НИЗОМИ БОНКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нақша:

Таъсиси бонкҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Низоми бонкии ҳозиразамони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Марҳилаҳои ислоҳоти низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Таъсиси бонкҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Низоми бонкӣ дар қаламрави Тоҷикистони имрӯза баъд аз таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон оғоз ёфт. Нахусгин муассисаи бонкии Тоҷикистон

Намояндагии Бонки давлатии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистй (ИҶШС) дар шаҳри Душанбе моҳи июни соли 1925 ташкил гардид, ки ба доираи дар Осиёи Миёна будаи Бонки давлатии ИҶШС дар шаҳри Тошканд тобеъ Г>уд. Моҳи декабри ҳамон сол намояндагии Бонки давлатии ИҶШС дар шаҳри Душанбе ба Идораи Бонки давлатии ИҶШС дар ш. Душанбе табдил дода шуд. Моҳи октябри соли 1934 Идораи Бонки давлатии ИҶШС дар ш. Душанбе ба тобеъияти бевоситаи Бонки давлатии ИҶШС гузашт ва ба худ номи Идораи Тоҷикистонии Бонки давлатии ИҶШС- |>о гирифт. Соли 1935 бо 24 бахш (филиал) ба корхонаю шахсони ҷудогона хизмати бонкӣ мерасонд. Бахшҳои Бонки данлатӣ дар ноҳияҳои зерин фаъолият менамуданд: Қур- гонтеппа, Кӯлоб, Ғарм, Панҷакент, Хуҷанд, Уротеппа, Ко- пибодом, Хоруғ, Исфара, Обигарм, Шаҳринав, Янгибозор (қозира Кофарниҳон), Ҷиликӯл, Куйбишев (ҳозира Хоҷамастон), Шаҳритус, Мӯъминобод, Кангурт, Фархор, Нов, Ашт, Кагановичобод (Колхозобод), Кӯктош, Ҳисор. Дар соли 1942 филиалҳои Бонки давлатӣ то ба 42 ва дар соли 1987 бошад то ба 59 адад расид.

Аз соли 1959 то соли 1987 дар Ҷумҳурӣ асосан се бонк, мъне Идораи Ҷумҳуриявии Бонки давлатии ИҶШС, Идораи Ҷумҳуриявии Бонки сохтмони ИҶШС ва Бонки амонат- I узорй фаъолият мекарданд.

Соли 1987 дар асоси Қарори Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шӯрои Вазирони ИҶШС таҳти № 821 аз 17 июли соли 1987 дар Иттиҳоди Шӯравӣ ислоҳоти бонкй гузаронида шуд ва дар асоси ин карор низоми бонкии зерин ташкил карда шуд:

Бонки давлатии ИҶШС;

Бонки фаъолияти иктисодии хориҷии ИҶШС;

Бонки саноату сохтмони ИҶШС;

Бонки агросаноатии ИҶШС;

Бонки хоҷагии манзилу коммуналӣ ва рушди иҷтимоии ИҶШС;

Бонки амонатгузорй ва қарздиҳӣ ба аҳолии ИҶШС.

Баъдан бо Қарори Шӯрои Вазирони ИҶШС таҳти №

1118 аз 6 октябри соли 1987 муайян карда шуд, ки дар ҷум- ҳуриҳо, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии То- ҷикистон бонкҳои ҷумҳуриявии зерин ташкил карда шаванд:

Идораи Ҷумҳуриявии Бонки давлатии ИҶШС;

Идораи Ҷумҳуриявии Бонки саноату сохтмони ИҶШС;

Идораи Ҷумҳуриявии Бонки рушди манзилию иҷтимоии ИҶШС;

Идораи Ҷумҳуриявии Бонки амонатгузории ИҶШС.

Аз сабаби он ки ба тамоми аҳолию субъектҳои хоҷа- гидорй Бонки давлатӣ, Бонки сохтмон ва Бонки амонатгузорй хизмат мерасониданд, баъд аз ташкил шудани бонкҳои дар боло номбурда, вазифаи бонкҳои амалкунанда, байни ҳамаи бонкхо тақсим карда шуданд.

