Протсессори матни MS Word 2007

Related Articles

Редактори матнӣ– барномае мебошад, ки истифодабарандаро бо воситаҳо барои сохтани ҳуҷҷатҳо, коркарди онҳо, дар хотир нигоҳ доштани онҳо таъмин месозад. Имкониятҳои ин барнома хеле васеъ мебошад – аз омодасозии ҳуччатҳои оддй то омодасозии китобҳо ва маҷаллахо мебошад.

Имкониятҳои ин барнома инҳоянд:

– чопи матн;

– истифодаи шрифтҳои гуногун ва тасвирҳо;

– коркарди матнҳо дар баробари протсессорҳои матнии

беҳтарин;

– коркарди тасвирҳои графикӣ;

– ба сифати матбуотӣ ҷавобгўй будани ҳуҷҷатҳо;

– дар шабакаҳо ва платформаҳои гуногун кор кардан.

Барномаҳои беҳтарин дар ин соҳа инҳоянд: Microsoft Word, WordPertfect, PageMaker, Microsoft Publisher, Frame Maker. Принсипҳои кории редактори матнии MS Word –ро дида мебароем.

Интерфейси Microsoft Word 2007

Равзанаи редактори матнии MS Word 2007 чунин намуд дорад. Дар тарафи чапи болоии равзана тугмаи “Office” ҷойгир карда шудааст. Дар он фармонҳои Создать, Открыть, Преобразовать, Сохранить, Сохранить как, Печать, Подготовить, Отправить, Опубликовать, Закрыть ва рўйхати ҳуҷҷатҳои кушода шуда оварда мешавад..

Қисми болоии равзанаро тасмаи менюи асосӣ (тасма главного меню) ишғол кардааст. Ягон фармони онро интихоб намуда, ҳамаи асбобҳои лозимаро, ки ба намуди нишона (расмҳо) оварда шудаанд, ба даст меорем. Бояд қайд кард, ки ягон нишонаро ҳам-роҳ ё тоза кардан мумкин нест. Тугмачаҳои меню аз рўи функсия ва вазифаашон ҷамъ оварда шудаанд. Мисол – Менюи асосӣ аз гуруххои зерин иборат аст:

Буфер обмена, Шрифт, Абзац, Стили, Редактирование.

Дар лавҳа (лавха) тугмачаҳое, ки нисбатан зуд-зуд истифода бурда мешаванд, ҷойгир карда шудаанд. Агар тугмачаи лозим дар лавҳа набошад, онро за тирчаи дар поёни кунҷи рости гурух буда дарёфт кардан мумкин аст.

Агар вазифаи ягон тугмачаро надонед, дар назди он тирчаи мушакро дошта истед. Ҳамон замон ёрдамчӣ – пайдо шуда, вазифаи онро хабар медиҳад. Бо ҳамин роҳ вазифаи дилхоҳи тугмачаро омўхтан мумкин аст.

Дар ҳамаи замимаҳои Microsoft Word 2007

Лавҳаи зуд дастрас кардан (лавхаь быстрого доступа) мавуд аст. Он дар назди тугмачаи “Office” ҷойгир аст. Дар лавҳа фармонҳои зуд-зуд истифодабаранда оварда шудаанд: Дар хотир нигоҳ доштан (Сохранить), Рад намудани дохилкунӣ (Отменить ввод), Такрори дохилкунӣ (Повторить ввод).

Барои таркиби Лавҳаи зуд дастраскуниро иваз кардан фармони « Другие команды» пахш кунед. Равзанаи …. барномаи Microsoft Word кушода мешавад. Фармони лозимро ҷудо карда, тугмачаи «Добавить»-ро пахш кунед. Агар ягон фармонро тоза кардан лозим бошад, онро ҷудо карда, тугмачаи «Удалить»-ро пахш кунед.

Дар қисми поёнии равзана Cатри ҳолатҳо оварда шудааст. Дар он миқдори саҳифаҳо, рақами саҳифа, миқдори калимаҳо, забони матн, масштаб оварда мешавад. Дар ин фармонҳо тугмачаи рости мушакро пахш карда, Сатри ҳолатҳоро тағйир додан мумкин аст.

