Шабакаи глобалии компютерӣ

Related Articles

    1. Таърихи пайдоиши Интернет.
    2. Ҷӯяндаҳои Рунет ва таърихи он
    3. Асосҳо ва афзалиятҳои IР- телефония

Таърихи пайдоиши Интернет

Соли 1969 мақомоти идоракунии тадқиқотҳои перспективӣ (Advanced ҚeseArch Pқoject Agency-ARPA), вазорати мудофиаи ИМА ташкилкунии шабакаи компютерие, ки аз як тараф таъмини бехатарии коммуникатсионӣ ҳангоми ҳамлаи ядроии душман, ва аз тарафи дигар бошад доштани алоқа байни марказҳои тадқиқотии донишгоҳҳо ва баъзе корхонаҳои дигар. Нақши асосиро дар маблағгузории лоиҳа, ки номи ARPANet-ро гирифта буд вазорати мудофия ИМА (National Science Foғndation-NSF) бозӣ мекард. Дар зинаи авали тараққиёти шабакаи NSF дилхоҳ фаъолияти тиҷоратиро барои ташкили амалиётҳои тиҷорати иҷозат намедод. Танҳо алоқа байни олимони донишгоҳҳо ва ширкатҳои алоҳидаи тадқиқотӣ танҳо дар он сурате ташкил карда мешуд, ки агар ин ҳам мавзӯи дар бораи тадқиқоти дар донишгоҳ тааллуқдоштаро дар бар мегирифт. Ба ин маҳдудиятҳои нигоҳ накарда шумораи гиреҳҳои ин шабака зуд афзудан гирифт, зеро ки лабораторияҳои тадқиқотбарӣ кушиш мекарданд, ки шабакаро ҳамчун маводи фоидаовари алоқа истифода баранд. Маблағгузории NSF дар равнди тарақиёт ва истифодаи шабака қонеъ накард, бинобар ҳамин дар соли 1991 ҳукумати ИМА қарори истифодаи васеъи Интернетр дар корҳои тиҷрорати қабул кард. Ин сана ба авали асри тиҷорати электронӣ ва Интернет маркетинг замина гузошт.

Таърихи пайдоиши интернетро соли 1969 ҳисобидан мумкин аст, чунки дар ин рeзҳо идораи тадқиқоти перспективи, ки яке аз шeъбаҳои Вазорати мудофиаи ИМА ба ҳисоб мерафт, корро оид ба лоиҳаи

алоқаи компютерҳои ташкилотҳои мудофиавӣ сар карда буд. Баъдтар дар соли 1983 дар назди Вазорат як агенте ташкил карданд, ки ин агент ба ду қисм тақсим шуд:

  1. қисми аввал барои таъмини ахбор дар ҳолатҳои xанг;
  2. қисми дуюм бошад барои хабарҳои гуногун таъин шуда буд.

Зиёда аз 35-сол муқаддам Вазорати мудофиаи ИМА шабакаеро бо номи ARPANЕT кор карда баромад, ки асоси интернети ҳозира мебошад. ARPANЕT Шабакаи таxрибави буда, барои дастгирии тадқиқотҳои илмии соҳаи саноати ҳарбӣ пешбини шуда буд. [аминтавр худи шабака ва ҳар як компютери xузъи он ба дастгири ва таъмини кори мeътадили шабака бояд масъул бошад. Принсипи асоси дар он буд, ки ҳар лаҳза дилхоҳ компютерҳои шабака бояд ба ҳамдигар мубодиллаи ахбор карда тавонад.

Баътар ширкату вазоратҳои гуногун барои ташкил кардани чунин шабакаҳо кушиш мекарданд ҳамаи ин шабакаҳо оҳиста-оҳиста ба якдигар пайваст шуда як шабакаи глобалии интернетро ташкил карданд. Суръати тараққиёти интернетро ба як алангаи бузург тасаввур намудан мумкин аст, чунки соли 1985 ба ин шабака 2000 компютер пайваст буд. [оло бошад зиёда аз миллиардҳо компютер дар ин шабака фаъолият мекунад. Ин миқдори зиёди компютерҳои фардӣ як базаи калони ахбориро ба вуxуд меоранд ва ҳар як истифодабаранда метавонад маълумотҳои зарурии худро дастрас намояд.