Дар ин давра Бонки давлатии ИҶШС системаи пулию қарзиро тавассути идораҳои дар ҷумҳуриҳо мавҷуд буда, идора намуда, сиёсати ягонаи пулию карзии мамлакатро тартиб медод, фаъолияти бонкҳои дигарро танзим ва назо- рат мекард. Баъдтар, яъне соли 1991, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба Қарори худ аз 28 июни соли 1991 раками 332 Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дод. Соли 1996 мувофиқи Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номи Бонки миллии

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бонки миллии Тоҷикистон табдил до да шуд. Ҳоло Бонки миллии Тоҷикистон ба сифати бонки марказй фаъолият намуда, сиёсати пулию карзии мамла- катро тартиб медихад, талаботҳои онро амалй мегардонад ва фаъолияти бонкҳои тиҷоратиро танзим менамояд.

  1. Низоми бонкии ҳозиразамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳар мамлакати мустақил, ки бо усулҳои иқтисоди бозорӣ амал менамояд ё ба ин бозор дохил шуда истодааст, бояд низоми инкишофёфтаи бонкӣ дошта бошад. Зеро барои фаъолият намудан дар шароити иқтисоди бозорӣ бонкҳо нақши асосиро иҷро мекунанд. Бонкҳо на танҳо амонат ва пасандозҳоро қабул менамоянд, балки тавассути бонкҳо тамоми пардохтҳои пулӣ амалӣ мегарданд.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллим Тоҷикистон ҳамчун бонки марказй ва теъдоди зиёди бонкҳои саҳомию тиҷоратӣ амал менамоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон, чи тавре ки дар бол о зикр кардем, дар заминаи Бонки давлатии собиқ Иттиҳоди Шӯ- равӣ дар соли

  1. таъсис до да шудааст. Бонкҳои соҳавие, ки вуҷуд доштанд аз 1 январи соли 1992 ба бонкҳои саҳомию тиҷоратии зерин табдил гаштанд.7

Бонки саҳомию тиҷоратии саноату сохтмони «Ориён- бонк»;

Бонки саҳомию тиҷоратии сармоягузории зироат ва саноати «Агроинвестбонк»;

Бонки саҳомию тичоратии тараққиёти ичтимоиёт ва соҳибкорӣ «Тоҷикбонкбизнес».

Вазъи молиявии ин бонк дар натичаи риоя накардани қоидаҳои доду ситади қарз бисер коҳиш ёфт ва теъдоди шёди муштариёни он ҳисобҳои худро аз ин бонк гирифта, дар бонкхои дигар ифтитох намуданд ва дар охир ин бонк ммконияти фаъолият карданро аз даст дод ва аз моҳи июни
‘II Ашуров, И. Лалбеков. Муомилоти пулй, қарз ва бонк. Душанбе, 2002, г 151 — 152

соли 1999 ҷиҳати барҳам додани он Бонки миллии Тоҷи- кистон қарор кабул кард.

Соли 1990 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯъбаи Бонки фаъолияти иктисоди хориҷии ИҶШС ташкил дода шуда буд ва моҳи марти соли 1992 ба Бонки давлатию сахомии фаъолияти иқгисоди хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷик- содиротбонк» табдил дода

шуд.

Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 дар асоси шӯъбаи ҷумҳуриявии Бонки амонатгузории собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил карда шуд. Баъдтар мувофиқи Фармони Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 1123 аз 26 ноябри соли 1998 «Дар бораи азнавтаъсисдиҳии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» ин бонк ба Бонки давлатии амонатгузории Ҷумхурии Тоҷикистон табдил дода шуд.

Бонкҳои саҳомию тиҷоратии мустақил дар кишварамон аз соли

  1. таъсис дода шуданд, ба монанди: Бонки саҳомию тиҷоратии «Тоҷбонк», Бонки тиҷоратии «Фонон», Бонки тиҷоратии «Хуҷанд». Соли 1993 бонки тиҷоратии «Сомонбонк», Бонки саҳомию тиҷоратии «Ганҷина», Бонки саҳомию тиҷоратии «Акбарбонк», Бонки кооперативию колхозии «Деҳқонбонк».

Соли 1994 Бонки тиҷоратии «Эсхата», Бонки тиҷоратии кооперативию универсалии «Айём» ва дар соли 1995 — Бонки тиҷоратии «Текстинвестбанк», Бонки саҳомию тиҷоратии таҷдид ва инкишофи саноати Тоҷикистон «Тоҷпромбонк» таъсис дода шуданд. Ҳамин тавр, таъсис диҳии бонкхо давом ёфта, дар солҳои 1996-1997 боз бонкхои нав созмон дода шуданд ва дар ин сол ба системаи бонкии кишвар Бонки универсалии саҳомию тиҷоратии тараккиёти савдо ва хӯроки умумии «Торибонк», Бонки тиҷоратии «Душанбе», Бонки тиҷоратии «Ришта», Бонки тиҷоратии «Зироат», Бонки муштараки Люксембургу Тоҷикистон «Исткредит- бонк» ва Бонки сахомию тичоратии «Илҳом» ҳамроҳ гардиданд.

