ФАЙЛҲО ВА ПАПКАҲО

Related Articles

Бо мафҳумҳои файлҳо ва каталогҳо мо аз системаи оператсионии MS DOS шинос ҳастем. Ҳамчунин ба мо маълум аст, ки файлҳо ва каталогҳо дар дискҳо ҷойгир карда мешаванд. Мафҳумҳои файл ва каталогро дар системаи Windowsбештар ҳуҷҷат ва

папка ном мебаранд. Аниқтараш, ба ҳуҷҷатҳо файлҳои матнӣ, графикӣ, мусиқӣ, садоӣ, тасвири видеоӣ ва ба инҳо монанд дохил мешаванд. Ин гуна файлҳо бо ёрии программаҳое сохта мешаванд, ки онҳоро программа-

таҳриргарҳо меноманд. Масалан, ҳуҷҷатҳои матнӣ бо ёрии таҳриргарҳои матнӣ (ба мисли Лексикон, Microsoft Word) сохта мешаванд. Ҳуҷҷатҳои графикӣ бошанд, бо ёрии таҳриргарони гарфикӣ (масалан, Paint) сохта мешаванд.

Файлҳое, ки матни программаҳоро дар бар гирифтаанд, файлҳоипрограммавӣ ё худ программа номида мешаванд. Ин гуна файлҳо одатан бо ёрии ягон забони алгоритмӣ сохта мешаванд. Ба ғайр аз ин, боз файлҳое мавҷуданд, ки онҳо ахбороти махсусро дар бар мегиранд. Масалан, файлҳои ҳуруфӣ номидашаванда, ягон намуд ҳуруфро дар бар мегиранд.

Ҳамин тариқ, дар системаи Windows мафҳумҳои нави аз MS DOS фарқкунанда – папка, ҳуҷҷат, программатаҳриргар, файлҳои ҳуруфӣ ва ғайра истифода бурда мешаванд. Фарқияти дигари системаи оператсионии Windows аз системаи MS DOS аз он иборат аст, ки дар MS DOS қисми асосии номи файлҳо аз 8 аломат зиёд шуда наметавонист, вале дар Windows бошад, онҳо то 255 аломатро дар бар гирифта метавонанд. Ба сифати символҳои номҳо на танҳо ҳарфҳои алифбои лотинӣ, балки ҳарфҳои калону хурди алифбои русӣ ва баъзе символҳои махсусу рақамҳоро низ истифода бурдан мумкин аст. Қисми иловагии номи файлҳо чун дар MS DOS то се аломатро дар бар гирифта метавонад.

Хотиррасон менамоем, ки файл – ин ягон соҳаи номдори диск аст, ки дар он ягон миқдори информатсия сабт ёфтааст.

Папкаҳо бошанд, барои ба танзим овардани файлҳо истифода бурда мешаванд. Папкаҳо низ ба мисли файлҳо номгузорӣ карда мешаванд, вале онҳо дар номашон қисми иловагӣ надоранд. Папкаҳои Windows, дар навбати худ, метавонанд боз зерпапкаҳоро дар бар гиранд.

Тарзи нигоҳдории файлҳоро дар дискҳои компютер системаифайлӣ мегӯянд. Файлҳо одатан дар дохили ягон папка нигоҳ дошта мешаванд. Папка дар навбати худ метавонад объекти ягон папкаи дигар бошад ё дигар папкаро дар бар гирифта бошад. Тарзи ҷойгиршавии папкаҳоро дар дохили ҳамдигар иерархияи папкаҳо мегӯянд. Сохтори иерархии нигоҳдории файлу папкаҳоро дар дискҳо бошад, сохторифайлӣ ном мебаранд. Ба мисли MS DOS дар Windows низ воситаҳои пуриқтидори идоракунии сохтори файлӣ мавҷуд аст. Амалиёти асосие, ки бо сохтори файлӣ мегузаронанд, инҳоянд:

  • азназаргузаронии (навигатсия) сохтори файлӣ;
  • бакордарории программаҳо ва кушодани ҳуҷҷатҳо;
  • сохтани папкаҳо;
  • нусхабардории файлу папкаҳо;
  • ҷойивазкунии файлу папкаҳо;
  • несткунии файлу папкаҳо;
  • номивазкунии файлу папкаҳо.

Гарчанде файлу каталогҳои DOS ва ҳуҷҷату папкаҳои Windows мазмунан як чиз бошанд ҳам, вале технологияи коркарди онҳо аз ҳамдигар фарқи ҷиддӣ доранд. Дар Windows ҳар гуна амалиёт хеле оддӣ иҷро карда мешавад, ки бо онҳо дар мавзӯъҳои оянда шинос хоҳем шуд.

441
Нет комментариев. Ваш будет первым!