Ҷуяндаҳои рунет ва таърихи он

Каталогҳои шабакаи глобалии Интернет монанди каталогҳои китобхонаҳо мебошанд. Дорандаҳои каталогҳо истинодро ба сайтҳо медиҳанд, суроғаи онҳоро нусха мекунанд, шарҳи кeтоҳи онҳоро баён мекунанд. Чунин каталогҳо бо ёрии сарлавҳаҳои иерархӣ (зинави) ё хаттӣ таъмин карда мешаванд.

Намунаи сарлавҳаи иерархӣ (зинави) каталоги YAHOO!, www.list.ru шуда метавонанд. Сарлавҳаи хаттӣ дар www.rumӣleқ.ru истифода бурда мешавад.

Каталогҳо бо фармоиши дорандагони сайтҳо пур карда мешаванд. Тағйиротҳо ба каталог бо таври автоматикӣ сурат мегирад.

Барои самаранок xустуxӯй кардан ҳам мошинҳои xустуxeӣ ва ҳам каталогҳо истифода бурда мешаанд.

Базаи индексии мошини xустуxeӣ нисбати каталогҳо дорои истинодҳои зиёде дар сайтҳо мебошанд. Аммо каталогҳое, ки бо сарлавҳаи хуб таъмин гаштаанд, давраи xустуxeиро кeтоҳтар менамоянд. Чунин гурeҳи каталогҳо калимаҳои асосиро барои сайтҳои додашуда муайян менамоянд.

Агар xустуxeй натиxаи дилхоҳ надода бошад, он гоҳ онро аз нав такрор карда дархостро дурусттар сохтан лозим аст. Дар ин маврид ба истифодабарандагон амалиётҳои xустуxeии васеъ ёрии калон мерасонад, ки системаҳои имрeзаи xустуxeии калонтарин бо онҳо

таъмин карда шудаанд. Ҳарчанд худи вазифаҳои xустуxeи васеъ дар системаҳо гуногун бошанд, ҳам мақсад тартиб додани дархости дурусттар мебошад. Барои ин мақсадҳо системаҳоро бо забони дархостҳо пурра менамоянд.

Имрeзҳо бештар системаҳои xустуxeии хурдтар бо сайтҳои забони русӣ ва системаҳои глобалиашон бо тамоми торҳои интернетӣ кор мекунанд, яъне барои кори беруна аз системаҳои xустуxeии дигар васеъ истифода мебаранд.

Сайтҳои www.yahoo.com,www.altavista.com, YAHOO!, www.вқitanica.com ба каталогҳо дохил карда шуда, ба системаҳои глобалӣ www.hotвot.com, AltaVista дохил карда мешавад.

Барои xустуxeи ахбор бо ёрии системаи xустуxeии AltaVista, ки дорои базаи маълумотҳои калонтарин ва механизми xустуxӯии зудтарин мебошад, зарур аст, ки корҳои зерин анxом дода шаванд:

  • бо таъминкунандагони хизмати Интернет алоқа пайдо кардан;
  • барномаи Internet Exploқeқ-ро ба кор даровардан;
  • тугмачаи Поиск-ро пахш намудан. Дар экрани монитор рeйхати системаҳои xустуxeӣ бо майдони xусуxeи ахбор пайдо мешаванд;
  • Барои дархост ба майдони воридкунии системаи AltaVista ахбори заруриро ворид карда, боз бояд Поиск-ро пахш намуд. Дар натиxа боз дар экран саҳифа бо натиxаҳои xустуxeӣ пайдо мешаванд. Дархостҳои оддиро низ дохил кардан мумкин аст, аммо дар ин ситема имконияте вуxуд дорад, ки истифодабаранда метавонад операторҳои мантиқӣ ва ифодаҳои синтаксисиро ҳам истифода барад.

Ифодаҳои синтаксисӣ – ин дилхоҳ калима ва ибора буда метавонад. Дар ифодаҳои синтаксисӣ истифодаи амалҳои мантиқи бо ёрии операторҳои зерин имкон дорад:

And -оператори мантиқии Ё; Oқ – оператори мантиқии ВА;

Neaқ – мавxудияти аргументҳои дорои даҳ символро ифода мекунад; Not – набудани аргументҳоро ифода мекунад.

AltaVista – як системаи xустуxeи глобалӣ ба ҳисоб меравад. Дар давраи муосир шумораи зиёди чунин воситаҳои xустуxeӣ мавxуданд. Аммо дар бисёр мавридҳо донистани баъзе суроғаҳои муроxиат ба онҳоро донистан бамаврид мебошад. Якчандтои онҳоро меорем:

рeйхати роботҳои WWW-и http:/wев.nехоқ.со.ғk/mak/doc/қoӣots/active.html

  • системаи xустуxeии Yahoo:http://www/ yahoo.com;
  • системаи xустуxeии Lycos:http://www/ Lycos:com;
  • системаи xустуxeии Қamӣleқ:http://www/ қamӣleқ.ru;
  • системаи xустуxeии WeӣCқawleқ:http://www/ weӣcқawleқ.com;
  • системаи xустуxeии Infoseek:http://www/ Infoseek.com ва ғайраҳо.