Қобили тазаккур аст, ки фаъолият намудан дар шароита иқтисоди бозорӣ, талаб менамояд, ки бонк бояд барои ҳаматарафа дар ин бозор фаъолият намудан тайёр бошад.

Мутаассифона, баъзе аз бонкхои навташкил аз ӯхдаи дар иқтисоди бозорӣ амал кардан баромада натавонистанд, меъёрҳои иктисодии аз тарафи Бонки милиии Тоҷикистон муқарраршударо риоя накарданд ва дар натиҷа қисме аз онҳо ба бонкхои дигар ҳамроҳшуданд ва кисми дигарашон барҳам дода шуданд. Ҳоло низ барҳам додани теъдоди бонкхои таҷоратие, ки барои фаъолият намудан сармояи кофй надоранд давом дорад ва дар оянда ҳамон бонкҳое имал карда метавонанд, ки ба талаботи иқтисоди бозорӣ ҷавобгӯ бошанд. Фаъолияти Бонки саҳҳомию тиҷоратии гираққиёти иҷтимоиёт ва соҳибкории «Тоҷикбонкбизнес» бинобар суст шудани вазъи молиявиаш аз 15 сентябри соли 2000 қать гардид.

Соли 2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагй 138 таш- килотҳои қарзй, аз он ҷумла 14 бонк, 6 ҷамъияти қарздиҳӣ, 1 шшкилотм молиявии ғайрибонкӣ ва 117 ташкилоти маблағгузории хурд фаъолият доштанд.

Имрӯз, ташкилотҳои қарзие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд, аз рӯи хусусиятҳои моликияташон ба шакли зайл гурӯҳбандӣ мешаванд:

Бонкҳо: давлатӣ -1 адад; саҳомӣ — 9 адад; хориҷӣ — 6 адад.

Ҷамъиятҳои қарздиҳи: саҳоми — 5 адад;

ҶҚММ-1 адад.

ТМҒ:

саҳомИ -1 адад.

Ташкилотҳои амонатии кредитии хурд:

11.СП — 9 адад;

ҶММ- 19 адад;

аз ҷумла:

бо иштироки сармояи хориҷӣ — 3 адад.

Ташкилотҳои қарзии хурд:

ҶСП- 9 адад;

ҶММ -38 адад;

аз ҷумла:

бо иштироки сармояи хориҷӣ — 3 адад

Фондҳои қарзии хурд:

ҶамъиятИ — 43 адад.

Соли 2010 назар ба соли 1992 шумораи бонкҳо ба 7 адад зиед шуд. Танҳо дар даҳ соли охир (солҳои 2000 — 2010) дар Ҷумҳурӣ 124 ташкилотҳои ғайрибонкӣ таъсис ёфт.

Соли 2009 гурӯҳи ташкилотҳои қарзй ташкил гардид, ки сармояи оинномавии онҳо аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳояшон бо асъори хориҷӣ фароҳам омада ва он аз 5 бонк ва 1 таш- килоти молиявии ғайрибонкии амалкунанда иборат ме- бошад.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» аз 28 декабри соли 2005, №133 андозаи (ҳиссаи) иштироки бонки хориҷӣ дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда шуд.

Марҳилаҳои ислоҳоти низоми бонкии Ҷумҳурии

Тоҷикистон

Аз давраи ба даст овардани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон яъне соли 1991 то ба имрӯз метавон ислоҳоти низоми бонкиро ба чанд марҳила чудо намуд.

Марҳилаи яку ми ислоҳоти бонкӣ солҳои 1991-1995 (то ислоҳоти пулӣ)-ро дар бар мегирад. Барой ин бояд гуфт, ки дар давраи солҳои 1991 то 1993 дар Тоҷикистон бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ ягон тағйироту ислоҳот ба чашм нарасид ва таи солҳои 1993 — 1994 Бонки миллии Тоҷикистон ягон фишанги сиёсати пулию қарзии ҷумҳуриро истифода набурд на муомилоти пулй ба танзим дароварда нашуд.