КОР БО ҲУҶҶАТҲОИ MS WORD 2007

Фармонҳои асосӣ барои амалҳо бо файлҳо ва папка-ҳо дар менюи тугмачаи “Office” оварда шудааст. Барои сохтани ҳуҷҷати нав қисми аввали менюи “Создать” истифода мешавад. Барои бо ҳуҷҷати интихобгашта ягон амал иҷро кардан, пеш аз ҳама онро «ҷудо» кардан лозим аст. Ҳангоми сохтани ҳуҷҷати нав қисми аввали менюи «Создать» истифода мешавад. Дар ин вақт равзанаи “Создание документа” кушода мешавад. Дар қисми чапи он равзана категорияи шаблонҳо оварда мешавад ва дар он шаблони лозими ҳуҷҷат интихоб карда мешавад. Ҳангоми ба охир расидани амали сохтани ҳуҷҷат дар кунҷи поёнии рости равзана фармони “Создать”-ро пахш кунед. Равзанаи ҳуҷ-ҷати нав кушода мешавад. Ҳар бор ҳангоми кушодани барномаи MS Word 2007 чунин равзана кушода мешавад.

Барноми MS Word 2007 ҳамаи ҳуҷҷатҳоро дар формати .docx. дар хотир нигоҳ медорад. Ин форматро версия-ҳои кўҳнаи ин барнома хонда наметавонанд. Барои ҳамин агар шумо хоҳед, ки ҳуҷҷати шумо барои ҳамаи дигар версияҳои барнома дастрас бошанд, он гоҳ файли худро дар реҷаи меню “Office” – “Сохранить как” – ” в режиме ограниченной функциональности” дар хотир нигоҳ доред.

Агар шумо ҳуҷҷати дар версияҳои кўҳнаи барномаи MS Word сохтаро кушодан хоҳед, ин файл дар реҷаи маҳдуд кор мекунад (в режиме ограниченной функциональности). Дар ин бора дар сатри сарлавҳаи ахбор пайдо мешавад. Дар ин реҷа ҳамаи амалҳои барнома кор накарда, баъзе фармонҳо дастнорас мешаванд. Барои ҳамаи амалҳои барномаи MS Word 2007 – ро дастрас намуда истифода намудан, Меню “Office”- “Преобразовать” –ро истифода баред.

Агар бо ҳуҷҷати интихобшуда ягон амалро иҷро намудан хоҳед, ҳуҷҷатро ҷудо намудан лозим аст. Роҳи осони он – тугмачаи чапи мушакро дошта истода, то охир кашида баред. Дар барномаи MS Word 2007 реҷаи махсуси ҷудо намудани матн вуҷуд дорад! Барои ин тугмачаи F8 пахш карда, дар ҷои лозим мушак занед.Пай дар пай пахш кардани тугмачаи F8 калима, ҷумла, абзас ё пурра матнро ҷудо мекунад. Барои аз ин реҷа баромадан тугмчаи Esc-ро пахш кунед.

ФОРМАТ ( ФОРМАТИРОВАНИЕ)

Асбобҳои асосии формат дар тасмаи “Главная” ҷойгир карда шудаанд:

Буфер обмена (воситаи мобайнии ивазкунанда)

Шрифт (ҳуруф)

Абзац (абзас)

Стили (шаклҳо)

Редактирование (ислоҳот гузаронидан)

Буфери ивазкунанда (Буфер обмена)

Дар лавҳа чор тугмачаи асосӣ ҷойгир карда шудаанд:

Вставить (Ҳамроҳ кардан)

Вырезать (Буридан )

Копировать (Нусхабардорӣ)

Формат по образцу (Формат аз рўи намуна)

Бояд дар хотир дошт, ки тугмачаҳои “Вставить”, “Вырезать” ва “Копировать” фақат дар хамон ҳолат фаъол аст, агар дар буфер ягон объект (матн, расм, диаграмма ва ҳ.) мавҷуд бошад.

Тугмачаи “Формат по образцу” параметрҳои форматкуниро аз объекти додашуда ба фрагменти лозим мекўчонад.

Одатан буфер фақат бо як объект кор мекунад. Дар буфер ҳамагӣ 24 объектро ҷойгир кардан мумкин аст.

Агар нишонаи мушак дар назди ягон объект гузошта шавад, дар назди он меню бо фаромонҳо кушода мешавад: Хамрох кардан, Тоза кардан ва ҳ.

Шрифт (ҳуруф)

Бо ёрии асбобҳои гурўҳи Шрифт андоза, намуд ва шакли хуруфро иваз кардан мумкин аст. Дар ин меню тугмачаҳо барои хурд/калон кардани ҳуруф, боло/поён навиштани матн, ранги матн, реҷаи матн ҷойгиранд. Агар тугмачаҳои формат кам бошанд (нокифоя), он гоҳ аз равзанаи Шрифт параметрҳоро илова кардан мумкин аст.

