Ҷустуҷӯӣ босамар ва системаҳои глобалии ҷустуҷӯӣ

Related Articles

Ҷустуҷӯӣ босамар ва системаҳои глобалии ҷустуҷӯӣ

Мақсад: Маълумот додан дарбораи ҷустуҷӯӣ босамар ва системаи ҷустуҷӯӣ www.altavista.com

Нақша:

  1. Ҷустуҷӯӣ босамар
  2. Системаҳои глобалии ҷустуҷӯӣ
  3. Системаи ҷустуҷӯӣ www.altavista.com

Барои ҷустуҷӯи босамар бояд ҳам мошинҳои ҷусутуҷӯӣ ва ҳам феҳрастҳо истифода шаванд.

Базаи индексии мошинҳои ҷустуҷӯӣ маъмулан бештар сайтҳоро иқтибос мекунанд, на феҳрастҳоро. Аммо феҳрастҳое, ки бо рубрикатори хуб таъмин мебошанд, доираи ҷустуҷӯро хеле маҳдудтар гардонда, имкон медиҳанд, ки иттилооти зарурӣ зудтар ёфт шавад. Ҳамчунин роҳнамоҳои феҳрастҳо беҳтар аз роботҳо имкон доранд, ки вожаҳои калидиро барои сайти зарурӣ муайян кунанд.

Агар ҷустуҷӯ натиҷаи дилхоҳ надод, бояд дархост дақиқтар баён шавад. Дар ин сурат ба шумо кори дақиқ бо ҷустуҷӯи васеъ ёрӣ медиҳад, чунки аксари системаҳои ҷустуҷӯии ҷаҳон бо он таъмин шудаанд. Вазифаи ҷустуҷӯи васеъ то андозае дар системаҳои гуногун тафовут доранд, аммо вазифаи ҳамаи онҳо як аст. Бояд дархост ҳарчӣ бештар мушаххас бошад. Ба ин мақсад системаҳо бо забони саволҳо илова мешаванд. Бояд дар ёд дошт, ки системаҳои ҷустуҷӯӣ танҳо бо сайтҳои русӣ кор мекунанд, аммо системаҳои глобалӣ бо тамоми тори анкабут. Ба ибораи дигар, ҳангоми ҷустуҷӯ берун аз Рунет зарур аст, ки аз дигар системаҳо истифода шаванд.

Системаҳои глобалии ҷустуҷӯӣ – Маъмултарин портали ин система ҳам www. yahoo.com ва www.altavista.com мебошанд. Yahoo-ро: маъмулан ба феҳрастҳо дохил мекунанд, аммо www.altavista-ро шомили системаҳои ҷустуҷӯӣ медонанд, аммо ҳоло дар ҳарду сайт имкон дорад, ки ҳам аз феҳраст истифода шавад ва ҳам аз системаи ҷустуҷӯӣ. Ҳамчунин ҷӯяндаи www.britanica низ хеле хуб будани худро ба исбот расондааст. Феҳрасти www.britanica низ истифодабарандагони хеле зиёд дорад.

Изображение

Барои ҷустуҷӯи иттилоот бо ёрии системаи ҷусҷтуҷӯии Аltavista, ки яке аз калонтарин базаҳои иттилоот ва механизми ҷустуҷӯии босуратро дорост, зарур аст:

-барқарор кардани алоқа бо таъминкунандаи хизмати интрнетӣ;

-ба кор даровардани барномаи Internet Explorer ва ё дигар системаҳои навигатсионӣ;

-пахш намудани тугмаи Ҷустуҷӯ. Дар экран рӯйхати системаҳо бо майдони саволҳо барои ҷустуҷӯи иттилоот пайдо мешавад;

-даровардани иттилоот барои савол дар майдони даромадан ба системаи Аltavista ва пахш кардани тугмаи Ҷустуҷӯ

Баъди чанде дар экран саҳифа бо натиҷаи ҷустуҷӯи иттилоот пайдо мешавад.

Дар аксар ҳолат кофист, ки дархостҳои оддӣ дода шаванд. Аммо системаи мазкур саволҳои мушкилро низ амалӣ мекунад, Барои ин операторҳои мантиқӣ ва ифодаҳои синтаксисӣ истифода мешаанд.

Адабиётҳои истифодашуда

  1. Издательство «НТ Пресс», 129085, Москва, Звёздный 6-р, д.21.1
  2. Лесничная И.Г Информатика ва технологияи компютерӣ
  3. Жеретинцева Н.Н. Курси лексия оиди шабакаҳои компютерӣ
  4. Кульгин М. Технологияи шабакаҳои интернетӣ .
  5. Системаи ҷустӯҷуии глобалӣ: www.yandex.ru, www.google.ru
293
Нет комментариев. Ваш будет первым!