Равзанаи барномаи Visual Basic 6.0
Related Articles
Равзанаи барномаи Visual Basic 6.0
Чунон, ки дар расми 1.4 оварда шудааст баъди ичрои ин амалхо дар оинаи монитор мухити интегрогнии Visual Basic 6.0 (Integred Development Environment (IDE)) кушода мешавад.
Мухити коркард интегронида мешавад, зеро, ки дар он амалхои гуногунро ба монанди лоихакаши кисмхои таркибии барнома, ислохкунии коди барнома, компилятсияи хамаи элементхои барнома ба файли ичрошаванда ва инчунин ислохкунии барнома ичро карда мешавад. Равзанаи барнома аз якчанд қисмҳо иборат аст. Ба монанди Menu, Toolbox(General), Properties Window, Project-Project1 ва ѓайра, ки дар расми 1.5 ба пуррагӣ тасвир ёфтааст, далели гуфтаҳои болост:
Равзанаи форма «Form1»
Равзанаи таxҳизотҳои «Toolbox» ё ин, ки равзанаи «General»
Равзанаи хосиятиҳо «Properties Window»
Равзанаи праектҳо «Project-Project1»
Сатри «Menu»
Сатр «сарлавҳа»
Расми 1.5
Панели асбобоҳои Visual Basic 6.0
Барномаи Visual Basic 6.0 аз чор панели асбобҳои асоси иборат аст:
- Debug;
- Edit;
- Form Editor;
- Standard;
Хангоми набудани тагиротхо факат панели Standard инъикос меёбад. Барои ворид ё хорич намудани панели инструменти дилхох бояд аз менюи View командаи ToolBar ро интихоб намоем. Баъд аз он амал оинае пайдо мешавад, ки дар он (расми 1.6) руйхати панели инструментхои асоси оварда шудаанд. Барои интихоби панели инструментхои лозима бояд дар болои он тугмачаи мушро пахш намоем.
Расми 1.6
Панели Debug дар расми 1.7 тасвир ёфтааст, ки барои ислохкунии хатогихо истифода бурда мешавад. Дар Visual Basic имкониятхои васеъи ислохкунии барнома мавчуд аст: санчидани киматхои тагирёбандахо, кадам ба кадам ичро намудани замимахо, муваккатан боздоштани ичроиши барнома дар кадами муайян ва гайрахо. Номгуи хамаи элементхои панели Debug дар чадвали 1.0 оварда шудаанд.
Расми 1.7 Панели инструментхои Debug
Чадвали 1.0
Элементхои панели инструментхои Debug
Тугмача | Ном | Вазифа |
Start | Ба кор сар додани барнома | |
Break | Муваккатан боздоштани ичроиши барнома (Пауза) | |
End | Интихои кори замима ва гузариш ба мархилаи коркард | |
Toggle Breakpoint | Корбасти нуктаи контроли, ки бо он кадами ичроиши барнома ба назар гирифта мешавад | |
Step Info | Барнома дар режими катъ мавчуд мешавад ва як оператори оянда ичро мешавад, дар ин холат процедурахои фарёдша- ванда кадам ба кадам ичро мешаванд | |
Step Over | Ичроиши як оператори оянда, дар ин холат процедурахо дар як кадам иро мешаванд | |
Step Out | Ба таври автомати хотима бахшидани процедураи ичрошаванда дар режими ислохоти Step Info | |
Locals Window | Кушодани оинаи Locals, ки дар оинаи Call Stack ва Watch мавчуд аст. Онхо барои санчидани кимати тагирёбандахо имконият медиханд | |
Immediate Window | Барои ичроиши коди тафтиши истифода бурда мешавад | |
Watch Window | Санчидани киматхои тагирёбандахо бо ёрии оинаи Watch | |
Quick Watch | Инъикоси кимати як тагирёбанда ё ин, ки ифода дар оинаи Quick Watch | |
Call Stack | Идоракунии фарёди функсия ва процедурах обо ёрии оинаи Call Stack |
Панели инструменти Edit
Панели Edit (р. 1.8) оинаи кор ба матни барнома мебошад. Дар ин панел амалхои редактори матниро ичро кардан мумкин аст: нусхабардори ва буридани матн аз буфер, чустучу ё ивази калимахо ва иборахо дар матни барнома ва гайрахо. Руйхати хамаи элементхои панели Edit дар чадвали 1.1 оварда шудаанд.
