Тарзи кор кардани мисолҳо дар забони барномасозии VB6
Related Articles
Яъне дар Форм лоиҳа (схема) сохта мешавад. Агар мо барои функсияи лоиҳа сохтани шавем барои
5-нишонаи Label, 5- нишонаи Text ва як нишонаи Command лозим мешавад.
Тарзи ба Form ҳамроҳ намудани нишонаҳо чунин аст:
1) Тугмачаи -ро, ки Label ном дорад, пахш мекунем ва дар натиҷа курсор ба шакли плюс пешниҳод мешавад. Баъд мушакро ба дилхоҳи ҷои Форм гузошта тугмаи тарафи чапи онро пахш мекунем.
2) Тугмачаи -ро, ки Text ном дорад, пахш мекунем ва дар натиҷа курсор ба шакли плюс пешниҳод мешавад. Баъд мушакро ба дилхоҳ ҷои Форм гузошта тугмаи тарафи чапи онро пахш мекунем.
3) Тугмачаи -ро, ки CommandBatton ном дорад, пахш мекунем ва дар натиҷа курсор ба шакли плюс пешниҳод мешавад. Баъд мушакро ба дилхоҳ ҷои Форм гузошта тугмаи тарафи чапи онро пахш мекунем.
Ҳар як майдон дорои хосияти худ мебошад. Барои муайян намудани хосияти майдонҳо ба равзанаи хосиятҳо ворид мешавем. Яъне аввал майдонро интихоб намуда баъд хосияти онро муайян менамоем.
1. Яъне курсорро ба болои «Label1» гузошта ба равзанаи хосиятҳо «Свойства» даромада сатри «Caption» ( )-ро интихоб менамоем ва дар тарафи рости ин сатр ба ҷои калимаи «Label1», А, ба ҷои «Label2» B, ба ҷои «Label3» С, ба ҷои «Label4» X, ба ҷои «Label5» Y.
2. Яъне курсорро ба болои «Text1» гузошта ба равзанаи хосиятҳо «Свойства» даромада ба сатри «Text» ворид шуда ва аз тарафи рости ин сатр калимаи «Text1», «Text2», «Text3», «Text4», «Text5» -ро нестнамуда ин майдончаро холи мегузорем.
3. Барои иваз намудани номи майдони «CommandBatton» ба сатри «Caption» ( ) ворид шуда дар тарафи рости ин сатр ба ҷои калимаи «CommandBatton»«Natija» менависем.
Баъд аз оне, ки лоиҳаи мо тайёр шуд онгоҳ мо тугмаи «CommandBatton»-ро, ки «Natija» ном гузоштем бо ёрии мушак ду маротиба пайдарпай пахш менамоем. Дар натиҷа равзанае пайдо мешавад, ки мо дар он барномаи тартибдодаамонро дохил мекунем.
Пас аз дохил кардани барнома барои гирифтани натиҷаи барнома мушакро ба болои фармони «RUN» ва пас «Strat» гузошта тугмаи чапи онро пахш мекунем. Агар барномаи тартибдодаамон дуруст бошад онгоҳ лоиҳаи сохтаамон пешниҳод мешавад. Дар ин ҳолат мо ба майдончаҳои матни «Text», қимати таѓирёбандаҳоро дохил мекунем ва баъд тугмаи «CommandBatton»-ро, ки «Natija» ном гузоштем пахш менамоем ва баъд натиҷаи барномаи тартибдодаамон дар майдони «Text5» ҳосил мешавад.
Бо истифода функсияи «Val» ва «Str» барнома сохта шудааст. Функсияи «Val» қимати майдони сатриро ба адад табдил дода, функсия «Str» қимати таѓийрёбандаи ададиро-ро ба сатр табдил медиҳад.