Барномаи MS Word 2007 имкониятҳои хеле қулай барои тезтар гузаронидани ислоҳоти матн дорад. Ҳангоми ҷудо намудани ягон қисми матн (фрагмент) дар назди он менюи шаффофи форматкунӣ пайдо мешавад. Дар он ҳамаи фармонҳо оварда шудаанд.

Абзас (Абзац)

Гуруҳи тугмачаҳои дар лавҳаи “Абзац” барои гузоштани абзас истифода мешавад. Дар ин лавҳа инчунин тугмачаҳо барои кор бо ҷадвалҳо гузлшта шудааст.

Тугмачаи увеличения/уменьшения барои хурд ё калон кардани абзас истифода мешавад (онро сатри “сурх” меноманд).

Тугмачаи пас оянда барои аз рўи алфавит ҷойгузорӣ кардани маълумотҳо дар ҷадвал истифода мешавад.

Тугмачаи охирин включает/выключает символҳои диданашавандаро мебарорад. Онро барои ислоҳ кардани хатогиҳои шаклсозӣ низ истифода бурдан мумкин аст.

Дар сатри поён тугмачаҳои росткунии матн ҷойгир карда шудаанд (по левому краю аз тарафи чап, по центру – аз марказ, по правому краю аз тарафи рост, ).

Пас номгўи интервали байни сатрҳо пайдо мешавад.

Лавҳаи “Абзац” барои шаклсозии абзас дар ҳамаи шароитҳо имконият медиҳад.

Шаклҳо (Стили)

Лавҳаи “Стили” барои шаклсозӣ имконият медиҳад.

Ислоҳкунӣ (Редактирование)

Лавҳаи охирини Менюи асосӣ ( Главного меню) барои зуд дарёфт кардан ё аваз кардани як қисми матн (фрагмент) истифода мешавад.

НАМУДИ ҲУҶҶАТ (ВИД ДОКУМЕНТА)

Ҳангоми сохтани ҳучҷҷати нав дар барномаи MS Word 2007 он дар масштаби 100% сохта мешавад. Барои тағйир додани масштаби ҳуҷҷат дар кунҷи поёнии тарафи рости равзанаи барнома ҷойгир карда щудааст. Инчунин намуди ҳуҷҷатро бо ёрии тасмаи “Вид” иваз кардан мумукин аст.

Реҷаи аз назар гузаронидани ҳуҷҷат

(Режим просмотра документа)

Ин лавҳа дар ихири тасмаи “Вид” ҷойгир карда шудааст.

Одатан барномаи MS Word ҳуччатро дар реҷаи Саҳифагардонӣ (“Разметка страницы”) омода мекунад, ки он шакли дар рўи коғаз доштаи матнро пас аз чоп кардан нишон медиҳад.

«Реҷаи хондан»”Режим чтения” – матнро дар тамоми экран хондан мумкин аст. Дар ин ҳол тугмачаҳои идоракунанда нишон дода намешаванд ва дар экран фақат оварда мешавад.

Тугмачаи Сиёҳнавис (“Черновик”) – барои зуд гузаронидани ислоҳот дар матн истифода мешавад.

Нишон додан ё пўшидан (Показать или скрыть)

Дар лавҳаи “Показать или скрыть” бо ёрии тугмачаҳо элементҳои иловагии равзанаро нишон додан ё пўшидан мумкин аст:

  • Ҷадвал (Линейка) – барои зудтар шаклсозӣ кардани матн хизмат мекунад.
  • Тўр (Сетка) – барои шаклсозии ҳуҷҷатҳое, ҷадвал ё расмҳо доранд, истифода мешавад.
  • Расми ҳуҷҷат (Схема документа) – ҳангоми кор кардан бо ҳуҷҷатҳои ҳаҷман калон истифода мешавад.
  • Эскиз – дида баромадани тамоми саҳифаҳои ҳучҷат

Андоза (Масштаб)

Лавҳаи “Масштаб” дар тасмаи “Вид” 5 тугмача дорад.

Тугмачаи “Масштаб” – ҳамаи асбобҳо барои тағйир додани масштаби ҳуҷҷатро дорад.

