Кор бо формулаҳо
Related Articles
Нақша:
- Навишти формулаҳо дар барномаи Ms Word.
- Колонтитулҳо.
Протсессори матнии Word муҳарирри формулаҳои Microsoft Equation3.0-ро дар бар мегирад, ки маҳз барои тартибдиҳии формулаҳо пешбинӣ шудааст. Тавассути муҳарири формулаҳо тартибдиҳии объектҳои формула ва ба ҳуҷҷат гузоштани онҳо имконпазир мегардад. Дар ҳолати зарурӣ ба объектҳои гузошташуда тағйиротҳо дохил намудан мумкин аст.
Ба кор даровардани муҳаррири формулаҳои Microsoft Equation3.0 тавассути фармони «ВставкаОбъект Microsoft Equation3.0» ё пахши тугмачаҳои муҳарририи формулаҳо- Дар яке аз лавҳаҳои равзанаи барномаи Word иҷро мегардад. Бо баробари он, сатри менюи барномаи Word бо сатри менюи муҳаррири формулаҳо иваз мешавад. Дар ҳама ҳолат, лавҳаи воситаҳои муҳаррирӣ формулаҳо кушода мешавад:
КОЛОНТИТУЛҲО
Мақсади дарс: Фаҳмондадиҳӣ ва тарзи истифодабарии колонтитул. Омӯзонидани тарзҳои ва кор бо асбобҳои он ва гузоштани рақами саҳифаи мебошад. Баланд бардоштани малакаю дониши хонандагон.
Нақшаи дарс:
1) Колонтитул чист? Кадом команда барои ба матн ҳамроҳ намудани колонтитулҳо хизмат мерасонад?
2) Оё колонтитули болоии саҳифа аз колонтитули поёнии он ягон фарқе дорад?
3)Равзанаи робитавии Номера страниц-ро бо ёрии кадом команда кушодан мумкин аст?
Баъзан лозим меояд, ки дар ҳошияҳои болоӣ ё поёнии саҳифаҳои чопии ҳуҷҷат ба ғайр аз рақами саҳифаҳо боз информатсияи иловагӣ – ба мисли таърихи рӯз, вақти ҷорӣ, номи ҳуҷҷат ё бобҳою параграфҳои он ва ғайра гузошта шаванд. Маълумотҳое, ки дар ҳошияҳои болоӣ ё поёнии саҳифаҳои ҳуҷҷат ба таври автоматӣ ҷой дода мешаванд, колонтитулҳои болоӣ ё поёнии саҳифаҳо ном доранд. Колонтитули болоӣ дар ҳошияи болоии саҳифа ва колонтитули поёнӣ дар ҳошияи поёнии саҳифа ҷойгир карда мешавад.
Барои ба матн ҳамроҳ намудани колонтитул аз командаи менюи программа ВидКолонтитулы (НамудКолонтитулҳо – ViewHeader and foter) истифода мебаранд. Пас аз иҷрои ин команда дар дохили равзанаи ҳуҷҷати бо ёрии программаи Word сохташаванда панели зерини Колонтитулы пайдо мешавад:
Тугмаҳои ин панел имконият медиҳанд, ки дар колонтитул ба таври автоматӣ рақами саҳифаҳо, таърихи рӯз, вақти ҷорӣ, матнҳои шаклашон стандартӣ ва ғайристандартӣ ҷойгир карда шаванд:
Пас аз амалӣ гаштани командаи ВидКолонтитулы дар ҳошияи болоии саҳифаи ҳуҷҷат росткунҷае пайдо гардидаст. Маҳз дар дохили ҳамин росткунҷа маълумоти колонтитули болоӣ ҷойгир карда мешавад. Маълумот бо ёрии клавиатура ва тугмаҳои панели Колонтитулы, ки дар майдони кории равзанаи программаи Word пайдо шудааст, дохил карда мешавад.
Ҳамин тариқ, барои дар колонтитул гузоштани ин ё он информатсия зарур аст, ки бо ёрии нишондиҳандаи муш дар панели Колонтитулҳо тугмаи лозимӣ пахш карда шавад ё матни он ба воситаи тугмаҳои клавиатура дохил карда шавад. Пас аз иҷрои ҳамаи амалиёти лозимии коркарди колонтитул тугмаи Закрыть (Пӯшидан – Close)-ро дар панел
Ба матни ҳуҷҷат ҳамроҳ намудани колонтитул
пахш намудан зарур аст. Бо ҳамин раванди ба матн ҳамроҳ намудани колонтитул ба итмом мерасад ва панели Колонтитулы аз дохили равзанаи Word бардошта мешавад.
Барои рақамгузорӣ кардани саҳифаҳои матни ҳуҷҷат аз командаи зерини менюи программаи Word: ВставкаНомерастраниц… (ГузоштанРақами саҳифаҳо… – InsertPage numbers…) низ истифода бурдан мумкин аст. Пас аз дохилкунии ин команда дар экран равзанаи робитавии дар расми 52 овардашуда пайдо мегардад.
Майдончаи Положение (Мавқеъ)-и равзанаи Номера страниц (Рақами саҳифаҳо – Page numbers) барои мавқеи рақами саҳифаҳоро дар варақи саҳифаи чопӣ нишон додан хизмат мерасонад. Ба тирчаи ▼-и дар тарафи рости майдонча ҷойгирбуда ба воситаи муш таъсир расонида, яке аз ду мавқеи имконпазир: Внизу страницы (Дар поёни саҳифа) ё Вверху страницы (Дар болои саҳифа)-ро интихоб намудан мумкин аст.
Майдончаи Выравнивание (Росткунӣ – Alingnment)-и равзана бошад барои дар боло ё поёни саҳифа нишон додани мавқеи аниқи ҷойгиршавии рақами саҳифа хизмат мерасонад. Тирчаи ▼-и майдончаро пахш намуда, яке аз мавқеъҳои имконпазир: Справа (Аз рост – Right), От центра (Аз марказ – Center), Слева (Аз чап – Left), Внутри (Дар дохил – Inside) ва Снаружи (Аз берун – Outside)-ро интихоб намудан мумкин аст.
Дар майдончаи квадратии Номер на первой странице (Нишондиҳии рақам дар саҳифаи якум – Show number on first page) мавҷуд будани аломати (байрақча) маънои онро дорад, ки ба саҳифаи якуми матни ҳуҷҷат низ рақам гузошта мешавад.
Равзанаи рақамгузории саҳифаҳои ҳуҷҷат
Агар ба саҳифаи якуми ҳуҷҷат зарурати гузоштани рақам вуҷуд надошта бошад, он гоҳ нишондиҳандаи мушро ба болои аломати гузошта, тугмаи чапи онро пахш намудан лозим аст. Дар ин маврид аломати нопадид мегардад ва рақами саҳифаи якум нишон дода намешавад.
Амалиёти бо ёрии ин равзана иҷрошаванда дар майдончаи Образец (Намуна – Preview) ба таври автоматӣ инъикос меёбад. Агар намунаи рақамгузории интихобкардашуда қобили қабули истифодабаранда бошад, он гоҳ ӯ метавонад тугмаи командавии равзана – Ok -ро пахш намояд. Дар натиҷа ба саҳифаҳои матни ҳуҷҷат рақамҳои тартибӣ гузошта мешаванд.