Кор бо хосиятхои шакл дар Visual Basic

Related Articles

Хосиятхо дар Visual Basic атрибутхои (сифатхои тавсифдихандаи) объектхоро ифода мекунанд. Бо ёрии онхо метавонем намуди зохирй ва хатто рафтори объектро идора намоем. Хар як объект дар Visual Basic акалан як ва ё якчонто хосият дошта метавонад. Дар баъзе объектхо микдори бештари хосиятхоро мушохида кардан мумкин аст. Шархи баъзе аз хосиятхоро меорем:

Хосияти Backcolor.

Ин хосият ранги манзараи (фони) шаклро муайян менамояд. Барномасоз имконият дорад, ки аз рангхои пешниход гардида истифода намуда, шакли барномаи худро зебо гардонад.

Хосияти BorderStyle.

Хосияти BorderStyle хосияти сархади ихота кардаи шаклро муайян менамояд. Сархад метавонад, ки кайдгардида ё масштабнок бошад.

Хосияти Caption.

Ин хосият матнеро муайян менамояд, ки дар сарлавхаи равзана ва ё шакл мебарояд.

Хосияти Controlbox.

Ин хосият киматхои True (хакконй) ва False (калбакй) – ро мегирад, ки он мавчуд будан ё набудани тугмачахои менюи равзанаро муайян менамояд. Бояд кайд намоем, ки хосиятиии BorderStyle, Controlbox, Maxbutton ва Minbutton робитаи мутакобила доранд.

Хосияти ForeColor.

Хосияти мазкур ба ранги объектхо таъсири худро нарасонида, балки ранги матнро иваз менамояд. Масалан, агар хохед, ки матнхоро бо ранги сурх бароред, он гох дар хосияти ForeColor ранги сурхро интихоб кунед.

Хосияти Namе.

Ин яке аз хосияти мухими барномасозй ба хисоб меравад. Вай номеро муайян менамояд, ки тавасути он Visual Basic объектхоро хангоми халли барномахо муайян менамояд. Барои дуруст фахмидани вазифаи замима номи вай бояд маънои пурмазмун дошта бошаду пеш аз он префикси frm илова карда шавад.

Хосияти Maxbutton ва Minbutton.

Ин хосияти барои дар кунчи равзанаи лоиха баровардани (кимати TRUE) ё нест гардонидани (кимати FALSE) тугмачахои калонкунй (Maxbutton) ва хурдкунй (Minbutton) хизмат мекунанд.

Хосияти Hеight ва Width.

Хосияти Hеight баландии шаклро муайян менамояд. Вайро метавонем аз як тарафи шакл дошта иваз намоем. Хосияти Width барои муайян кардани дарозии шакл хизмат мекунад. Вай дар якчоягй хосияти Hеight истифода мешавад.

Хосияти Lеft ва Icon.

Хосияти мазкур барои муайян кардани масофаи шакл то канори чапи равзанаи асосй хизмат менамояд. Вай бо хосияти Top якчоя истифода мегардад.

хосияти Icon барои гузоштани суратча барои шакл хизмат мекунад. Барои интихоби суратча лозим аст, ки ба номи хосият ишораи мушакро бурда, тугмачаи онро ду бор паси хам зер кунем.

344
Нет комментариев. Ваш будет первым!