Расми 1.8 Панели инструментхои Edit дар мухити коркарди Visual Basic
Чадвали 1.2
Элементхои панели инструментхои Edit
Тугмача | Ном | Вазифа |
List Properties/ Methods | Инъикоси хамаи метод ва хосиятихои мавудбудаи объект | |
List constants | Баровардани руйхати константахои объект | |
Quick info | Инъикоси кимати тагирёбандаи чори хангоми ичроиши барнома дар режими катъ | |
Parameter Info | Хулоса барои процедура (метод)и фарёдшаванда номгуи хамаи параметрхои он | |
Comlete Word | Ба таври автоматики навиштани номи оператори даровардаистода бор охи интихоби пасоянди лозими аз руйхати пешниходшуда | |
Indent | Сохтани фосила дар матн аз тарафи чапи сахифа дар оинаи код | |
Outdent | Рад намудани фосилаи корбасткардашуда аз тарафи чапи сахифа | |
Toggle Breakpoint | Корбаст ё рад намудани нуктаи контроли дар ои дилхохи коди барнома | |
Comment Block | Хамрохкунии эзох дар коди барнома бо ёрии автоматики гузошта шудани апостроф дар сари сатр | |
Uncomment Block | Хоричкунии символи апостроф | |
Toggle Bookmark | Сохтани гузориш дар барнома | |
Next Bookmark | Чойивазкунии курсор дар матни барнома ба гузориши оянда | |
Previous Bookmark | Чойивазкунии курсор дар матни барнома ба гузориши пешина | |
Clear All Bookmarks | Хоричкунии хамаи гузоришхои гузошташуда дар оинаи код |
Панели инструменти Standard
Панели Standard, ки дар расми 1.8 тасвир ёфтааст, мухити коркарди панели асоси хисоб мешавад. Бо ёрии он амалхои зиёдеро ичро кардан мумкин аст, ки ин амалхоро дар менюхои File, Project, Debug ва Run ичро мешаванд. Панели стандарти одатан дар зери сатри меню чойгир мебошад. Аммо бо ёрии муш мо метавонем чои онро иваз намоем. Дар чадвали 1.2 элементхои асосии панели Standart ва вазифахои онхо оварда шудаанд.
Расми 1.8 Панели инструментхои Standard дар мухити коркарди Visual Basic
Чадвали 1.2
Элементхои панели инструментхои Standard
Тугмача | Ном | Вазифа |
Add Standard EXE Project | Барои сохтани лоихаи нав истифода бурда мешавад. | |
Add Form | Барои илова намудани формаи нав ё файл ба лоиха истифода бурда мешавад | |
Menu Editor | Барои сохтани ва ислохкунии меню дар форма хизмат мекунад. | |
Open Project | Барои кушодани лоихаи мавчудбуда истифода бурда мешавад. | |
Save Project | Барои сабти файлхое, ки ба таркиби лоихаи кушодшуда дохил мешаванд, истифода бурда мешавад. | |
Cut | Барои буридани объекти чудошуда ё матн истифода бурда мешавад. | |
Copy | Барои нусхабардории матн ё объект хизмат мекунад. | |
Paste | Барои гузоштани объект аз хотираи компютер ба ои истодаи курсор | |
Find | Барои чустучу истифода бурда мешавад | |
Undo | Барои рад намудани амали охирон ичрошуда истифода бурда мешавад | |
Redo | Барои такрор намудани амали радкардашуда истифода бурда мешавад | |
Start | Барои огози замима хизмат мекунад | |
Braek | Муваккатан боздоштани ичроиши барнома (Пауза) | |
End | Барои хотимаи кори замима истифода бурда мешавад | |
Project Explorer | Барои инъикоси кисмхои ташкилдихандаи лоихаи кушодашуда истифода бурда мешавад | |
Properties Window | Барои иваз намудани хосиятихои элементи идоракунии интихобшуда истифода бурда мешавад | |
Form Layout Window | Барои чойгир намудани формахо дар холати лозима хизмат мекунад | |
Object Browser | Барои инъикоси руйхати объектхои дастрас дар лоихаи чори, инчунин чойивазкунии тез дар коди барнома истифода бурда мешавад | |
Toolbox | Барои инъикоси панели инструментхо дар мухити коркард истифода бурда мешавад |
Панели инструменти Form Editor
Панели From Editor дар расми 1.9 ба пураги тасвир ёфтааст, ки барои чойивазкунии элементхои идоракунии дар форма, иваз намудани андозаи онхо, баробаркуни нисбати онхо ва дигар амалҳоро ичро намудан мумкин. Руйхати хамаи элементхои панели From Editor дар чадвали 1.3 оварда шудаанд, ки ба пураги ба он шинос шудан мумкин аст.
Расми 1.9. Панели инструментхои Form Editor дар мухити коркарди Visual Basic
Чадвали 1.3.
Элементхои панели инструментхои From Editor
Тугмача | Ном | Вазифа |
Bring To Front | Барои чойгир намудани элементи интихобшуда ба сахни пеш хизмат мекунад | |
Send To Back | Объекти интихоькардашударо ба сахни кафо чойгир менамояд | |
Align Lefts | Барои баробар намудани яканд элементи идоракунии дар руи форма мавчудбудаи интихобшуда нисбати ягон объект истифода бурда мешавад | |
Center Horizontally | Барои ойгир намудани объекти интихобшуда дар маркази форма нисбати тирхои горизонтали ва вертикали | |
Make Width Same Size | Барои иваз намудани андозаи хамаи элементхои идоракунии интихобшуда, ки дар руи форма мавчуданд, истифода бурда мешавад | |
Lock Controls Toggle | Барои манъ намудани ивазкунии андоза ва чойгиршавии объект дар форма истифода бурда мешавад |