Диски сахт (Винчестер)
Related Articles
Диски сахт (Винчестер)
Умуман, кор бо диски сахт ба монанди дискета ичро мешавад. Фаркият танхо дар он аст, ки диски сахт хамеша дар дохили блоки системави буда, гайр аз ин, амали форматирониро бо чунин диск ичро кардан лозим нест. Зеро дар ин холат тамоми маълумотхои диски сахти компютер тоза шуда компютер аз кор мемонад.
- Кор бо диск
Кор бо диск аз чунин кисмхои асоси иборат буда метавонад:
а) Аз назар гузаронидани маълумотхои диск;
б) Фахмидани чои холи ва бандшудаи диск;
в) Дуруст кардани диск;
г) Дефрагментацияи диск;
д) Аз вирусхо тоза кардани диск.
а) Барои аз назар гузаронидани маълумотхои диск одатан программаи Проводник истифода мешавад. Барои ин, дар лавхаи чапи Проводник бо мушакба пункти (С:) пахш мекунанд. Дар лавхаи рости Проводник тамоми маълумотхои диск инъикос меёбанд:
б) Барои фахмидани чои холи ва бандшудаи диск дар программаи Проводник ба пункти (С:) бо тугмачаи рости мушак пахш намуда, аз зерменюи пайдошуда, кисми «Свойства»-ро интихоб мекунанд:
Пас аз ин, дар экран чунин оина пайдо мешавад:
Бо чунин оина шумо аллакай шинос хастед (хангоми омузиши кор бо диски каиш) ва хусусиятхои онро мустакилона омухта метавонед.
в) Барои дуруст кардани диск ба монанди дуруст кардани диски каиш амал мекунанд.
г) Амали дефрагментатсияи диски сахт имконият медихад, ки фазои диски самаранок истифода шавад. Дар ин чо чунин савол пайдо шуда метавонад:
Савол: Мафхуми дефрагментатсия чи маъно дорад?
Чавоб: Хангоми истифодабарии компютер ба диски сахти он файлхои зиёде сабт мешаванд ва инчунин, дар ин протсесс истифодабарандагон якчанд файлхои нолозимро аз он тоза хам мекунанд. Дар натича дар диск чойхои холи зиёд мешаванд, ки ин холат суръати кори дискро онро паст мекунад. Дар натича суръати кори компютер низ паст мешавад. Бинобар он, барои бартараф намудани чунин холат амали дефрагментатсияи дискро ичро мекунанд, ки он тамоми файлхои дискро пайдарпай чойгир карда, чойхои холиро то хадди имкон нест мекунад.
Барои дефрагментатсияи диск аз оинаи «Свойство» кисми «Сервис»-ро интихоб мекунанд:
Баъд аз ин, тугмачаи аз хама поён – «Выполнить дефрагментацию…»-ро пахш мекунанд. Дар натича чунин оина пайдо мешавад:
Кайд менамоем, ки хангоми ичроиши ин амал тамоми программахоро пушидан лозим буда, дар ин вакт ягон тугмачаи клавиатураро пахш намудан лозим нест.
ж) Аз вирусхо тоза кардани диск мавзуи нисбатан калон мебошад ва бинобар он, дар дарсхои оянда дида шудааст.