Чор тугмачаи дигар андозаи ҳуҷҷатхоро чунин тағйир медиҳанд::

  • Тугмачаи “100%” – ҳуҷҷатро 1:1 нишон медиҳад;
  • Тугмачаи « Як саҳифа» (“Одна страница”) -дар экран як саҳифа пурра нишон дода мешавад. Тугмачаи « Ду саҳифа» (“Две страницы”) – дар экран ду саҳифа пурра нишон дода мешавад.
  • Тугмачаи “По ширине страницы” – андозаи ҳуҷҷатро чунин тағйир медиҳад, ки бари равзана ба бари ҳуҷҷат баробар мешавад.

Амалҳо бо якчанд ҳуҷҷатҳо

(Работа с несколькими документами)

Тугмачаи лавҳаи “Окно” барои кор кардан дар якчанд ҳуҷҷатҳо (равзанаҳо) имконият медиҳад.

  • Равзанаи нав (Новое окно) – сохтани равзанаи нав;
  • Пай дар пай кардан (Упорядочить все) – ҳамаи равзанаҳои дар лаҳзаи ҳозира кушодаро ба руи пай дар пай экран мебарорад.
  • Ҷудо кардан (Разделить) – рравзанаи ҳуҷҷатро ба ду кисм ҷудо мекунад.
  • Дар паҳлўи якдигар (Рядом) – ҳуҷҷатҳо дар паҳлуи якдигар ҷойгир карда мешаванд.
  • Мавқеи равзана ба ҳолати аввала баргардонида шавад (Восстановить расположение окна) – ҳар як ҳуҷҷат ними андозаи равзанаро мегирад.
  • Гузаштан ба равзанаи дигар ( Перейти в другое окно) – гузариш байни равзанахои кушода

Чопи ҳуҷҷат (Печать документов)

Пас аз он, ки ҳуҷҷат омомда шуд, шаклсозӣ карда шуд, онро чоп кардан лозим аст. Барои ин дар тугмачаи “Office” фармони “Печать” оварда шудааст. Онро инчунин бо ёрии тугмачаҳои Ctrl+P кушодан мумкин аст.

Фармони «Зуд чоп кардан «( “Быстрая печать” )- агар ба дурустии омодагии ҳуҷҷат бовар дошта бошед, онро истифода баред.

Фармони « Чоп кардан» (“Печать”) – омодасозии принтер барои чоп кардан.

Дар равзанаи чопкунӣ чунин фармонҳо оварда шудаанд: Номгўи принтерҳо (“Имя принтера”) – агар ба компютер якчанд принтерҳо пайваст бошад, принтери заруриро

Лавҳаи Сахифа (Лавхаь “Страница” )- саҳифаи барои чоп кардан лозимро интихоб кунед.

Ҳамроҳ кардан (Список “Включить” )- одатан ҳамаи саҳифаҳо барои чоп ба назар гирифта шудааст. Инчунин «Сахифаҳои ракамашон ҷуфт» ва «Сахифаҳои ракамашон тоқ» -ро интихоб ардан мумкин аст.

Дар лавҳаи Нусха (“Копии” ) – микдори нусхаҳои чопиро интихоб кунед.

Ҳангоми чопи ҳуҷҷат сифати он ва андозаҳои коғази чопиро нишон додан лозим аст. Шакл ва андозаҳо дар равзана нишон дода шудаанд.

ҶАДВАЛҲО ДАР MS WORD 2007

Ҷадвалҳо яке а асбобҳои муҳими шаклсозии матн ва ҳуҷҷат мебошад.

Сохтани ҷадвалҳо дар MS Word 2007

Ҳар як ҷадвал аз сутунҳо ва сатрҳо иборат аст. Хати буриши онҳо катаки ҷадвалро тартиб медиҳад. Барои созтани ҷадвалҳо тугмачаи “Таблицы”, ки дар лавҳаи “Таблицы” тасмаи “Вс-тавка” ҷойгир аст, хизмат мекунад. Ҳангоми ба ин тугмача пахш кардани мушак шумораи зарурии сутунҳо ва сатрҳоро интихоб карда, ҷадвал дил-хоҳро сохтан мумкин аст.

Агар ҷадвал хеле калон бошад, он гоҳ фармони “Вставить таблицу” –ро истифода бурда, шумораи иловагии сутунҳо ва сатрҳоро интихоб кардан мумкин аст.

Агар ҷадвали мураккаб онро бо ёрии «қалам» дастӣ кашидан қулайтар аст. Барои ин аз фармони “Вставить таблицу” расми каламро интихоб карда, бо ёрии тугмачаи чапи мушак ҷадвалро кашед.