То соли 1993 дар муомилот рубли Шӯравй истифода мешуд ва аз 1 январи 2004 пули нақцинаи Федератсияи Русия гардиш мехӯрд, ҷумҳурй мусгақилан ба воридшавии зонаи пулӣ қобилият надошт.

Дар ин давра ба сабаби мавҷуд набудани низоми му- каммалу мустақили бонқцорию молиявӣ сатҳи таваррум хело ҳам баланд шуда буд. Масалан, агар дар соли 1995 сатҳи таваррум 38,9 фоизро ташкил медод, дар соли 1992 он ба 67,7 фоиз баробар буд. Ба асари ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти кишвар зиёда аз 7 млд. Долл. ИМА (3,3 маро- тиба зиёдтар аз ММД-и кишвар барои соли 2004) заррари моддӣ расонда шуд.

Бинобарин, таи ин солҳо имконияти ташкили низоми бонкии Тоҷикистон ба миён омад ва нишонаи аввалини он ба муомилот ворид сохтани аввалин пули миллӣ — рубли тоҷикӣмебошад. Ин омил ба Бонки миллии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки сиёсати арзиву қарзӣ ва пеъории ҷумҳуриро тартиб дода мавриди истифода қарор диҳад.

Гузариш ба арзи миллӣ барои Бонки миллӣ давраи душворро ба миён овард, зеро тамоми маблағҳои шахсони қуқуқию воқеӣ ҷамъоварӣ шуда, аз нав ҳисоб шуда, мувофиқи қурби муайян шуда пешниҳод мегардиданд.

Натиҷаи марҳилаи якуми ислоҳоти низоми бонкӣ дар гишкили низоми ду зинагӣ ва пайдошавии аввалин бонкҳои I иҷоратй мушоҳида гардид.

4 январи соли 1994 аз тарафи Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаларави Ҷумҳурӣ ба муомилот пули коғазӣ ва тангаҳои барориши соли 1993-уми Бонки Русия фармон қабул карда шуда аз соли 1994 он эътироф карда шуд.

Агар дар соли 1992 дар кишвар ҳамагӣ 8 бонкҳои шҷоратӣ вуҷуд дошта буданд, дар соли 1995 шумораи онҳо Он 11 адад расид.

Марҳилаи дуюми ислоҳоти бонкиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон таи солҳои 1996 — 2000 номид.

Дар раванди ин солҳо чунин воқеаҳову чорабиниҳо ба вӯқӯъ пайвастанд:

ҷалб намудани сармоягузориҳо барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар ҳаҷми васеъ;

гузаронидани якумин музояда дар моҳи декабри соли 1997 (ва аз соли 1998 cap карда музоядаҳои моҳона гузаронида мешуданд);

якумин эмиссияи (дар охири соли 1998) векселҳои дав- латй ба муомилот;

қабули қонунгузориҳои бонкӣ ва ғайраҳо. мукаммалгардонии базаи ҳуқуқӣ дар низоми бонкӣ; мусгаҳкам гардонии назорати бонкӣ.

Аҳамияти асосии ин давра ба муомилот ворид гарди- дани асъори миллӣ бо номи сомонӣ (октябри 2000) аст.

ҷорӣ гардидани ҳисоботҳо дар асоси стандарта байнал- миллалй;

30-юми октябри 2000 ба муомилот ворид гардидани асъори миллӣ бо номи сомонӣ;

Давра ба давра болоравии Маҷмӯи Маҳсулота Миллӣ (МММ).

Давраи муҳимро дар ин марҳила қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» ташкил медиҳад, ки 23 майи 1998 қабул гардид ва барои ташкили бонкҳои тиҷоратӣ асоси ҳуқуқӣ ва заминаи мус- таҳкам гардид.

Марҳилаи сеюми ислоҳоти бонкиро солҳои 2001-2005 дар бар мегиранд ки чунин натиҷаҳоро ба мо фароҳам овард: инкишофи баланди МММ (дар як сол 2,2 то 2,6%); паст гардидани сатҳи беқурбшавии пул; таъмини қобилияти харидории асъори миллй; ташкил ва инкишофи ташкилотҳои молиявии ғайри- боикй; афзудани ҳаҷми хизматрасониҳои бонкй ва беҳтар гардонии сифати онҳо;

инкишофи фаъолияти бонкй дар асоси дастгирии фаъолияти соҳибкории хурду миёна;

ҷорй гардонидани технологияи пешқадам, аз ҷумла кортҳои пластикй:

қабули сиёсати нави мӯътадилгардонии раванди сармоягузориҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ғайраҳо.

