Қабули иттилооти почтаи электронӣ ва ҷавоб гардонидан ба онҳо

Related Articles

Мақсад: Фаҳмонидан оиди қабули иттилооти почтаи электронӣ ва ҷавоб гардонидан ба онҳо

Нақша:

  1. Қабули иттилоот
  2. Хондани иттилоот
  3. Ҷавобдиҳӣ ба иттилоот.

Ҳамаи хабарҳои (иттилоот) гирифташуда дар папкаи «Даромадҳо» нигоҳ дошта мешавад. Дар як вақт дар як тарафи китобча шумораи тартибӣ, ки дар хабарҳои нахонда ҷамъ мешаванд, қайд мегардад. Даромадҳоро ба ду гӯрӯҳ ҷудо мекунанд: рӯйхати иттилоот (дар боло) ва мазмуни иттилоот (аз поён). Агар рӯйхати иттилоотро пахш кунем мазмуни он дар қисми поёни равзана инъикоси худро меёбад. Ҳамин тавр иттилоотро бо зудӣ дида баромада, ба қароре меоем, ки кадоми онро дар навбати аввал хонд.

Ду тарзи ҷавоби баргардонидани иттилоот ҷой дорад: Шумо метавонед иттилооти созед ё ин ки ба иттилооти гирифтаатон ҷавоб гардонед. Дар ҳолати дуюм бошад шумо метавонед мунтазам ва ё ба ҳаммаи иттилоот гирандагон ҷавоб гардонед ва дар як вақт мазмуни иттилооти баргардандаро дар мазмуни ҷавоб нишон диҳед. Метавонед нусхаи аслии иттилоотро ба шахсони дигар аз нав равона созед.

Қабули иттилоот

Тугмачаи «Дастраси почта»-ро пахш намоед (Send Fond Receive). Компютер бо сервери алоқа – ба интернет пайваст шуда ҳамаи иттилооти дохилшударо қабул намуда онро дар папкаи «Даромадҳо» ҷойгир мекунад.

Ҳамаи иттилоот аз папкаи «Баромадҳо» равона карда мешаванд.

Дар папкаи «Баромадҳо» иттилоотҳое, ки барои равона омода буда нигоҳ дошта мешаванд.

Хондани иттилоот.

  1. Боварӣ ҳосил кунед, ки равзанаи Outlook Express кушода ҳаст. Дар ҷои папкаҳо тугмачаи «Даромадҳоро» пахш намоед (inbox). Навиштаҷоти папкаи «Даромадҳо» дар ҷои азназаргузаронӣ инъикос меёбад.
  2. Папкаи иттилоотро дар мавзӯи «Шуморо Microsoft Outlook Express хайра макдам мегӯяд»- пахш намоед. Мазмуни иттилооти ҷудогардида дар ҷои азназаргузарони мазмун пайдо мешавад.
  3. Дар ҷои азназаргузаронии рӯйхатҳо иттилооти «Шуморо Microsoft Outlook Express» ду маротиба пахш мекунед сипас равзанаи иттилооти «Шуморо Microsoft Outlook Express» кушода мешавад.
  4. Равзанаи иттилоотии «Шуморо Microsoft Outlook Express»-ро банд

Ҷавобдиҳӣ ба иттилоот.

Ба ҳамаи итилоотҳое, ки дар папка нигоҳ дошта мешавад ҷавоб мегардонед.

1. Бовари ҳосил кунед, ки равзанаи «Outlook Express» кушода аст папкаи «Даромадҳо»-ро пахш кунед.

Мазмуни папкаи «Даромадҳо» дар ҷои азназаргузаронӣ намудор мегардад.

2. Дар ҷои азназаргузаронии иттилоот ахбори лозимиро ҷой диҳед равзанаи иттилоот кушода мешавад.

3. Тугмачаи «Ба муаллиф ҷавоб гардонед» (Reply To Outlier).

Барои он, ки ба иттилоот ҷавоб диҳед зарурияти кушодани он нест. Шумо иттилоотҳои заруриро ҷудо намуда, тугмачаи «Ба муалиф ҷавоб диҳедро» пахш кунед.

Сархати иттилоот мазмуни иттилоот номи муаллиф ва мавзӯи интихобшудаи иттилоотро дар бар мегирад.

  • Мазмуни иттилоотро дохил кунед.
  • Тугмачаи «Равона созед»-ро пахш кунед (Send). Ҷавоб дар папкаи «Баромадҳо» (Outbox) ҷой дода мешавад. Агар шумо ба шабака пайваст набошед, бояд тугмачаи «Почтаро расонед» барои интиқоли иттилоот пахш намоед

Адабиётҳои истифодашуда

  1. Издательство «НТ Пресс», 129085, Москва, Звёздный 6-р, д.21.1
  2. Лесничная И.Г Информатика ва технологияи компютерӣ
  3. Жеретинцева Н.Н. Курси лексия оиди шабакаҳои компютерӣ
  4. Кульгин М. Технологияи шабакаҳои интернетӣ .
  5. Системаи ҷустӯҷуии глобалӣ: www.yandex.ru, www.google.ru
312
Нет комментариев. Ваш будет первым!