Забони барномасозии Visual Basic

Related Articles

МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ДАР БОРАИ ЗАБОНИ БАРНОМАСОЗИИ VISUAL

Basic

Тавасути забони барномасозии VisualBasic барои системаи амалиётии WINDOWS замимаҳои (прилoжение) гуногунро ба осонӣ сохтан мумкин аст. Забони барномасозии Visual Basic аз муҳити графикие иборат мебошад, ки тавасути он шаклҳои экранӣ ва элементҳои идоракуниро барпо кардан мумкин аст. Visual Basic аз маҷмўи асбобҳои лозимие иборат мебошад, ки кори барномасозро осон мегардонанд. Инҳо лоиҳаҳо, шаклҳо, объектҳо, шаблонҳо, элементҳои ғайристандартии идорашаванда, надстройкаҳо, менеҷери базаи маълумотҳо ва ғайраҳо мебошанд.

Ҳангоми аввалин бор ба экран баровардани барномаи Visual Basic мастери Project Wizard ба кор медарояд ва дар экран равзанаи диалогии New Project пайдо мегардад. Дар равзанаи диалогии New Project яке аз қолиби (шаблони, нусхаи) лоиҳаро интихоб намудан мумкин аст, ки корро барои барпо намудани замимаҳо осон менамояд. Равзана аз се фасл иборат аст: New (Лоиҳаҳои нав), Existing (Лоиҳаҳои мавҷуд буда), Recent ( Лоиҳаҳои чанде пеш истифодашуда). Қолиби лоиҳаро дар фасл интихоб намуда, Шумо ба Visual Basic фармоиш медиҳед, ки асоси замима сохта шавад.

Элементҳои асосии забони барномасозииVisualBasic

Равзанаи асосии забони алгоритмии Visual Basic намуди зерин дорад:

Якчанд равзанаҳои дигаре, ки ҳангоми кор дар муҳити барномаи Visual Basic мавриди истифода қарор мегиранд, меорем:

  1. Равзанаи асбобҳо (ҷузъҳои идоракунӣ) – Toollbox.

Равзанаи мазкур намуди умумии зеринро дорад:

Агар онро дар равзанаи асосии барномаи Visual Basic мушоҳида накунем, пас ба воситаи иҷро кардани фармони Object – и феҳрасти View ё зер кардани тугмачаи Toollbox дар лавҳаи асбобҳо, ки намуди зерин дорад барқарор кардан мумкин аст:

– намуди тугмача Toollbox.

  1. Равзанаи шакли экранӣ – Object.

Равзанаи шакли экраниро дар вақти сохтани замимаи сохташаванда истифода мебаранд. Ҳама гуна воситаҳои мукотибаи истифодабаранда бо барномаи сохташанванда (интерфейсҳо) дар шакли экранӣ иҷро карда мешавад. Шакли экранӣ дар равзанае бароварда мешавад, ки онро Равзанаи шакли экранӣ меноманд. Вай намуди зерин дорад:

Агар ин равзана дар экран мушоҳида нашавад, он гоҳ онро ба воситаи фармони Object – и феҳрасти Viеw ё бо ёрии тугмачаи зерин барқарор намудан мумкин аст:

– намуди ин тугмача.

  1. Равзанаи барандаи лоиҳа – Project Explorer.

Равзанаи барандаи лоиҳа инъикоси графикии мундариҷаи лоиҳаи сохташаванда ё лоиҳаи ба муҳити Visual Basic боршавандаро дарбар мегирад.

Инъикоси графикӣ – ин дарахт ё рўйхати тамоми файлҳои ба лоиҳа воридшаванда мебошанд. Намуди умумии Равзанаи барандаи лоиҳа чунин мебошад:

Равзанаи барандаи лоиҳа дар Visual Basic

Агар ин равзана дар экран мушоҳида нашавад, он гоҳ онро ба воситаи фармони Project Explorer – и феҳрасти Viеw ё бо ёрии тугмачаи зерин барқарор намудан мумкин аст:

– намуди ин тугмача.

  1. Равзанаи коди барномавӣ – Сodе

Равзанаи коди барномавӣ ворид кардани коди замимаи сохташаванда хизмат мекунад. Намуди умумии ин равзана чунин аст:

Агар ин равзана дар экран мушоҳида нашавад, он гоҳ онро ба воситаи фармони Сodе – и феҳрасти Viеw ё бо ёрии тугмачаи зерин барқарор намудан мумкин аст:

– намуди ин тугмача.

  1. Равзанаи хусусиятҳои объект – Properties

Равзанаи хусусиятҳои объектро низ бо ду тарз кушодан мумкин аст, ки яке аз онҳо ба воситаи фармони PropertiesWindow – и феҳрасти Viеw ё бо зер кардани тугмачаи зерин:

– намуди ин тугмача.