Дар соли 2005 назар ба соли 2002 воридоти пули шаҳр- вандон 8,5 маротиба, содирот-27,6 маротиба ва бақия — қариб 5 маротиба зиёд шуд. Дар ин марҳила қарори Маҷ- лиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Дурнамои самтҳои асосии сиёсати пулию қарзй ва асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар солҳои 2000-2005-ум қабул шуд.

Ба ин давра рушди иқтисодиёт, сатҳи мӯътадили нишон- диҳандаҳои макроиқтисодӣ, паст гардидани сатҳи камби- зоатй ва таҳкими низоми бонкии мамлакат таълуқ дошт.

Марҳилаи чорӯм тайи солҳои 2006 — 2010-ро дар бар мегирад.

Дар ин давра сатҳи таваррум аз 5,1 фоизи соли 2005 дар соли 2007 ба 19.7 фоиз расид, ки сабаби ин аз баланд шудани нархи маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ иборат буд.

Қурби пули миллӣ дар ин давра нисбати дигар асъорҳои хориҷӣ раванди пастшавиро дошт ва беқурб шуд, ки сабаби асосии он касри манфии тавозуни савдои хориҷӣ буд.

Дар низоми бонкӣ дар ин давра шумораи бонкҳо 1 адад, ТМХ 16 адад, ТКХ 5 адад ва ФҚХ 8 адад зиёд шуданд, ҳаҷми умумии амонатҳои ҷалбшуда аз 539,1 млн. сомонии соли 2005 дар соли 2007 ба 2397,6 млн. сомонӣ, маблағ- i-узориҳои қарзӣ мутаносубан 1286,3 млн сомонӣ ва 3977,2 млн. сомониро ташкил доданд.

Агар дар соли 2005 аз ҷониби бонкҳо 4798 адад кортҳои пластики баровардашуда, 27 адад банкоматҳо васл карда шуда бошанд, дар солҳои 2006 ва 2007 ин намудҳои хизмат- расониҳо мутаносибан ба 13675 ва 36872 адад расиданд.

Ба мақсади иҷроиши ин ва амсоли ин гуна масъалаҳо дар инкишофи низоми молиявӣ базаи ҳуқуқӣ мустаҳкам гардид, яъне қонуну санадҳои нави ҳуқуқӣ таҳия гардиданд.

Аз он ҷумла дар соли 2006 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи коғазҳои қиматнок» аз нав таҳия карда шуданд.

Дар ин давра ба мақсади дурусттар ба роҳ мондани сиёсати қатъии пулию қарзӣ аз тарафи Раёсати бонки миллии Тоҷикистон Кумитаи сиёсати пулию қарзӣ ва гурӯҳи корй оид ба сиёсати пулию қарзӣ таъсис дода шуд, ки дар ҷаласаи он намояндаи доимии Хазинаи Байналмиллалии асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Вазорати молия ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иш- тирок меварзанд. Дар Ҷаласа масъалаҳои пулию молиявй, тавозуни бонкҳо ва ташкилотҳои қарзй, нишондиҳандаҳои макроиқтисодй ва бисёр дигар масъалаҳо дида баромада шуданд.

Дар ин давра сатҳи меъёри боз тамвил аз 12 фоиз то 10 фоиз паст карда шуда, меъёри захираҳои ҳатмй аз рӯи амонатҳо бо асъори миллӣ 7,0 фоиз ва аз рӯи амонатҳо бо асъори хориҷӣ 9,0 фоиз муқаррар карда шуданд. Танҳо дар соли 2010 шумораи ташкилотҳои қарзӣ назар ба соли 2008 ба 26 адад ва шӯъбаҳои бонкҳо ба 170 адад зиёд шуданд. Дар соли 2009 нисбати соли 2008 таваррум 19,2 фоиз кам шуда 6,1 фоизро ташкил дод. Дар ин давра ҳаҷми бақияи умумии амонатҳо 12,4 фоиз, қарзҳои низоми бонкӣ 19,8 фоиз зиёд шуданд.

