Ба кордарории компютер
Барои ба кор даровардани компютер, ҳангоми ба љараёни барқ пайваст будани монитор, ва блоки системавӣ аввал монитор баъд аз он тугмаи «Power»-ро, ки дар блоки системавӣ љойгир аст пахш менамоем.
Пахш кардани тугма дар монитор њангоми
бакордарорї
Пахш кардани тугмаи повер дар блоки системавї
Загрузка
Бо фурӯзон намудани компютер интизор шудан лозим аст, ки то раванде, ки «Загрузка» ном дорад гузарад. Баъд аз ин «Мизи корӣ», «Панели масъалаҳо» ва дар охир тамѓаи программаҳо пайдо мегарданд. То оне, ки загрузка рафта истодааст, нишонаи муш намуди соати региро дорад. Ин маънои онро дорад, ки ҳозир ба кори компютер дахолат кардан лозим нест. Танҳо баъди ба анљом расии загрузка нишонаи муш намуди муқарариашро гирад, пас аз он ба кор сар кардан мумкин аст.
Қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва тарзи дуруст
истифодабарии компютер
То ба манбаи барқ пайваст намудани компютер чунин корҳоро санљидан лозим аст.
1. Ноқилҳои пайвасткунандаи қисмҳои компютер дуруст ва љо ба љо бошад.
2. Қисми таъминкунандаи барқӣ бо барқи будагӣ мувофиқат кунад.
3. Блоки таъминкунандаи барқ ба замин пайваст бошад.
Риоя намудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ барои ҳамаи истифодабарандагон ҳатмист!
1. Дар вақти ба кор омодагии компютер симҳои байни қисмҳои компютер пайвастшударо якбора гирифтан ё пайваст кардан мумкин нест.
2. Дар вақти набудани барқ, компютерро ба барқ пайваст кардан мумкин нест.
3. Дар вақти кори компютер қисмҳои берунии блоки системавӣ, экран, клавиатура, мушакро кушодан ва гузоштан қатиян манъ аст.
4. Дар назди сохторҳои асосии компютер гузоштани асбобҳои гармидиҳанда ва онҳоро дар љои намнок гузоштан маън аст.
5. Бояд ба монитор нури офтоб нарасад.
6. Масофаи байни истифодабаранда ва экрани манитор бояд 65-70 см бошад. Ба экран аз боло ба поён таҳти кунљи 15-20 градус нигоҳ кардан лозим аст.
7. Баъд аз 2 – 2,5 соат кор кардан дар назди компютер, бояд танафус кард.
8. Дар назди монитор гузоштани кактус мумкин аст.
Ба истифодабарандаи компютер зарур аст, ки компютерро барои ҳалли масъалаҳо самаранок истифода баранд. Барои самаранок истифода бурдани компютер, истифодабаранда бояд:
– барномаи зиддивирусии хуб дошта бошал;
– ҳар гуна дискҳоро, аввал оиди мављуд будан ё набудани вирус тафтиш намуда, бад онро истифода бурдан даркор аст;
– хотираи компютерро дар вақтҳои муайян, аз маълумотҳои нодаркорӣ тоза намудан даркор аст.
ХОМӮШКУНИИ КОМПЮТЕР
Барои хомуш кардани компютер аввал аз ҳама барномаҳои фаъол баромадан лозим аст. Вақте, ки кор ба охир расид, компютерро лозим аст, ки ба хомӯшшавӣ тайёр шавад. Ин ба он монанд аст, ки баъд аз анљоми кор љои кориро ѓундоштан лозим.
Пас аз он нишондиҳандаи мушро ба болои тугмаи «ПУСК» бурда тугмаи чапи мушро пахш менамоем дар экран нишонаҳои номдоре пайдо мешавад, аз он фармоне, ки, дар сатри аз ҳама поёнӣ: «Выключить компютер», тугмаи «Выключение» ё ин ки «Зовершение работы» љойгир аст, нишондиҳандаи мушро ба болояш бурда тугмаи чапи мушро пахш менамоем. Дар ин ҳолат дар экран равзанаи Выключит компютер пайдо мешавад, ки аз 3-тугма иборат аст: 1-Ждущий режим2-Выклучение3-перезагрузка пас аз он нишондиҳан-даи мушро ба болои Выключение бурда тугмаи чапи мушро пахш менамоем. Пуск Выключить компютерВыключение
Ҳангоми нишонаи мушро ба болои выключение наздик овардан нишонаи даст пайдо мешавад, ки бо пахш намудани ин фармон компютер хомӯш карда мегардад.