Маълумот дар бораи забони барномасозии Visual Basic
Related Articles
Аввали солҳои 90-ум ширкати Microsoft барои коркард ва амали гардонидани системаи оператсионии нави Windows фаъолона муборизаеро бар зидди системаи куҳнашудаи худ MS-DOS саркард. Соли 1991 бо шиори «акнун барномасози навомӯз ҳам метавонад гузоришҳоро барои windows созад».
Аввалин версияи Microsoft Visual Basic-ро соли 1991 корпоратсияи Microsoft барои хаводорони компютер сохт. Дар хамон солхо барои мухити нави системаи Microsoft сохтани барнома хатто барои барномасози ихтисосманд хеле хам вазнин буд. Максад принсипалии ин барнома амали гардонидани ходисахо, идоракунихо ва сохтани барномахои визуали дар мухити Windows буд, ки аз схемахои класикии коркарди барномахо ба кули фарк мекард. Шумораи истифодабарандагони Visual Basic хеле афзуд. Соли 1991 бошад версияли 2-юми ин забон пахн гардид, ки вай нисбат ба версияи якумаш имкониятхои зиёдтар дошт. Версияи 3-юми ин забон соли 1993 баромад, ки дар он асбобхои пуриктидортар мавриди истифода карор доштанд. Холо бошад версияхои 4-ум, 5-ум ва 6-уми Visual Basic-ро истифода мебаранд, ки хар кадомашон аз хамдигар бо воситаи тавонои ва имкониятхои худ фарк мекунанд.
Тарзи ба кор даровардани забони барномасозии Visual Basic.
- Ҳамаи барномаҳое, ки дар муҳити системаи Windows кор мекунад бо роҳҳои гуногун ба кор дароварда мешавад. Забони барномасозии Visual Basic-роҳҳои гуногун ба кор дароварда мешавад. Барои ворид шудан ба ин барнома роҳои зерин мавчуд аст.
- 1. Нишондиҳандаи мушакро ба болои тугмачаи «Пуск» гузошта як маротиба тугмачаи чапи мушакро пахш менамоем. Дар натиxа менюҳои барномаи Windows пайдо мегардад. Аз дохили ин менюҳо сатри «программы» ё ин ки «все программы »-ро интихоб менамоем. Дар ин ҳолат баъди як чанд лаҳза дар тарафи рости ин сатр зер менюҳо пайдо мегарданд.
- Мо вориди ин зерменюҳо шуда папкаи «Microsoft Visual Basic 6.0»-ро интихоб мекунем. Дар ин ҳолат дар тарафи рости ин сатр зерменюҳои нав пайдо мешавад. Аз ин зерменюҳо сатри «Microsoft Visual Basic 6.0»-ро интихоб намуда тугмаи чапи мушакро
- як маротиба пахш менамоем, ки дар натиxа барномаи «Microsoft Visual Basic 6.0» ба кор омода мешавад.
- Ҳамаи суханҳои дар боло овардашуда дар «Расми 1» нишон дода шудааст.
1. тугмачаи «Пуск»
2.сатри «Все программы»
3. папкаи «Microsoft Visual Studio 6.0»
4.сатри «Microsoft Visual Basic 6.0»
Расми 1
- 2. Роҳи дигараш ин аст. Агар дар мизи кори Windows нишонаи ярлики ин барнома мавҷуд бошад, онгоҳ нишондиҳандаи мушро ба болои ин ярлик гузошта, тугмачаи чапи онро ду маротиба пайдарпай пахш намудан даркор аст. Ё ин, ки тугмачаи рости мушро як маротиба пахшнамудан лозим аст. Баъд аз иҷроиши ин шарт дар тарафи рости нишонаи ярлик зерменю кушода мешавад. Мо вориди ин зерменю шуда сатри «Открыть»-ро интихоб менамоем ва тугмачаи чапи мушро як маротиба пахш менамоем. Дар натиҷа барномаи Microsoft Visual Basic 6.0 кушода мешавад.
- Баъд аз ба кор омодасозии барнома дар экран равзанаи нав пешниҳод карда мешавад, ки аз дохили ин равзана нишонаи «Standard EXE»-ро интихоб менамоем. Баъди интихоби ин нишона бо ёрии нишондиҳандаи муш тугмачаи «Открыть»-ро интихоб карда тугмачаи чапи мушакро як маротиба пахш менамоем. Ба ғайр аз тугмачаи «Открыть» тугмачаҳои «Отмена» ва «Справка» низ ҷой доранд. Тугмачаи «Отмена» барои бекор намудани фармони интихоб- шуда истифода карда мешавад. Тугмачаи «Справка» бошад барои маълумот гирифтан истифода карда мешавад.
- Нишонаи «Standard EXE»
- тугмачаи «Открыть»
- тугмачаи «Отмена»
- тугмачаи «Справка»
- Дар ин ҳолат равзанаи Visual Basic ба пураги кушода мешавад. Дар дохили ин равзана обектҳои зерин ҷой доранд.
Баъд аз оне, ки равзанаи Форм пешниҳод мешавад мо метавонем барои сохтани майдонҳо шуруъ кунем. Мумкин савол ба миён ояд, ки сохтани майдонҳо чи зарур аст, ва барои чи сохта мешавад?
Дар ҳамаи забонҳои барномасозии визуали бо ҳамин роҳ барнома сохта мешавад.
Яъне, аввал барои ҳар як таѓирёбандаҳо, ва барои қимати таѓирёбандаҳо майдонҳо сохта мешавад. Майдонҳо барои он зарур аст, ки таѓирёбандаро ва қимати ҳар як таѓирёбандаро ба майдонҳо дохил мекунем.
Баъд бо ёрии ягон обьект ба равзанаи барномасози даромада барнома месозанд. Бисёртар барои даромадан ба равзанаи барномасози бо обьекти «CommandBatton» даромада, барномаро месозем.
Дар ҳамин вақт ба мо зарур меояд, ки қимати ҳар як таѓирёбандаро дохил мекунем. То, ки натиҷаи мисол ё ин, ки масъалаи дода шударо дар ин майдонҳо гирем.
Майдони кори барномаи VB6 аз таҷҳизотҳои зерин иборат мебошад.
- Сатри менюҳо
2. Сатри таҷҳизотҳо
3. Равзанаи элементҳои Toolbox
4. Равзанаи хосиятҳо (Properties Windows)
5. Равзанаи Форм
Дар барномаи VB Form1 обьекти асоси ба ҳисоб меравад. Мо ба ин обьект обьектҳои дигареро ҳамроҳ менамоем, ки онҳо дар равзанаи таҷҳизотҳои Toolbox мавҷуд мебошад. Яъне обьекти Label, Text, Command1 ва дигар обьектҳо ҳам ҳамроҳ карда мешавад.
Ҳар як обьекти номбаршуда хосиятҳои хоси худро дорад.
Обьекти Label, барои дохил намудани худи таѓирёбандаҳо, обьекти матнии Text бошад, барои дохил намудани қимати таѓирёбандаҳо ва барои гирифтани натиҷаи функсияи додашуда хизмат менамояд. Обьекти Command, бошад ҳамчун тугмачаи фармоиши барои ба кор даровардани барномаи сохташуда хизмат мекунад.