Хатари барнагаштани қарз

Муайян кардани хатари барнагаштани қарз марҳилаи дигари раванди қарздиҳӣ мебошад. Ин нишондиҳандаро ба таври дигар хатари иҷ ро нашудани ӯҳдадориҳои қарзӣ низ меноманд. Мувофиқи таҷ рибаи бонкдории ҷаҳонӣ ҳамаи қарзҳои додашударо дар якҷ оягӣ сандуқи қарзҳо меноманд. Дар дохили сабади қарзҳо онҳоро вобаста ба хатари барнагаштанашон ба гурӯҳҳои алоҳида ҷ удо мекунанд. Асоси гурӯҳбандии қарзҳо баҳодиҳӣ ба қобилияти қарзадокунии қарздиҳандиҳандаҳо мебошад. Ба гурӯҳи аввал қарзҳои боэътимод дохил мешаванд. Аслан ин қарзҳоеанд, ки ба мизоҷ они вазъи молиявиашон устувор дода шудаанд. Қарзҳои дигар вобаста ба устувории вазъи молиявии мизоҷ он ба гурӯҳҳои дуюм, сеюм ё чорум дохил мешаванд. Сабабҳои зерин метавонанд боиси болоравии хатари барнагаштани қарз гарданд: 1) тағйир ёфтани муҳити корӣ вобаста ба бӯҳрони иқтисодӣ дар кишвар ё мавзеи алоҳида, ки боиси бад шудани вазъи молиявии қарздор мегардад; 2) ба натиҷ аи дилхоҳ ноил шудани қарздор вобаста ба дигар шудани вазъи иқтисодӣ ё муносибатҳои он бо ҳамкоронаш; 3) паст рафтани нархи амволе, ки чун гарави қарз қабул шудааст; 4) сӯиистифода кардани кормандони қарздор аз вазифа ва ба манфиати худ истифода кардани қарз. Омилҳои ба сатҳи хатари барнагаштани қарз таъсиркунанда ба дохилию берунӣ ҷ удо мешаванд. Пайдоиши хатари барнагаштани қарз новобаста аз фаъолияти кормандони бонк омилҳои берунии хатари барнагаштани қарз мебошанд. Ба онҳо сабаҳои дар боло қайдшуда, иҷ ро накардани ӯҳдадориҳои қарзӣ аз ҷ ониби қарздорони бевиҷ дон ва бад шудани вазъи молиявии қарздор новобаста аз фаъолияти он дохил мешаванд. Ба омилҳои дохилӣ хатоиҳои кормандони бонк, аз вазифа суитсифода кардани онҳо, ба инобат нагирифтани вазъи молиявии мизоҷ, баҳои нодуруст додан ба фаъолияти он, риоя накардани дастурамалҳои бонк, хатоӣ дар сиёсати қарзии бонк ва ғайра дохил мешаванд. Мақсади муайян кардани хатари барнагаштанит қарз ҳимояи манфиатҳои бонк, надодани қарз ба мизоҷ они беэътимод, чорабиниҳои зарурӣ барои ҳар чӣ тезтар барнагардидани қарзҳои хатарноку фоизи онҳо мебошад. Роҳҳои асосии кам кардани хатари барнагаштани қарз ташкили дурусти раванда қарздиҳӣ, баланд бардоштани донишу малакаи касбии корманди бонк, дуруст муайян кардани қобилияти қарзадокунии қарзгиранда ва ба инобат гирифтани он ҳангоми қабули қарор оид ба додани қарзу муайян кардани шартҳои он мебошанд.

349
Нет комментариев. Ваш будет первым!