Намуди умумии ин равзана чунин аст:

Равзанаи хусусиятҳои объект – Properties

  1. Равзанаи аз назар гузаронидани хусусиятҳои синфи объектҳо

Object Browser

Барои дида баромадани хусусияти объектҳои лоиҳа аз равзанаи аз назар гузаронидани хусусиятҳои объектҳо истифода мебаранд. Равзанаи аз назар гузаронидании хусусиятҳои объектҳо намуди зерин дорад:

Равзанаи аз назар гузаронидани хусусиятҳои синфи объектҳо

Агар ин равзана дар экран мушоҳида нашавад, он гоҳ онро ба воситаи фармони – Object Browser и феҳрасти Viеw ё бо ёрии тугмачаи зерини ҷадвали асбобҳо барқарор намудан мумкин аст:

– намуди ин тугмача.

  1. Равзанаи ҷойгиршавии шакл – Form Layout

Дар равзанаи равзанаи ҷойгиршавии шакл – Form Layout Шумо имконияти муайянкунии ҷои шакли экраниро дар монитор барои иҷрои барнома доред.

Агар ин равзана дар экран мушоҳида нашавад, он гоҳ онро ба воситаи фармони – FormLayoutWindow и феҳрасти Viеw барқарор намудан мумкин аст.

Кор бо хусусиятҳoи шакл дар VisualBasic

Хусусиятҳо дар Visual Basic атрибутҳои (сифатҳои тавсифдиҳандаи) объектҳоро ифода мекунанд. Бо ёрии онҳо метавонем намуди зоҳирӣ ва ҳатто рафтори объектро идора намоем. Ҳар як объект дар Visual Basic ақалан якто хусусият дошта метавонад. Дар баъзе объектҳо миқдори бештари хусусиятҳоро мушоҳида кардан мумкин аст. Шарҳи баъзе аз хусусиятҳоро меорем:

  1. Хусусияти Backcolor

Ин хусусият ранги манзараи (фони) шаклро муайян менамояд. Барномасоз имконият дорад, ки аз рангҳои пешниҳод гардида истифода намуда, шакли худро зебо гардонад.

  1. Хусусияти BorderStyle

Хусусияти BorderStyle хусусиятҳои сарҳади иҳота кардаи шаклро муайян менамояд. Сарҳад метавонад, ки қайд гардида ё масштабнок бошад.

  1. Хусусияти Caption

Ин хусусият матнеро муайян менамояд, ки дар сарлавҳаи равзана мебарояд. Агар ба хусусияти BorderStyle қиммати None гузошта шавад, он гоҳ ном нест мегардад.

  1. Хусусияти Controlbox

Ин хусусият қимматҳои True (ҳаққонӣ) ва False (қалбакӣ) – ро мегирад, ки он мавҷуд будан ё набудани тугмачаҳои менюи равзанаро муайян менамояд. Бояд қайд намоем, ки хусусиятҳои BorderStyle, Controlbox, Maxbutton ва Minbutton робитаи мутақобила доранд.

  1. Хусусияти ForeColor

Хусусияти мазкур ба ранги объектҳо таъсири худро нарасонида, балки ранги матнро иваз менамояд. Масалан, агар хоҳед, ки манҳоро бо ранги сурх бароред, он гоҳ дар хусусияти ForeColor ранги сурхро интихоб кунед.

  1. Хусусияти Namе

Ин яке аз хусусиятҳои муҳими барномасозӣ ба ҳисоб меравад. Вай номеро муайян менамояд, ки тавасути он Visual Basic объектҳоро ҳангоми ҳалли барномаҳо муайян менамояд. Барои дуруст фаҳмидани вазифаи замима номи вай бояд маънои пурмазмун дошта бошаду пеш аз он префикси frm илова карда шавад.

  1. Хусусиятҳои Maxbutton ва Minbutton

Ин хусусиятҳо барои дар кунҷи равзанаи лоиҳа баровардани (қиммати TRUE) ё нест гардонидани (қиммати FALSE) тугмачаҳои калонкунӣ (Maxbutton) ва хурдкунӣ (Minbutton) хизмат мекунанд.

  1. Хусусиятҳои Hеight ва Width

Хусусияти Hеight баландии шаклро муайян менамояд. Вайро метавонем бо аз як тарафи шакл дошта иваз намоем. Хусусияти Width барои муайян кардани дарозии шакл хизмат мекунад. Вай дар якҷоягӣ бо хусусияти Hеight истифода мешавад.

  1. Хусусиятҳои Lеft ва Icon

Хусусияти мазкур барои муайян кардани масофаи шакл то канори чапи равзанаи асосӣ хизмат менамояд. Вай бо хусусияти Top якҷоя истифода мегардад.

Хусусияти Icon барои гузориш кардани суратча барои шакл хизмат мекунад. Барои интихоби суратча лозим аст, ки ба номи хусусият ишораи мушакро бурда, тугмачаи онро ду бор паси ҳам зер кунем

2.19K
Нет комментариев. Ваш будет первым!