Барномаҳо барои кор дар Шабакаи Интернет

Related Articles

Барномаҳо барои кор дар Шабакаи Интернет

Браузерҳо

Мақсад: Баланд бардоштани дониши техники хонандагон оиди принсипи кор дар шабакаи Интернет Браузерҳо

Нақша:

  1. Маълумот дарбораи Браузерҳо
  2. Сервери ҷустуҷӯи

Барои алоқа бо Интернет барномаи махсус – браузер истифода карда мешавад. Сараввал браузерҳо барои муоинаи ҳуҷҷатҳо аз Web-серверҳо истифода карда мешуданд, аммо рақобати байни истеҳсолкунандагони таъминоти барномавӣ ба пайдо шудани имкониятҳои иловагӣ оварда расонид. Дар натиҷа дар браузерҳои муосир замимаҳои имконнок барои дастрасии Интернет гирд оварда шудаанд.

Имрӯзҳо браузери паҳншуда Netscape Navigator мебошад, ки аз тарафи ширкати Netscape Communications ва Internet Explorer мебошад, ки аз тарафи ширкати Microsoft истеҳсол мешавад. Ҳар ду баста барои кор дар Интернет хуб аст (танҳо камтар фарқ доранд). Ҳар ду бо хизматҳои гуногуни Internet, аз ҷумла HTTP, FTP, барномаҳои мутолиаи иттилоот, почтаи электронӣ, протоколҳои нисбатан кӯҳна ба мисли Telnet ва Gopher мувофиқат менамоянд.

Барои он, ки бо воситаи браузер ба сервере, ки IP-суроға дорад, муроҷиат намоед, номи домении пурраи ин серверро ворид кардан лозим аст.

Масалан, агар шумо ба Интернет ворид шудед ва мехоҳед бо сервери ҷустуҷӯии харкови алоқа пайдо кунед, шумо бояд суроғаи зеринро ворид кунед: meta.harkiv.net/. Ин навиштаҷот маънои онро дорад, ки барои ба ин сервер муроҷиат намудан бояд протоколи интиқоли гиперматн (HTTP) истифода карда шавад. Чунин шакли навиштаҷот локатори универсалии манбаъ (Universal Resource Locator – URL) ном дорад. Агар ба браузер IP-суроғаи ягон номи домениро муайян кардан лозим бошад, он ба сервери асосии (решавии) номҳо васл мегардад ва баъди оне, ки сервер ба ӯ суроғаро хабар медиҳад, пайвандшавӣ сурат мегирад.

Адабиётҳои истифодашуда

  1. Издательство «НТ Пресс», 129085, Москва, Звёздный 6-р, д.21.1
  2. Лесничная И.Г Информатика ва технологияи компютерӣ
  3. Жеретинцева Н.Н. Курси лексия оиди шабакаҳои компютерӣ
  4. Кульгин М. Технологияи шабакаҳои интернетӣ .
  5. Системаи ҷустӯҷуии глобалӣ: www.yandex.ru, www.google.ru
297
Нет комментариев. Ваш будет первым!