Дар соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» ва чандин Низомномаю Дастурамалҳои Бонки миллии Тоҷикистон аз нав таҳия карда шуданд. Соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» дар таҳияи нав қабул гардид. Ба мақсади дастгирии минбадаи низоми бонкӣ аз тарафи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки миллӣ супориш дода шуд, ки фоизи қарзҳои ба бонкҳо додашавандаро аз 12 ба 10 фоиз ва меъёри захираҳои ҳатмиро аз 10 ба 8 фоиз кам намоянд. Тайи панҷ соли охир ҳаҷми ҳамаи пасандозҳо беш аз 32 баробар зиёд гардида, дар охири соли 2010 маблағи 3,3 миллиард сомонӣ, аз ҷумла пасандозҳои аҳолӣ 1,5 миллиард сомониро ташкил карданд

Дигар масъалаи ҳалталаб дар ин радиф, ҷустуҷӯи сарчашмаҳои иловагии захираҳои сармоягузорй аст. Пеш- ниҳоди захираҳои қарзӣ ба иқтисодиёти давлат ба ташкили ширкатҳои байналмиллалии суғуртагузор тақвият бахшида, ҳалли як қатор масъалаҳои инвеститсиониро ба зима ме- гирад. Тамоюли дигари инкишофи низоми бонкӣ дар ҷумҳурӣ аз таъмини муътадил ва молиягузории кифоя ба бонкҳои тиҷоратии амалкунанда вобаста буда, ҳамчунин зиёдгардонии сатҳи сармояи бонк ва сифати он, васеъ- гардонии хизматрасонӣ оиди ҷамъоварӣ ва ҷо ба ҷо гузории амонатҳо аз омилҳое мебошанд, ки фаъолияти бонкҳои тиҷоратии амалкунандаро мукаммал мегардонанд.

Вобаста ба ин гуфтаҳо, Бонки миллии Тоҷикистон якҷоя бо дигар мақомоти дахлдор бояд аз паи тартибу ташкили як қатор қонунгузориҳои мутобиқ ба замону маконро омода созад, алалхусус дар бахши ташкилотҳои қарзии ғайри- бонкй.

Масъалаи фаъолона ҷалб намудани ташкилотҳои мо- лиявии ғайрибонкй ва инкишофи онҳо дар ҷумҳурӣ ба инкишофи муносибатҳои миёнаравй, васеъшавии соҳаи маблағгузорӣ, қонеъ гардонии талаботҳои аҳолӣ ва ғайраҳо оварда мерасонад. Бо мақсади дар оянда гузаигган ба ислоҳоти низоми бонкй моро зарур аст, ки ба ҳалли чунин масъалаҳо диққати асосй диҳем:

мубадалгардонии бонкҳои тиҷоратй ба иштирокчии фаъоли раванди сармоягузорй, шарики ҳақиқии субъектҳои хоҷагидорй аз ҷумла дар соҳаи соҳибкории хурду миёна, хоҷагиҳои деҳқониву фермерй;

вобаста ба талаботу дархости бозор таъмини сифатан беҳтари хизматрасониҳои бонкй;

мустаҳкам ва мукаммал гардонии манбаи захиравй ва сармояи бонкҳои тиҷоратй дар асоси ҷалб намудани манбаъҳои озоди саҳомону аҳолй, шахсони ҳуқуқй ва ха мчу нин сармоягузорони хориҷй;

дастгирии молиявии ташкилотҳои ғайридавлатй бо мақсади ташкили ҷойҳои нави корй, таъмини бозор бо молҳои ватанй ва зиёд намудани ҳаҷми молҳои содиротй;

тақвият бахшидан ба ҷараёни хусусигардонии амволи давлатй, мустаҳкам гардонидани идораи корпаративии соҳаи бонкдорй ва нақши саҳмдорони ватанй дар идора намудани бонкҳои тиҷоратй.

Қисмати муҳими инкишофи низоми бонкй дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мукаммал гардонии менеҷменти бонкй ва тарзи бозомӯзй намудани мутахассисони соҳаи бонкдорй мебошад.

Ҳамин тавр, низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағийротҳои ҷиддиро аз cap гузаронида аз зинаи ягонаи идораи бонкй ба низоми дузинагии бонкдорй гузашта, давра ба давра сифати хизматрасониҳоро беҳтар месозад.Вақтҳои охир аксарияти бонкҳои тиҷоратй ба талаботҳои стандарти байналхалқии хизматрасонй ҷавобгӯй мебошанд.

888
Нет комментариев. Ваш будет первым!