МОШИНИ ТАҲЛИЛИИ БЕББИҶ

Қадами хеле муҳими навбатӣ дар пешбурди техникаи ҳисоббарор ба асри XIX рост омад. Дар ин аср ихтирооти бемисл анҷом дода шуданд. Барои сохтани навъи нави мошинҳои ҳисоббарор олимон дар асоси назарияи нав ғояҳои куҳнаро ба кор мебурданд.

Яке аз чунин намояндагони ин аср намоёнтарин математики англис Чарлз Беббиҷ (1792-1871) ба ҳисоб меравад. Маҳз Беббиҷро асосгузори компютерҳои муосир меҳисобанд. Вале фарқи тадқиқотҳои Беббиҷ аз Паскал ва Лейбнитс дар он буд, ки ӯ назар ба татбиқи амалии ғояҳояш қисми бештари вақти худро ба лоиҳакашии мошинҳои ҳисоббарор бахшидааст. Ғояи офаридани мошини ҳисоббарори дар асоси барнома коркунанда низ ба Беббиҷ тааллуқ дорад. Гарчанде ғояи сохтани чунин мошин мавҷуд ва лоиҳаи он ҳанӯз соли 1830 пурра тартиб дода шуда бошад ҳам, вале худи мошин ҳамчун техникаи ҳисоббарор амалан то ба охир дар ҳаёт татбиқ нашуда монд. Сатҳи онрӯзаи технологии сохтани қисмҳои зарурӣ хеле паст буд. Ҳамаи ин норасоиҳо ва дараҷаи техникаи мавҷудаи онрӯза ба Беббиҷ имконият надоданд, ки ӯ мошини худро ба пуррагӣ сохта тавонад.

Кашфиёти худро Чарлз Беббиҷ мошини таҳлилӣ (аналитикӣ) номид. Мувофиқи лоиҳа мошини ӯ бо ёрии қувваи буғ бояд ба кор медаромад. Дар ин ҳангом мошин мебоист фармонҳоро қабул, ҳисоббарориҳоро иҷро ва натиҷаҳои заруриро дар коғаз чоп менамуд. Барномаҳо бошанд, мебоист рамзгузорӣ шуда, ба перфокортҳо гузаронида мешуданд.

Эзоҳ: Перфокорт – корти картоние мебошад, ки бо ёрии сӯрохчаҳо рамзсозӣ карда шудааст.

Ғояи ба воситаи перфокортҳо ба мошин дохил кардани барномаро Беббиҷ аз ихтироъкори франсавӣ Жозеф Жаккар гирифтааст. Жаккар перфокортҳоро барои идоракунии амалиёти гуногун дар дастгоҳҳои бофандагӣ истифода мебурд. Ба воситаи комбинатсияҳои сершумори перфокортҳои сӯрохдор ӯ ҳангоми бофтани матоъ нақшу нигорҳои ҳархела ҳосил менамуд. Жаккар ҳатто фикр ҳам карда наметавонист, ки рӯзе ғояи ӯ барои коркарди иттилоот дар мошинҳои ҳисоббарор истифода бурда хоҳад шуд.

Ҳамин тариқ, мошини таҳлилии Беббиҷ мувофиқи лоиҳа ҳамаи қисмҳои асосии компютерро дар бар мегирифт. Масалан, мошини ӯ дорои хотира (ба ибораи Беббиҷ – анбор), қисми арифметикӣ (осиёб) ва қисмҳои идоракунӣ, дохилкунӣ ва хориҷкунӣ буд. Он мошин бояд амалҳои ҷамъу тарҳро дар як сония ва зарбу тақсимро тақрибан дар як дақиқа иҷро менамуд. Мошини Беббиҷ аз рӯи лоиҳа ҳамакор, яъне универсалӣ буда, ба воситаи он мебоист масъалаҳои ҳисоббарории дилхоҳ ҳал карда мешуд. Вале бояд қайд намуд, ки ин мошин низ ба монанди мошинҳои арифметикии (арифмометрҳои) дар ҳамон давр амалкунанда, ҳамчун таҷҳизоти механикӣ фикр карда баромада шуда буд.

Беббиҷ ғояи бениҳоят муҳимро пешниҳод кард, ки мувофиқи он, вобаста аз натиҷаҳои мобайнӣ имконияти тағйирдиҳии самти ҳисоббарорӣ пайдо шуд. Ин хосият имконият фароҳам овард, ки мошин дар ҳалли масъалаҳои хеле душвор истифода бурда шавад. Ин фикри Беббиҷ пеш аз ҳама ба математики соҳибистеъдод Огаста Ада Лавлейс (1815-1852) хуш омад. Ада Лавлейс, ки духтари шоири бузурги англис лорд Ҷон Байрон аст, муҳим будани усулҳои таҳлилиро хеле хуб дарк карда буд. Маҳз Ада барои мошини Беббиҷ барномаҳои аввалинро сохтааст ва ӯро бешубҳа барномасози аввалини ҷаҳон ном бурдан мумкин аст.

Ада Беббиҷро бовар кунонид, ки дар ихтирооташ ба ҷойи системаи ҳисоби даҳӣ системаи ҳисоби дуиро истифода барад. Ҳамкории Ада ва Беббиҷ, ки оғози ғоя ва назарияҳои нав буд, имрӯз ҳам дар самти барномасозӣ ва ҳам инкишофи техникаи компютерӣ натиҷаҳои худро дода истодааст.

329
Нет комментариев. Ваш будет первым!