Кашидани ҷадвал аз яке аз кунҷҳои ҷадвал сар мешавад:

  • курсор-қаламро ба ҷои зарурӣ гузоред;
  • тугмачаи чапи мушакро пахш кунед.;
  • мушакро аз руи диагонал ба кунҷи поёнии тарафи рости ҷадвал ҳаракат кунонед.
  • тугмачаи мушакро сар диҳед;
  • сарҳади ҷадвал кашида шуд.

Акнун катакчаҳои дохилии ҷадвалро кашед.

Пас аз кашидани ҷадвал боз як маротиба тугмачаи “Нарисовать таблицу”,- ро пахш карда, аз реҷа бароед.

Дар барномаи Word 2007 якчанд вариантҳои ҷадвал-ҳо омода аст. Онҳоро истифода кардан мумкин аст.

Дар барномаи Word 2007 ҷадвалҳои Excel. –ро ҳамроҳ кардан низ мумкин аст. Барои ин тугмачаи “Таблица Excel” мавҷуд аст.

Пас аз кашидани ҷадвал дар равзана асбоби “Работа с таблицами” пайдо мешавад, ки он ду тасма дорад,: “Конструктор” ва “Макет”.

Шаклсозии матн дар дохили ҷадвал

(Форматирование текста в таблице)

Пеш аз ҳама ҷадвалро ҷудо кардан лозим аст:

  • Барои пурра ҷудо кардани ҷадвал дар кунҷи болоии тарафи рост мушак задан лозим аст
  • Барои ҷудо кардани сатри ҷадвал дар майдони матн мушак задан лозим аст.
  • Барои ҷудо кардани сутун дар сарҳади болоии сутун мушак задан лозим аст.
  • Барои ҷудо кардани якчанд катакчаҳои ҳамсоя тугмачаи Shift-ро дошта истода кашида баред.
  • Барои ҷудо кардани якчанд катакчаҳои ҳамсоя тугмачаи Ctrl.-ро дошта истода кашида баред.

Ба ғайр аз ин тугмачаҳои

“Работа с таблицами”.- “Макет”- “Выделить”

-ро низ истифода бурдан мумукин аст.

Барои иваз кардани параметрҳои сатрҳо, сутунҳо ва катакчахо менюи зеринро истифода баред:

“Таблица”.- “Свойства”- “Свойства таблицы”

ОБЪЕКТҲОИ ГРАФИКИИ БАРНОМАИ MS WORD 2007

Асбобҳо барои амалҳо бо графика (расм, тасвир) дар лавҳаи “Вставка”“Иллюстрации” ҷойгир карда шудаанд. Тугмачаи “Фигуры” барои кашидани расмҳои оддитарин истифода мешавад. Барои андозаҳои мутаносиб доштани расм тугмачаи Shift-ро дошта истед.

Пас аз он, ки расм кашида шуд, дар тасмаи “Формат”. менюи “Средства рисования” пайдо мешавад. Барои тағйир додани андозаҳои расм дар канори он нишонаҳо ҷойгиран, онро бо тугмачаи чапи мушак кашида бурда, хурду калон кардан мумукин аст.

Дар дохили тасвир чоркунҷаи рангаш зард мавҷуд аст, ки онро барои тағйир додани самти тасвир истифода мебаранд.

Тасвирро дар гирди меҳвараш чарх занондан низ мумкин аст.

Бисёр фармонҳо барои шаклсозии тасвирҳо дар тасмаи “Формат” ҷойгир карда шудаанд.

Тугмачаи “Эффекты тени”( расми соядор) барои параметрҳои сояитасвир истифода мешавад.

Дар ин тасма инчунин тугмачаи “Объем”( ҳаҷм) мавҷуд аст, ки он барои хаҷман калон кардани тасвир истифода мешавад. Ин тугмача фаромнҳои зерин дорад:

Цвет объемной фигуры(Ранги тасвир), Глубина, Направление(Самти он), Освещение(Равшаннокии он), Поверхность( Сатҳи он).

Ҳамҷоякунии тасвирҳо (Группировка фигур)

Ҳангоми амалҳо бо тасвирҳо баъзан ҳолатҳое вомехўранд, ки дар як вақт якчанд тасвирҳоро хурду калон ё самти онро тағйир додан лозим аст. Дар ин ҳолат бо ҳамаи тасвирҳо дар як вакт кор кардан мумкин аст, яъне онҳоро ҳамҷоя мекунанд.

Барои ин дар тасмаи

“Главная”“Главная”“Упорядочить”- “Группировать” истифода баред.

1.98K
Нет комментариев. Ваш будет первым!