Равона сохтан ва гирифтани номаи электронӣ дар барномаии Outlook Express

Related Articles

Равона сохтан ва гирифтани номаи электронӣдар барномаии Outlook Express

Мақсад: Омӯзонидани равона сохтан ва гирифтани номаиэлектронӣ дар барномаии Outlook Express. Баланд бардоштани дониши техники хонандагон оиди истифодабарии Outlook Express.

Нақша:

  1. Outlook Express ва имкониятҳои он.
  2. Омода сохтан иттилоот
  3. Тарзи интиқоли иттилоот

Дар ҳолате, ки агар папкаи баромадҳо фаъол бошад онгоҳ равзанаи Outlook Express панҷ папкаро истифода мебарад, ки онҳо барои нигоҳдории иттилоот нигаронида шудаанд. Инчунин Outlook Express ин панҷ папкаро барои почтаҳои даромад ва баромад истифода мебарад. Дар қисми рости равзана яъне ҷои азнавгузаронӣ, мазмуни иттилооти ҷудогардида инъикос меёбад. Ҳангоми зер кардани тугмачаи Microsoft Outlook равзанаи барнома якчанд ярликҳоро хомӯш мекунад, ки бо ёрии онҳо амалиётҳои заруриро иҷро намудан мумкин аст.

Омода сохтан ва интиқоли иттилоот.

Барои аз худ намудани усулҳои корӣ бо Outlook Express шумо бояд аввал иттилоотро омода сохта сипас онро ба ҷои зарурӣ интиқол диҳед. Ҳатто, ҳангоми хоҳиш доштан, ба ягон шахсе, ки суроғаи почтаи элекрониаш маълум аст, метавонед ахбор равон кунед.

Барои ин чунин қоидаҳоро ба ҷо меоред:

  1. дар мизи кори нишони Outlook Express гирифта мешавад. Шумо кушодашавии оинаи Outlook-ро мушоҳида мекунед.
  2. тугмачаи алоқа барои омода сохтани иттилоотро ба кор медароред. (Compose message). Баъди ин оинаи ташкили иттилоот кушода мешавад.
  3. Дар майдони «Ба кӣ?» суроғаи почтаи электрониро дохил мекунед (мегиред).

Агар шумо иттилоотро ба шахси интихобкардаатон равон кунед дар ин ҳолат мумкин аст чунин огоҳнома қабул намоед. Иттилоот расонида нашуд. Пас фахмо аст, ки сурогаи нишондодаи почтаи электронӣ вуҷуд надорад.

  • Тугмачаи Тав-ро 3-маротиба такроран пахш кунед.
  • дар майдони «Мавзӯъ» (Subject) иттилоотро нависед.
  • Тугмаи Тав-ро пахш кунед.
  • Дар ҷои «Мазмуни иттилоот» мазмуни иттилоотро нависед. (Масалан: Мо ба хулосае омадем, ки барои гуфтушунид дар Норак вомехурем).
  • Сипас тугмачаи «Интиқол додан»-ро пахш кунед. Баъди ин Иттилооти навишташуда пӯшида мешавад. Иттилоот дар папкаи «Баромадҳо» ҷой дода мешавад:

Агар шумо ба система пайваст шуда бошед, пас тамоми ахборотҳои равон карда шуда ва гирифташаванда бо таври автоматики сурат мегирад.

  • Ба тугмаи «Расонидани почта» ишора мекунем (Send Fond Receive). Иттилоот равон карда шуда дар китобчаи «равона сохтан» ҷой дода мешавад.

Адабиётҳои истифодашуда

  1. Издательство «НТ Пресс», 129085, Москва, Звёздный 6-р, д.21.1
  2. Лесничная И.Г Информатика ва технологияи компютерӣ
  3. Жеретинцева Н.Н. Курси лексия оиди шабакаҳои компютерӣ
  4. Кульгин М. Технологияи шабакаҳои интернетӣ .
  5. Системаи ҷустӯҷуии глобалӣ: www.yandex.ru, www.google.ru
289
Нет комментариев. Ваш будет первым!