Оғози кор Borland Delphi

Related Articles

Delphi ба тариқи муқарарӣ ба кор дароварда мешавад, яъне тавассути интихоби фармони аз менюи пуск- все програми Borland Delphi 7

6

Расми 1. Ба кор даровардани барномаи Delphi

Намуди экран баъди ба кор омода гаштани Delphi каме ғайримуқарарист (расми 2). Ба ҷойи якто равзана дар экран панҷ равзана пайдо мегарданд:

  • Равзанаи асосӣ — Delphi 7;
  • Равзанаи формаи аввал — Form 1;
  • Равзанаи таҳриргари хусусияти обектҳо — Object Inspector;
  • Равзанаи муоинаи руйхати объектҳо — Object TreeView;
  • Равзанаи таҳриргарӣ рамзҳо (код) — Unitl.pas.

Равзанаи таҳриргари кодҳо қариб, ки пурра аз тарафи равзанаи формаи аввал пушида шудааст.

7

Расми 2. Намуди экран пас аз ба кор даровардани Delphi

Дар равзанаи асосӣ (расми 3) менюи (номгўи) фармонҳо, панели асбобҳо ва палитраи (тасвири қисматҳо) компанентаҳо ҷойгир шудаанд.

Равзанаи формаи аввал ҳамчун ба кор омодасозии равзанаи асосии замимаи сохташаванда хизмат мерасонад.

Таъминоти барномавиро асосан ба ду гуруҳ тақсим мекунанд: системавӣ ва амалӣ. Таъминоти барномавии системавӣ – ин тамоми он барномаҳое, ки системаи оператсиониро ташкил медиҳанд. Ҳамаи барномаҳои боқимонда бошанд – таъминоти барномаи амалиро ташкил медиҳанд. Бисьёр вақт барномаҳои амалиро – замимаҳо низ ном мебаранд.

8Расми 3. Равзанаи асосӣ

9 Равзанаи Object Inspector (расми 4.) – равзанаи таҳриргари хусусияти объектҳо, ки он барои таҳрир намудани қиматҳои хусусиятҳои объектҳо пешбини гашааст. Дар терминологияи ба нақшагирии визуалӣ, объект – ин равзанаи диалогӣ ва элементҳои идоракунӣ (майдони дохилкунӣ ва хориҷкунӣ, тугмаҳои фармиоши, табдилдиҳандаҳо [перключател] ва ғайра) ба ҳисоб мераванд.

Расми 4. Дар вкладкаи Properties хосиятҳои объект ва қиматҳои имконпазири онҳо нишон дода шудаанд.

Хусусияти объектҳо – ин тавсифи намудҳои муайянкунанда, мавқеъ ва рафтори объект мебошад. Масалан, хосияти Width ва Height, ченаки (бар ва қад) формаҳо, хосияти Tор ва Left- мавқеъ формаҳоро дар экран, ва ниҳоят хосияти Caption – матни сарлавҳаро муайян мекунанд. Дар равзанаи таҳриргаги рамзҳо (расми 5), ки онро ҳамгоми каме таъғир додани мавқеъи равзанаи форма дидан мумкин аст, бояд матни барномаи зерин гирифта шавад.

../../../../../../../Users/Администратор/NAVRUZOV/Книга_Наврузова/РАБОЧАЯ_ДИРЕКТОРИЯ/Рабочий%20стол/КНИГА_DELPHI/Delphi%207/Intro/10.gifРасми 5. Равзанаи таҳриргари рамзҳо.

Дар авали кор бо проекти нав ин равзанаи таҳриргари кодҳо шаблони барномаро, ки он аз тарафи Delphi тайёр карда шудааст, дорост.

Проекти аввал. Барои нишон додани имкониятҳои Delphi ва технологияи банақшагирии визуалӣ, замимаеро месозем, ки бо ёрии он истифодабаранда метавонад бо кадом суръат варзишгар масофаи додашударо тай мекунад, ҳисоб намояд. Намуди равзанаи барнома дар вақти кори он дар расми 6 нишон дода шудааст.

Изображение

Расми 6. Равзанаи барномаи ҳисоби суръати давидан

Барои оғоз намудани кор бо барномаи нав, пеш аз ҳама баромаи Delphi –ро ба кор даровардан лозим аст. Агар Шумо бо ин барнома кор карда истода бошед, пас дар менюи File (Файл) фармони New | Application (Создать | Приложение)-ро интихоб намоед.

Форма. Кор бо лоиҳаи нав, ки онро дар Delphi сохтани замима мегуянд, аз сохтани формаи аввал оғоз меёбад. Инро дар сатҳи коркарди барнома, равзанаи диалогӣ низ ном мебаранд.

