба Конститутсияи ҶТ ду маротиба иловаҳо ворид шуд. Дар натиҷаи райъпурсӣ аз 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003. Дар натиҷаи райпурсии соли 1999 парламенти Тоҷикистон ду палатагӣ доимамалкунандаи касбӣ шуда, мӯҳлати интихоби президент на зиёда аз ду бор шуд. Соли 2003 мӯҳлати интихоби президент 7 сол шуда, ҳак дорад аз 1 бор зиёд интихоб шавад. Мӯҳлати ваколати судяҳои халқӣ аз 5 сол ба 10 сол гузаронида шуд.

7.5K
Нет комментариев. Ваш будет первым!