Барномасозӣ дар Visual Basic 6.0

Related Articles

Баъд аз он, ки алгоритми халли масъала ва аз руи он блок-схемаи масъала тайёр карда шуд, ба сохтани барнома шуруъ менамоянд. Сохтани барнома дар забонхои алгоритмии дарачаи олии Бейсик ва Паскал хосиятиии ба худ хосро доранд, ки онхоро аз забонхои барномасозии мухити WINDOWS фарк менамояд. Онхо осонфахм ва оддй мебошанд. Чунки барномасоз медонад, ки баъди сохтани алгоритми халли масъала хатман ба сохтани барнома шуруъ менамояд ва ин кор факат бо донистани вазифахои асосй ва тарзи дода шудани операторхои забони алгоритмй ичро карда мешавад. Дар забони барномасозии Visual Basic барномасозиро пас аз итмоми алгоритм ва блок-схема ба ду қисм чудо намуда ичрои барномаро шуруъ менамоянд: қисми дизайнери ва қисми коди барнома дар қисми дизайнерии барнома мо метавонем ҳар як элементи интихобнамударо аз он чумла формаро ба тартиби муайян чойгир намоем. Ҳар як элементро вобаста ба хосиятиҳояш(Properties) метавонем дигаргун намоем. Дар қисми коди барнома мо аз алгоритми тартиб додаи худ васеъ истифода мебарем. Алгоритмро бо дилхоҳ забонҳо барнома нависи баргардонида барномаашро тартибдодан мумкин аст.

Барои тасдиқи гуфтаҳои боло аз мисол истифода мебарем: алгоритм, блок-схема ва барномаи масоҳати росткунчаро тартиб медиҳем.

Алгоритм:

  1. Ибтидо;
  2. Дохилкунии a,b;
  3. s=a*b
  4. Чопи S;
  5. Интиҳо;

Изображение

Барнома дар VB:

Изображение

Бо ҳамин мақсад мо метавонем дилхоҳ барномаро дар ин `ё он забони барноманависи тартиб диҳем.

Тавре, ки маълум аст, аслан ҳаргуна барнома барои коркарди додашудаҳо сохта мешавад. Додашудаҳо дар шакли ибтидоиашон ба барнома дохил карда шуда, ба намуди коркарда шуда(натичаҳои мобайни ва ниҳои) аз барнома «хорич» мешаванд. Дар забони барномасозии Visual Basic ҳам ба монанди дигар забонҳои барноманависи, бузуриҳоро ба бузургиҳои доими ва тагирёбанда чудо меномоянд. Вале бартарии забони Visual Basic аз дигар забонҳо (масалан, забони алгоритмии Basic) дар он аст, ки вай ба гайр аз истифодаи намудҳои стандартии бузургиҳо, боз намудҳои хусусии худро сохта метавонад. Намуди стандартии додашудаҳои Visual Basic-ро дар чадвали 1.5 меорем.

<td/><td/><td/><td/><td/><td/>
НамудТипҲачми хотираи ишгал шадаИшорат
IntegerБутун2 байт%
LongБутуни дучанда4 байт&
BooleanБулияви2 байт
ByteБайт1 байт
SingleХақиқии саҳеҳияш якчанда4 байт!
DoubleҲақиқии саҳеҳияш дучанда8 байт#
StringСатри, матни1 байт баҳар як рамз$
ObjectОбъекти, расми4 байт
VariantВарианти, адади16 байт
VariantВарианти матни22 байт+дарозии сатр
CurrencyАдад дар формати пули8 байт@
DateТаърих8 байт

Доимҳо. Дар Visual Basic доимиҳоро барои ишораткунии қимати он бузургиҳое истифода мебаранд, ки дар хотир нигоҳ доштани он мушкил аст. Номи домиҳои (канстанта-canst) Visual Basic бо префикси VB навишта мешавад. Масалан қимати канстантаи vbActiveTitleBar (ранги панели сарлавҳаи WINDOWS) бо 2147483646 баробар аст.канстантаи vbGreen (ранги сабз) бошад, қимати 65280-ро дорад. Ҳар як истифода баранда метавонад диомиҳои хусусии худро дошта бошад. Масалан, ба мананди рузҳои ҳафта моҳҳо ва гайраро ташкил намояд

481
Нет комментариев. Ваш будет первым!