Формаи аввал тавассути таъғир додани қиматҳои хосияти формаи Form1 ва илова кардани компонентаҳои зарури ба ин форма (майдони дохилкунӣ ва хориҷкунии матн, тугмаҳои фармоиши), сохта мешавад.

Хосияти форма (расми 7) намуди берунӣ онро муайян менамояд: ченак, мавқеъ дар экран, матни сарлавҳа, намуди рамкаҳо.

Барои ташхис ва таъғир додани қиматҳои хосияти формаҳо ва компонентаҳои он аз равзанаи Object Inspector истифода мебаранд. Дар қисми болоии равзанаи Object Inspector номи объект нишон дода шудааст. Ҳамчунин қиматҳои хосиятҳои он низ оварда шудаанд. Дар қисми чапи вкладкаи Properties хосиятҳои объект номбар карда шудаанд, ва дар қисмати аввал – қиматҳои онҳо оварда шудаанд.

Дар вақти сохтани формаҳо, пеш аз ҳама қимати хосияти Сaption (сарлавҳа)-ро бояд таъғир додан лозим аст. Дар мисоли мо бошад, бояд матни Form1 ба матни “суръати давидан” иваз карда шавад. Барои инро иҷро намудан, бояд дар равзанаи Object Inspector бо муш сатри Caption –ро интихоб намудан зарур аст, ки дар натинҷа қимати хосияти мазкур ҷудо карда мешавад, ки баъди он метавонем матни “суръати давидан” –ро дохил намоем (расми 7).

Ҳамин тариқ метовонем қимати хосияти Height ва Width-ро, ки онҳо баландӣ ва барӣ формаро муайян мекунанд, муайян намоем. Ченаки форма ва мавқеъи он дар экран, ҳамчунин ченаки дигар элементҳои (ҷузвҳои) идоракунӣ ва мавқеъи онҳо дар руйи формаҳо бо пикселҳо дода мешаванд, яъне бо нуқтаҳои экран. Ба хосияти Height ва Width қиматҳои 250 ва 330 мувофиқан дода мешаванд.

Форма – ин равзанаи муққарарист. Аз ҳамин сабаб ҳам ченаки онро мисли ченаки дилхоҳ дигар равзана таъғир додан мумкин аст. Баъди таъғир додани сарҳад ва ба охир расидани он, қимати хосиятҳои Height ва Width ба тариқи автоматикӣ дигар хоҳад гашт. Онҳо ба ченаки пешаки муайян карда шуда мувофиқат мекунанд.

Мавқеъи равзанаи диалогӣ дар экран пас аз ба кор омода шудани баронома ба мавқеъи формаи сохташуда мувофиқат мекунад, ки он аз руи қиматҳои хосияти Tор (гушаи рости болоии сарҳади экран) ва Left (гушаи чапи поёнии сарҳади экран) муайян карда мешавад. Қимати ин хосиятҳо метовонад тавассути бо муш таъғир додани равзанаи форма низ муайян карда мешавад.

Ҳангоми интихоби баъзе аз хосиятҳо, масалан Borderstyle, аз тарафи рости қимати хосияти мазкур нишонаи руйхати кушодашаванда пайдо мешавад. Бечунучаро, қимати чунин хосиятҳоро тариқи интихоб аз руйихати кушодашуда муайян кардан мумкин аст (расми 8).

C:\..\..\Users\Администратор\NAVRUZOV\Книга_Наврузова\РАБОЧАЯ_ДИРЕКТОРИЯ\Рабочий стол\КНИГА_DELPHI\Delphi 7\Intro\13.gifИзображениеРасми 7. М

уайян кардани қимати хосиятҳо тариқи дохил кардани қиматҳои онҳо. Муайян кардани қимати хосият тавасути интихоб аз руйихат

Баъзе аз хосиятҳо мушкиланд, яъне қимати онҳо аз руйи маҷмўи қиматҳои дигар хосиятҳо муайян карда мешаванд. Пеш аз номи хосиятҳои мушкил аломати “+” меистад, ки дар вақти ба он, бо муш расидан руйихати муайянкунандаи хосияти мазкур кушода мешавад (расми 9).

Масалан, хосияти BorderIcons, кадоме аз тугмаҳои идоракунандаи равзана дар вақти кори барнома коркарданашро муайян менамояд. Ҳамин тариқ, агар ба хосияти biMaximize қимати False бахшида шуда бошад, пас дар вақти кори барнома, тугмаи Развернуть (кушодан) дар сарлавҳаи равзана пайдо намешавад.

16 Загрузки

356
Нет комментариев. Ваш будет первым!