Асосҳо ва афзалиятҳои ip- телефония

Протоколҳои ШГ имконият медиҳанд, ки на танҳо компютерҳои алоҳида, балки шабакаҳои локалии аз ҳамдигар дар масофаҳои калон воқеъбуда низ пайваст шаванд.

Протоколи SLIP – протоколи хатҳои пайдарпай барои таъмини алоқа бо шабакаҳои TCP/IP тавассути шабакаҳои оммавии телефонӣ пешбинӣ шуда буд. Ҳоло, ин протокол барои тавассути телефон алоқа намудан бо Интернет-провайдерҳои системаи ҒNIX истифода мешавад.

SLIP дар сатҳи физикии модели OSI амал мекунад. Ба татбиқи оддии худ нигоҳ накарда, протоколи мазкур як қатор норасоиҳо дорад:

  • ба сифати нақлиёт танҳо IP истифода мешавад;
  • мувофиқоварии IP-суроғаҳоро дастгирӣ наменамояд;
  • аутентификатсияро таъмин намекунад.

Протоколи пайвасткунии РРР – нуқта ба нуқта (Point-to-Point Pқotocol) ҳамчун варианти алтернативии протоколи SLIP истифода мешавад. Ин протокол як қатор имкониятҳои сатҳҳои физикӣ ва каналиро доро мебошад. Ба қатори афзалиятҳои он дохил мешаванд:

  • назорати хатогиҳо;
  • дастгирии нақлиётҳои TCP/IP, IPX/SPX, NetӢIOS;
  • мувофиқоварии IP-суроға тавассути дастгирӣ намудани протоколи конфигуратсияи динамикии хости DHCP;
  • пурсиши сирркалима барои қайди дохилшавӣ.

Протоколи РРР асосан барои дастрасшавии телефонӣ ба Интернет истифода мешавад.

РРР протоколи стандартии Интернет оиди интиқоли IP-бастаҳо тавассути хатҳои пайдарпай мебошад. РРР-ро хатҳои синхронӣ ва ҳам асинхронӣ дастгирӣ менамоянд.

Протоколи Point-to-Point Pқotocol барои пурра намудани баъзе норасоиҳои протоколҳои намуди «Point-to-Point IP» таҳия шудааст.

РРР имконият медиҳад, ки дейтаграммаҳо тавассути хатҳои пайдарпайи Point-to-Point интиқол дода шаванд. Он 3 ҷузъ дорад:

  • Тарзи пешниҳод намудани инкапсулятсияи дейтаграммаҳо тавассути РРР-хатҳо бо истифодабарии протоколи HDLC (High-Level Data Link Contқol) барои омода намудани дейтаграммаҳо тавассути воситаҳои алоқаи РРР.
  • LCP (Link Contқol Pқotocol)-и васеъшуда барои насбнамоӣ, конфигуратсия намудан ва санҷидани пайвастшавии физикӣ (test the data-link connection).
  • Оилаи протоколҳо (NCPs) барои насб ва идоранамоии дигар протоколҳои шабакавӣ, яъне: РРР барои дар як вақт дастгирӣ намудани якчанд протоколҳои шабакавӣ.

Ҳангоми оғоз намудани алоқа тавассути алоқаи РРР, дар аввал драйвери РРР бастаҳои LCP-ро барои конфигуратсия намудан ва (мумкин аст) санҷиши хати алоқа ирсол менамояд. Пас аз он, ки имкониятҳои иловагӣ мувофиқи талаботҳои LCP насб шуданд, драйвери РРР барои омода намудани як ё якчанд протоколҳои шабакавӣ NCP-фреймҳоро ирсол менамояд. Баъди ба анҷом расидани чунин амалиётҳо бастаҳои шабакавӣ имконияти интиқолро тавассути алоқаи муайяншуда соҳиб мешаванд. Чунин алоқа то он вақте, ки LCP ва NCP бастаҳо алоқаро қатъ намекунанд, ё то дахолати ҳодисаи беруна (масалан, дахолати истифодабаранда) фаъол мемонад.

413
Нет комментариев. Ваш будет первым!