БАТАРТИБОРӢ ВА ИНЪИКОСИ НИШОНАҲОИ РАВЗАНА

Related Articles

Дар Мизи кории Windows ва равзанаҳои папкаҳои система нишонаҳои объектҳоро бо тарзҳои гуногун ба танзим меоранд. Асосан чор усули батартибории нишонаҳои объектҳои системаро дар равзанаҳо истифода мебаранд: аз рӯи ном, аз рӯи тип (намуд), аз рӯи андоза ва аз рӯи вақти сохта шуданашон.

ИзображениеБарои иҷрои ама-ли батартибории нишо-наҳо аз командаи менюи равзана ВидУпорядочить значки

(НамудБатартибории

нишонаҳо) истифода мебаранд. Айнан ҳамин амалро бо ёрии пахши тугмаи рости муш низ иҷро кардан мумкин аст. Барои ин, нишондиҳандаи

мушро дар ягон ҷои холии дилхоҳи равзана гузошта тугмаи росташро пахш мекунем. Дар натиҷа, дар экран равзанаи робитавие пайдо мегардад, ки дар он усулҳои батартибории нишонаҳо пешбинӣ карда шудаанд. Барои амалӣ гардидани яке аз ин усулҳо кифоя аст, ки нишондиҳандаи муш ба номи усул гузошта шавад ва тугмаи чапи муш пахш карда шавад.

Ҳангоми интихоби усули батартиборӣ аз рӯи ном, нишонаҳо дар равзана аз рӯи алифбо (аз A то Z ё аз А то Я) ҷо ба ҷо карда мешаванд. Дар ин ҷо ном гуфта, аслан қисми асосии номи файлҳои ба нишонаҳо вобастаро дар назар доранд. Агар номи файлҳо бо символҳои махсус ва рақамҳо сар шаванд, он гоҳ аввал чунин номҳо ва баъд номҳое, ки бо ҳарфҳои алифбоҳои лотинӣ ва русӣ сохта шудаанд, ба тартиб оварда мешаванд.

Дар вақти интихоби усули батартиборӣ аз рӯи тип бошад, нишонаҳо дар равзана аз рӯи алифбо мувофиқи қисми иловагии номашон ҷо ба ҷо гузошта мешаванд.

Ҳангоми ҷобаҷокунии нишонаҳо аз рӯи андозаи объектҳои ба онҳо мувофиқ, аввал объектҳои ҳаҷман хурд ва баъд объектҳои ҳаҷман калон дар равзана ҷойгир карда мешаванд. Аз ин усул асосан пеш аз гузаронидани амалиёти хидматӣ (масалан, холикунии қисми ҳаҷми диски винчестер ё дискетҳо аз файлҳои нисбатан калонҳаҷм) истифода мебаранд.

Ҳангоми истифодабарии усули чоруми батартибории нишонаҳо, дар равзана аввал нишонаҳои объектҳои нав сохташуда ва баъд нишонаҳои объектҳои пеш сохташуда ҷо ба ҷо карда мешаванд. Ин усул барои кофтукови файлҳои наву кӯҳна хеле қулай аст.

Нишонаҳои объектҳоро дар равзана бо усули кӯчониш низ ба тартиб овардан мумкин аст. Барои ин лозим аст, ки нишона интихоб карда шавад ва бо пахши тугмаи чапи муш ба ҷои дилхоҳи равзана гузошта шавад.

Аз банди Вид (Намуд)-и менюи равзана истифода бурда, нишонаҳои объектҳои равзанаро дар экран бо чор усул инъикос кардан мумкин аст:

  • дар шакли Нишонаҳои ҳаҷман калон (Крупные значки);
  • дар шакли Нишонаҳои ҳаҷман хурд (Мелкие значки);
  • дар шакли Рӯйхати нишонаҳо (Список);
  • дар шакли Таблитсаи нишонаҳо (Таблица).
352
Нет комментариев. Ваш будет первым!